Дар як сатр
» » «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

25-04-2020, 00:24

Тавре ки дар шумораҳои гузашта иттилоъ дода будем, ба ифтихори 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» барои солҳои 2019-2020 эълон гардида буд.

Ҳафтаи гузашта дар пойтахти ватани азизамон - шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор гардида, ғолибонро муайян намуд. Ҳакамон нишондиҳандаҳои намояндагони шаҳри Душанберо сазовори ҷойи аввал ва вилояти Хатлонро соҳиби ҷойи дуюм донистанд. Ғолибон бо туҳфаҳои пешбинигардида сарфароз гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар даври вилоятӣ беш аз 160 ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ширкат варзиданд. Филиали муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” дар шаҳри Бохтар ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии гулҳо "Сайри гули лола” сазовори ҷойи якум дониста шуда, бо дипломи дараҷаи 1 дар соли 2020 сарфароз гардиданд.

А. САФАРЗОДА




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

Фарҳанг ва адабиёт
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» ЯК РУКНИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ АСТ

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» ЯК РУКНИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ АСТ

Ҳаёти иҷтимоӣ
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Кӯлоб.Ҷамъбасти озмуни “Китобхони беҳтарин”

Кӯлоб.Ҷамъбасти озмуни “Китобхони беҳтарин”

Фарҳанг ва адабиёт
«Андалеб-2018» ҷамъбаст шуд

«Андалеб-2018» ҷамъбаст шуд

Фарҳанг ва адабиёт