Дар як сатр
» » Ҷойи ў дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст

Ҷойи ў дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст

15-11-2017, 09:16

Ҷойи ў дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст

Инсон муъҷизаи муъҷизаҳост. Ў бо шоҳкориҳои беназираш бо ақлу донишу хирадмандияш, накукорию ободгарияш ба олам ҳусну таровати тоза мебахшад.
М. Пришвиӣ ба ҳамин маъно фармудааст: “Ҳама чизи зебои олам аз офтоб аст ва ҳама чизи некуи олам аз инсон”. Бале, умри инсон аз ҳама чизи дунё арзишмандтарин аст, зеро онро харидану фурўхтан нашояд.


Чӣ илоҷ, рўзҳо шабу шабҳо рўз шуда, ба ҳамин минвол ҳафтаҳо, моҳҳо, солҳо чун турнаҳо ноаён гузашта, мўйҳои сари инсонҳо торҳои сафедӣ пайдо намуда, шасти зиндагӣ камтар мешавад. Дар ҳама ҳолат ҳам, майдони зиндагонии инсонҳо васеву осмони орзўҳошон беҳудуд аст. Бешак, ҳамин дунёи орзую ормонҳо ба одамизод неру бахшида, меҳру муҳаббати ўро ба ҳаёт гармтар месозад. Ў ҳам бори орзуҳо бар дўш равона буд, бо роҳи зиндагии ширину дилнавоз. Вале, афсус...

Ҳар нафас дар гардиши вақт қимат будааст. Вақти гулчини боғи орзуҳо субҳи умед нодамида мемонад. Ҳама ҳамдарду дамсози ин марди шариф буданд. Акаи Нуриддин ҳамчун некмарди боирода ва озода дасти уфтодагон, эҳтиёҷмандон, камбизоатон, пирони солхўрдаро мегирифт. Зеро ба андешаи ў, қадри тани сиҳатро бемор медонад. Нангу номуси меҳандорӣ дошт ў.
Ҷон равад боке не, номус наравад.

Дар бағали кўҳи наздикии деҳаи Тутбулоқ шодравон марди олиҳиммату накукор Тоҷиддин Қодиров дар майдони чор гектар боғи себ бунёд карда буд. Себзор ба ҳосил даромада, аҷаб манзараҳои гуворое дошт. Аз тобиши нурҳои зарҳалини офтоби ҷаҳонтоб нихолҳои ғарқи ҳосили себҳои сурху сафеду зард ҷило медод. Аз серҳосилӣ навдаҳои ниҳолон хам зада, ба кўҳистон, ки харсангҳои азимаш асрҳо дар пояи кўҳ “хобида” буд, ҳусни тоза мебахшид. Тамошои зинабоғи хушманзар ба акаи Нуриддин писанд омад ва ба шодравон Тоҷиддин Қодиров бо фараҳмандӣ гуфт:

-Офарин, Тоҷиддин! Ин боғ не, биҳишт, басо заҳмат кашида, сангистонро ба боғистон табдил додаед. Беҳуда намегўянд : “Аз мард боғу роғ, аз номард дарду доғ.” Ин боғ чанд насли инсонро мехўронаду мепўшонад. Асрори боғпарвариро ба фарзандону набераҳоят ёд диҳӣ, номбардори содиқат мешаванд.

Инсонҳо ба инсонҳо дар рўи замин бо якдигар бояд ҳамдаму ҳамнафасу мададгор бошанд. Рўзҳое мешавад одамонро олами некӣ фаро мегирад, ҳамчунин рўзҳои бад ҳам ҳастанд мегўянд: “Ҳар чи ояд бар сари фарзанди одам бигзарад”. Дар ин ҳол танҳо оқилон фархундагӣ бар пиру барно оваранд.

Бармаҳал, хеле бармаҳал, пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ дар деҳаи Корез дар як маъракае Ҳусейн ном марде бо шодмонӣ ба ҳамсуҳбатонаш нақли аҷоибе мекард:
-Умр корвони гузарост,-мегуфт бобои Ҳусейн. Одамон онро хушу гуворо бояд гузаронанд. Зиндагӣ зиндагӣ аст, бе дастгириву мадади якдигар намешавад. Рўзе аз ноҳия пои пиёда ба хона меомадам. Ба идораи хоҷагӣ наздик шуда дидам, ки акаи Нуриддин аз мошин ғўзапоя фароварда истодааст, гуфтам:
-Бародар, аз хона буйи нони гарм омада истодааст. Аҷаб буйи хуш, ҳаволатбахш, буйи зинадагӣ...

-Биё, ба хона дароед, Ҳусейнбой, нони гарм мешавад,- таклиф кард маро Нуриддин.

- Фаҳмидам, Ҳусейнбой. Боқи-мондаи ғўзапоя аз они шумо. Биёед, ба кабинаи мошин шинед!

-Ҳазл кардам, бародар, ғўзапояатон ба худатон насиб кунад,-посух додам ба ў.

-Гапам якто. Ба шумо бахшидам, гирифта баред! Не гўед , хафа мешавам,- бо қатъият гуфт Нуриддин.

Ин меҳрубонии ў боиси хушҳолии хонадони мо гашт... Шукри замона меҳру муҳаббати одамон ба якдигар афзоиш ёфтааст. Дар куҷое хонда будам,ки чунин буд:

Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас,
Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ.


Акаи Нуриддин инсони муъҷизакорест, ки дар ниҳодаш тухми накуӣ парварида, ба мардум саодату шодӣ ҳадя мекард. Аз қадами одами нек ҳар ҷо мавҷи гул мерўяд. Ў силсилаи боғҳо бунёд кард, ки он меваҳои ширин медиҳад. Давлат шоҳсутуни иморати бузург аст, ки онро фарзандони фидоии ватан ободу дилрабо, хуштарҳу хушсимо мекунанд. Бо кўшишҳои ин марди хастанопазир ҳаёт фархундаву гуворо ва як гўшаи ватан гулбоғи муаттару шаҳдбор гардид.
Замин муқаддасу рўзирасон аст. Тавре ки инсон ба меҳрубонию ғамхорӣ ниёз дорад, замин ҳам муносибати ғамхоронаро мехоҳад. Лаззати зиндагонӣ дар меҳнати ҳалол аст. Танҳо аз меҳнати шуҷоатмандонаю диловарона хонадонҳо шодмону шодрўзу шодкоманд.

Гармию сардӣ, шодкомию талхкомии рўзғор ақлу донишро мукаммал мегардонад. Акаи Нуриддин аз имтиҳони зиндагӣ бо ҷаҳду ҷадалҳо, кўшишҳои бардавом бо сарбаландӣ гузашта, дарси ҳаёт омўхта, дар ин ҷода таҷрибаи беҳамто ҳосил карда буд.

Дўстдори рангоранги хушбўйи дарахтони мевадор буд акаи Нуриддин. Дар деҳаи Маликова даҳ гектар боғ бунёд кард, ки ба ҳосил даромада ком ширин мекунад. Боғи деҳаи Тутбулоқ ҳам аҷаб дилнавозу зебост. Ба ҳар як ниҳоли ғарқи ҳосили боғҳо андешамандона менигарад. Тамошои боғ ба одам як олам фараҳмандӣ бахшида, ҷойи ғамро шодӣ, ҷойи ноумедиро умедворӣ мегардонад. Шабнами пагоҳии болои себҳои сурху сафеду зард аз нурҳои офтоб дурахшида, чашм мерабоянд. Боғдорӣ корест, ки инсон бо он камол меёбад. Озодмардон таъбиру маҳфумҳои виҷдон ва номус, шодӣ ва ғазаб, чаҳ-чаҳи булбул ва чир-чири гунҷишконро дуруст дарк карда, баҳри ҳаёти ҷовидона шоҳкориҳо ба сомон мерасонанд. Ба қавли шоир:

Ба дарё афту бо мавҷаш даромез,
Ки умри ҷовидон андар ситез аст.


Ҳар касе ин боғҳои дилраборо бинад ва аз наздаш гузарад, бо меҳру вафо ва сидқу сафо бунёдгузорашро ёд мекунад. Зеро некӣ ҷовидонист! Аҷибаш он аст, ки дар фасли хазонрез баргҳои дарахтон хазон шуда мерезанд. Баҳори оянда бошад, дарахт сершоху навда шуда, реша давонда, баргҳои сабз ва нав сабзида, бештару беҳтар ҳосили хушсифат мебанданд. Ҳар инсон ҳам дар зиндагӣ ҷойи худ ва дарахти худро дорад. Дарахти одамони некукор серҳосилу дарозумр мешавад.

Шабе акаи Нуриддин хоб дид, ки дар осмони ситоразор сайр доранд. Ситораҳои калону хурд, зебою дурахшон бешуморанд. Ситораҳо ба якдигар чашмак зада роз мегуфтанд. Ваҳ, аҷаб зебост дунёи беохири ситораҳои дар само . Тамошояш ба дилҳо шодкомӣ меоварад. Беихтиёр ҳикояти пирони деҳ дар лавҳаи хотираш зинда гашт: “Писарам, ҳар инсон ситораи худро дорад. Ситораи одамони бузург, хирадманд, донишманд, диловар ва хайрхоҳ калону дурахшон мешавад. Одамони дигар ба қадри ҳиммату ғайраташон дар ҳаёт, дар осмон ситора доранд. Вақте ки одамон дунёро падруд мегўянд, ситораашон аз осмон канда мешавад...”

Ситораи азимҷуссаи нуроние аз байни ситораҳо канда шуда, тирвор нопадид шуд. Ин ҳолат давлати шодии акаи Нуриддинро ба ғорат дод. Бемадорона аз хоб бедор гашт. “Хайрият хоб будааст-е!”-парешонхотирона гуфт акаи Нуриддин. Вале пас аз чанд рўз аз Ҷумҳурии Украина хабари нохуш омад. Бародараш- Файзиддин вақти адои хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Украина ҳалок шудааст. Ҳикояти пирамард дар бораи ситораҳо рост баромад. Ситораҳо баробар чашмак зада, бесадо ба якдигар роз мегўянд. Вале акаи Нуриддин дар байни онҳо ситораи калону дурахшони бародарашро дигар надид. Аз Тоҷикистони азиз мушти хоке ба Украина бурда, дар сари қабри бародараш рехт то бўйи ватанро эҳсос карда, осуда бихобад.

Акаи Нуриддин шаъну шараф, нангу номус, рўйсурхию сарбаландиро аз пастӣ не, аз баландӣ меҷуст. Одамоне, ки дар бораи имрўзу фардои халқу миллат андеша меронанд, мехоҳанд бо ҷаҳду талошҳои бардавом қуллаи армонро фатҳ бикунанд. Қуллабароӣ мақсаду мароми одамони мушкилнописанд аст. Ин бузургмард, ки қалбаш аз меҳри халқу меҳан саршори муҳаббат, инсонҳои комилу фаъол, некўкор, доно, бофаросат, накухислат, ҷўянда, соҳибҳунар, ботадбир ва ояндабинро бештар ҳурмату эҳтиром карда, бо онҳо дўстию рафоқат дошт.

Зиндагӣ сабақ медиҳад. Инсон қадру қимати меҳнат ва машаққатро намедонад. Одами ҳақиқӣ то мақсадашро амалӣ накунад, ором намегирад. Ў ба ҳар коре оғоз мекард, аввало, онро бо мизони ақл санҷида, баъдан, боварӣ ҳосил карда аз паяш мешуд.

Солҳои пеш кормандон аз замини ғаллазору пахтазор сангҳоро дар сари замин ҷамъ меоварданд. Акаи Нуриддин ин сангҳоро дар кўчаҳои серчангу хоки деҳаи Корез рехта, роҳро сангфарш мекард, то дар фасли замистон нақлиёт дар обу лой дарнамонад.

Бекмурод, Расул ва Амиршо дўстони ба ҷону дил баробараш буданд. Ҳар се механизатор, ҳар се пешқадам, ҳар се ҳалолу ташаббус-кор. Кору бори Иззат ҳам ба акаи Нуриддин писанд буд. Ўро ҳам барои кори хубаш ситоиш мекард.

Бо хомўшии андешазой Файзиддин Нақшов, ки солҳои тўлонӣ акаи Нуриддинро нағз мешинохт, дар бораи хислатҳояш оромона ва андешамандона ҳарф мезад.

-Инсони беназир, адолатпеша, дилсўзу ғамхори бепарасторону ятимон буд акаи Нуриддин. Ҳамин тавр суҳбат оғоз кард Файзиддин Нақшов. Марди покдил буду бо ҳама дўстӣ дошт, сапедрўзиро меписандид. Олами ҳастӣ бузургтарин хонаест, ки одамон сифатҳои некии худро барои дигарон намоиш медиҳанд.
Акаи Нуриддин бо ҷуръату ҳиммат бори гарони масъулиятро бар дўш гирифта, корҳои азиму дилпазиртарро бо камоли кордонӣ ба ҷо меовард.

- Ба ҳайси рўзноманигор солҳои тўлонӣ бо акаи Нуриддин Раҳмон шиносоӣ доштам. Шоҳиди он гаштаам, ки даҳҳо гектар замини сангзорро чи сон ба боғистон мубаддал намуд, - ироа дошт рўзноманигор Асалмо Сафарова, зимни суҳбат ва илова намуд, ки то чуқурии 2-3 метр сангҳоро аз замин ҷамъоварда, ба ин чуқуриҳо хок илова карда ниҳол мешинонд. Сангҳои ҷамъоварда, атрофи бинои хоҷагӣ мисли қуллаҳои сар ба фалак буданд. Он лаҳзаҳо меандешидам, ки бо ин бузургӣ чаро аз заминҳои нарм не, аз ин сангзорҳо истифода мебарад, акаи Нуриддин. Бо гузашти айём дарк намудам, ки дар вуҷуду хунаш накукорию родмардӣ нишон аз волидайн боқӣ монда, Худованд ин хонаводаро танҳо барои ободию накукорӣ ва бунёдкорӣ офаридааст.

Ба олами абадият, ба роҳи охират Нуриддин Раҳмоновро гуселониданд. Вале дар қалби пайвандон, дўстон, ҳамаи онҳое, ки ўро мешинохтанд, як пораи меҳри инсонии ў боқӣ монд, ки он ҳаргиз фаромўш нахоҳад шуд. Ҷойи акаи Нуриддин дар дида буд, акнун ба дилҳо ҷо гирифт.

Ба қавли шоире:
Ҷаҳон ёдгор асту мо рафтанӣ,
Зи мардум намонд ба ҷуз гуфтанӣ.
Ба номи наку гар бимирем, равост,
Маро ном бояд, ки тан маргрост!


Б. САЙДАЛИЕВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Достони марде, ки чарогоҳро ба боғистон табдил дод

Достони марде, ки чарогоҳро ба боғистон табдил дод

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Иқтисоду тиҷорат, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Двойник Путина»: инсони одӣ, суханонаш олӣ (видео)

«Двойник Путина»: инсони одӣ, суханонаш олӣ (видео)

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Матолиби чандрасонаӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Хушо умре, ки сарфи «раҳмат» шуда!

Хушо умре, ки сарфи «раҳмат» шуда!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Зане, ки 40 нафар гурезаро паноҳ дода буд

Зане, ки 40 нафар гурезаро паноҳ дода буд

Ҳаёти иҷтимоӣ
Дар оянда кӣ шуданӣ ҳастӣ?

Дар оянда кӣ шуданӣ ҳастӣ?

Сиёсат, Номаҳои Шумо