Дар як сатр
» » МАЙЗАДА ҶАЗО ГИРИФТ

МАЙЗАДА ҶАЗО ГИРИФТ

25-04-2020, 00:24

Бо қарори Суди ноҳияи Восеъ сокини Ҷамоати деҳоти «М. Вайсов» Қиёмиддини Қурбон ба муддати 10 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуд.

Ба гуфти Шарифзода Баҳром, раиси Суди ноҳияи Восеъ, кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Қиёмиддини Қурбон мутобиқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин, содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, бандубаст гардид.

- Қиёмиддини Қурбон ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, дар назди манзили истиқоматиаш ба ҳамсояҳо ва хешу таборон дарафтода, нисбат ба онҳо дашномҳои ғайриинсониро раво мебинад. Дар ин ҳолат, бародараш Тӯйдаков Нуроншо омада, ӯро ором карданӣ мешавад, вале Қиёмиддин дар назди ҳамсояҳо ва хешу таборон ба бародари худ дарафтода, нисбат ба ӯ ва аҳли оилааш дашномҳои қабеҳ гуфта, обрӯй ва шаъну шарафи онҳоро паст задааст, - мегӯяд раисикунандаи мурофиа Шарифзода Баҳром.

Ҳамин тавр, Суди ноҳияи Восеъ ҳуқуқвайронкунанда Қиёмиддини Қурбонро бо моддаи 460 Қодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбати ӯ муҷозот дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 рӯз таъйин кард.

Ҳ. АБДУРАҲИМЗОДА




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАЗОИ МАРДИ ФОСИҚ

Ҳуқуқу амният

ҚОТИЛ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ ШУД

Ҳуқуқу амният

Хабари Маркази матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо
Пушаймонӣ аз рондани мошин дар ҳолати мастӣ

Пушаймонӣ аз рондани мошин дар ҳолати мастӣ

Ҳуқуқу амният

Зӯроварӣ дар оила ҷавобгарӣ дорад

Хабарҳо