Дар як сатр
» » САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

29-04-2020, 00:36

28 апрели соли 2020 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, раванди корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ноҳияҳои Фархору Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сафари корӣ анҷом дод.

Сарвазир Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Фархор аз кишти зироатҳои кишоварзӣ ва парвариши сабзавотҳои барвақтӣ дар гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Бахтиёр-01» боздид намуданд. Хоҷагии мазкур дорои 8 гектар замин буда, ба кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, картошка, сабзавот машғул мебошад. Ҳамчунин, дар хоҷагӣ дар майдони 0,09 гектар гармхонаи доимоамалкунанда фаъол мебошад. Дар гармхона парвариши бодиринг, помидор ва дигар зироатҳо ба роҳ монда шудааст.

Кишти пахта дар майдони 6 га замин анҷом ёфта, дар 1,5 га гандум, 0,4 га юнучқа, 0,2 картошка кишт шудааст.

Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода, ҳамчунин, аз заминҳои наздиҳавлигии Амиралӣ Исломов, Шарофиддин Бобоев ва хоҷагии деқонии "Навкорам" дар ноҳияи Фархор, инчунин хоҷагии деҳқонии "Мақсудҷон”-и Ҷамоати деҳоти "Чубек”-и ноҳияи Ҳамадонӣ дидан намуданд.

Хоҷагии "Чубек” дорои 5 гектар замин буда, дар 2 гектари он боғи мевадиҳанда бунёд гардидааст. Кишти пахта дар майдони 2 гектар замин ба роҳ монда шуда, айни ҳол коркарди агротехникӣ ва нармкунии байни қаторҳо рафта истодааст. Дар 1 гектар гандум, 0,20 гектар пиёз ва дар қитъаи боқимонда зироатҳои лӯбиёгӣ, помидор, бодиринг ва дигар сабзавот парвариш ёфта истодаанд.

Дар хоҷагии мазкур 10 нафар саҳмдор фаъолият намуда, дар мавсим аз замини хоҷагӣ 2-3 ҳосил мерӯёнанд. Ба қавли роҳбари хоҷагӣ Рустам Қосимов, даромади хоҷагӣ дар як сол 40-50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин хоҷагӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон бо кишоварзон доир ба истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, афзалият додан ба кишти картошка, зарурати захираи маводи озуқа, саҳмгузорӣ дар таъмини бозори истеъмолӣ суҳбат орос-танд.

Сафари корӣ идома дорад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

Арсаи кишоварзӣ

Омили асосии ҳосили фаровон

Арсаи кишоварзӣ

Кишти тирамоҳӣ анҷом ёфт

Арсаи кишоварзӣ
Сафари Сарвазир ба Ҷайҳун

Сафари Сарвазир ба Ҷайҳун

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА