Дар як сатр
» » Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

18-01-2015, 11:51

Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист



Оила паноҳгоҳу роҳати умри ҳар як кас, поягузор ва асоси ҷамъият мебошад. Дар оила шахс тарбия гирифта, меъёрҳои ахлоқиро аз худ мекунад ва ба ҳаёти мустақил омода мегардаду ба камол мерасад. Аз ин лиҳоз, оила бояд дар асоси муҳаббати тарафайн ташкил карда шавад. Аммо…

Ташкили оилаи солим ва интихоби дурусти ҳамсар яке мавзӯъҳои муҳими ҳаётӣ ба шумор меравад. Падару модар бо ҳазор умеду орзу фарзандонро ба воя мерасонанд ва ба онҳо дуои нек медиҳанд, то оила бунёд кунанду хушбахт шаванд. Вале аз чӣ бошад, ки сол то сол ҷудошавии оилаҳо рӯ ба афзоиш аст. Ин суолест, ки тамоми мардуми ҷомеаро ба ташвиш гузоштааст. Мутаассифона, солҳои охир ҷудошавӣ бахусус байни оилаҳои ҷавон зиёд шуда истодааст, ки сабабҳояшон гуногунанд. Надонистани маърифати оиладорӣ, гоҳе бемасъулиятии волидону мудохилаи онҳо, аз ҷумла хушдоманҳо, боиси зиндагии орому осоиштаи худро аз даст додани ҷавонон мешавад. Ҷавонон низ дар ин маврид бегуноҳ нестанд, зеро ба зиндагии оилавӣ омода набудани онҳо, таҳаммулнопазирӣ ва риоя накардани фарҳанги ҳамзистӣ боиси бадбахтии худи онҳо мегардад. Рашки зиёди беасос низ дар байни зану шавҳар оқибати хуб надорад. Сабаби ҳамаи ин нозукиҳои зиндагиро надонистан аст, ки боиси дар як муддати кӯтоҳ аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо мешавад.

Акнун андеша намоед, ки тайи солҳои охир чӣ қадар оилаҳо вайрон шуданд, чӣ қадар ҷавондухтарон бешавҳар ё ба қавле «бева» монданд, чӣ қадар фарзандони бегуноҳ аз падар ё модар зиндаятим монда, дар ҳасрати навозиши падар ё модар ба воя мерасанд.

Тавре аз маълумотҳо бармеояд, дар соли 2014 дар ҳудуди ноҳияи Данғара 86 ҷуфти зану шавҳар расман аз ҳам ҷудо гардидаанд, ки 56 никоҳро суд бурида, дар 30 маврид ақди никоҳ бо аризаи тарафайн бекор карда шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2013-ум 75 мавриди бекор кардани ақди никоҳ сабт шуда буд. Пас, қазоват кунед, агар танҳо дар як ноҳияи кишвар ин шумора чунин калону нигаронкунанда бошад, шояд ҳисобҳои омории ҷумҳурӣ касро ба ҳайрат гузорад.

Ҳамарӯза тариқи телевизиону радио ва дигар ВАО таъкид карда мешавад, ки фарзандони худро барвақт оиладор накунед, монед онҳо хонанд, соҳиби касбу кор шаванд, зеро никоҳи бармаҳал оқибати хуб надорад. Вале баъзе ашхос дидаву дониста фарзандони худро ба «коми оташ» тела медиҳанд. Тариқи наворҳои телевизион ҳамагон шоҳидем, ки баъзе волидон духтарони худро ҳанӯз ба синни никоҳӣ нарасида, ба шавҳар медиҳанд. Ҳол он ки мувофиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон синни никоҳӣ аз 18-солагӣ муқаррар карда шудааст.

Тасаввур кунед, духтаре, ки ҳамагӣ 17-18 сол дораду аз фарҳанги оиладорӣ бехабар аст, ба иҷрои масъулияти ҳамсарӣ, нозукиҳои хонадорӣ тоб оварда наметавонад, зеро бархе духтарон имрӯз ба қавле эрка ҳастанд. Баъди як соли зиндагӣ соҳиби фарзанд мешаванд, аммо онро чӣ хел тарбия мекунанд, ҳол он ки худашон ба тарбия ниёз доранд.

Гурӯҳе бар ин фикранд, ки дар ҷудошавии оилаҳои ҷавон бештар падару модар ва хусуру хушдоман гунаҳкоранд. Хушдоманҳое, ки барои баъзе корҳо келинҳоро таъна мекунанд, дар бисёр ҳолат ноҳаққанд. Онҳо бояд донанд, ки ҳеҷ инсон дар зиндагӣ бехато буда наметавонад. Ҳама одам камбудӣ дорад, келин ҳам фарзанди одам аст, кори ӯ низ бенуқс нест. Вале келини ҷавонро, ки ҳоло роҳу равиши зиндагии оилавиро намедонад, набояд таънаю маломат зад, балки ба ӯ нозукиҳои зиндагиро бояд омӯзонд.

Паҳлӯи дигари ин мушкил он аст, ки як қисми оилаҳои то имрӯз ҷудошуда аз қабл пайванди хешутаборӣ доштанд. Мутаассифона, дар ҷамъияти мо волидоне ҳам ҳастанд, ки ба хотири бегона нашудани молу мулкашон аз хешовандони наздик келин мекунанд, ё ин ки духтарашонро ба пайвандони худ келин медиҳанд. Оқибат ин амали бемасъулиятонаи онҳо боиси бадбахтии ду ҷавон мегардад. Таҷрибаи ҳаётӣ ва пажуҳиши олимони тиб собит кард, ки никоҳи хешутаборӣ дар баъзе маврид боиси тавлиди тифли носолим мешавад. Аз ин боб борҳо гуфтаанду боз мегӯем, вале баъзеҳо то ҳол ин анъанаро идома дода истодаанд.

То ҳол оилаҳое ҳастанд, ки мутобиқи расму ойини бобоӣ амал намуда, ҳангоми тавлиди фарзанд онро бо ягон хеши наздик «гаҳворабахш» мекунанд. Тифлони аз дунё бехабар вақте ба балоғат мерасанд, мефаҳманд, ки тақдирашонро кайҳо падару модар ҳал намудаанд. Волидон бояд фаромӯш накунанд, ки хушбахтии фарзандонашон дар ихтиёран интихоб намудани ҳамсар зоҳир мегардад. Пас, тавре амал намоянд, ки ҷавонон дар интихоби ҳамсари ояндаи худ озод бошанд, зеро ин «савдои умр» аст.

Шахсони рӯзгордида мегӯянд, ки «Зиндагии ширин дар як бахту як саодат аст». Баъзе оилаҳое низ ба назар мерасад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба назар нагирифта, тӯю маъракаҳои худро бодабдаба мегузаронанд. Баъзеашон бо қарзи зиёд ба дигарон тақлид мекунанду, қисм дигарашон аз доштани сарват исрофкориро пеша кардаанд. Ҳол он ки бисёр ятимону барҷомондагоне ҳастанд, ки ба дастгирии чунин ашхос ниёз доранд.

Фаромӯш набояд кард, ки вайроншавии як оила пайомади ногуоре барои тамоми ҷомеа метавонад дошта бошад. Бинобар ин, ҳар фарди ҷомеаро мебояд, ки худро канор нагирифта, барои мустаҳкамию пойдории оилаҳо саҳмгузор бошад.

Лашкари ШАЙДО,
ноҳияи Данғара


Шарҳи хонандагон +
Kaufen Viagra Billig Buy Viagra Without Rx levitra 60 mg Keflex 93 3145 Cialis Purchase Cheap Safe Viagra Generic Dutasteride Internet Visa Cod Without Dr Approval Comprar Viagra Canada cialis Amoxicillin 1000mg Clav K 62.5mg Vipro Lifescience Tadalafil Levitra Flushing Amoxicillin Clavula Comprar Cialis Generico En Espana Contrareembolso viagra online Generique Propecia 2011 Where To Buy Discount Dutasteride clomid online overnight Free Samples Of Cialis Viagra Effets Secondaires Cialis Achat Medicament Generique Cialis viagra prescription Cialis Originale O Generico Amoxicillin Drug Facts For Lyme Disease Propecia Glatze
1 декабр 2016 02:47
Comprare Il Cialis tabletas propecia finasteride Cephalosporin Allergy Amoxicillin Cialis 5 Effets Secondaires Acquisto Viagra Contrassegno Buy Canadian Aspirin best place to buy finasteride Donde Comprar Cialis Online Mail Order Medications From Canada cialis online Que Es El Cialis Y Para Que Sirve Cephalexin Medicina Doxycycline Cheap levitra 60 mg Viagra Cialis Ou Levitra Kamagra Shop 24 Lasix Sale Mexico Prescriptions Hydrocodone cialis online pharmacy Comprar Cialis En Tenerife
7 декабр 2016 01:37
Canadianpharmacy24 Pastillas Cialis Donde Comprarlas finasteride sample On Line Pharmacy For Viagra Keflex Manufacturere Achat En Ligne Misoprostol Cheap Viagra Uk price of levitra in canada Proscar O Propecia Cialis Farmacias Online Levitra Que Hace Cephalexin Prescription Number 1 Month Taking Propecia jelly kamagra paypal Periactin Canada Prezzi Del Viagra Offrir Amoxil Cialis Wirkungseintritt Priligy Dapoxetine Cialis On Sale Online Mastercard strattera Get Discount Fluoxetine With Free Shipping Cialis 5 Mg Quanto Costa In Farmacia Cytotec Livraison Rapide Hydrochlorothiazide Holistic cialis Side Effects Of Amoxicillin 500 Mg Discount Cialis 48430 Donde Comprar Levitra Espana
14 декабр 2016 23:29
Comprar Levitra Online sertralina medicamento Coconut Cipla Tadafil Amoxicillin Resistance Children Tonsillitis Amoxicillin Chlamydia Propecia Pas Cher Rapide prednisone 20mg Buy Cialis Online Mastercard Che Cos E Il Cialis Viagra Vs Kamagra Cialis Miglior Prezzo Online cialis price Le Viagra Marche Vendo Cialis Generico Madrid India Cialis Generic Avodart Cialis E Liquid Feline Amoxicillin Reactions brand levitra for sale online Priligy Fast Shipping Foros Comprar Kamagra Manjishtha Viagra O Cialis Online inderal online uk pharmacy Bulgaria Buy Viagra Acquisto Cialis Pagamento In Contrassegno Side Effects Of Amoxil For Dogs
24 декабр 2016 14:47

Матолиби дигар:

Оила- асоси зиндагӣ

Оила- асоси зиндагӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Бармаҳал хонадор намудани ҷавонон иштибоҳи маҳз аст

Бармаҳал хонадор намудани ҷавонон иштибоҳи маҳз аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Келин ганда ё хушдоман?

Келин ганда ё хушдоман?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният
«Писарам ба занаш меҳрубонӣ кунаду  ман хомӯш шинам?»

«Писарам ба занаш меҳрубонӣ кунаду ман хомӯш шинам?»

Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ