Дар як сатр

ҶАЗОИ САЗОВОР

25-04-2020, 00:23

Суди ноҳияи Кӯшониён сокини деҳаи Обшорони Ҷамоати шаҳраки «Бӯстонқалъа»-и ноҳия Дилбархон Бобоеваро ба муҳлати панҷ сол аз озодӣ маҳрум сохт. Дар ин бора раискунандаи мурофиа Аламшозода Фирдавс иттилоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ, маҳкумшуда дар асоси моддаи 244 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, муҳлати адои ҷазоро дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ сипарӣ хоҳад намуд. Дар ҳамин ҳол, бо дастрасии моддаи 78 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ҳукм нисбати маҳкумшуда Бобоева Дилбархон Абдужаборовна, то ба синни ҳаштсолагӣ расидани фарзанди хурдсолаш- Мирбобоев Иброҳимҷон Қобилҷонович, мавқуф гузошта, назорат ба рафтори Бобоева Дилбархон Абдужаборовна, ба зиммаи ШКИ вилояти Хатлон СРИҶҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шудааст.

– Маҳкумшуда Бобоева Дилбархон давоми солҳои2012 - 2019 дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Мирбабоев Ҷӯрабой ҳамчун келин зиндагонӣ карда, 10-уми декабри соли 2019 бародараш Бобоев Абдурасул ва ҳаммаслакаш Миниқулов Соҳибназарро назди хонаи истиқоматии падарарӯсаш даъват мекунад. Баъдан, Бобоева Дилбархон ҷойи маблағи пулӣ ва ҷавоҳироти соҳибхонаро ба бародар ва ҳаммаслаки ӯ гуфта, худ гирду атрофи хонаро аз назар мегузаронад – хабар дод судяи Суди ноҳияи Кӯшониён Фирдавс Аламшозода.

Ҳамин тавр, Бобоев Абдурасул бо ҳаммаслакаш ба манзили истиқоматии Ҷ. Мирбабоев ворид шуда, аз сандуқи дохили ҳуҷра 53000 сомонӣ, ду адад дастпонаи тиллогин, ду ҷуфт гӯшвора, ду гарданбанд, як ангуштарин ва як ҷуфт гӯшвори нуқрагин, инчунин 130 ҳазор рубли русиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Бо ин амалашон онҳо ба шаҳрванд Мирбабоев Ҷӯрабой ба маблағи 79 ҳазору нуҳсаду сиву чор сомонӣ зарар расонидаанд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАЗО БАРОИ СӮЙИҚАСД БА КӮШТОР

Ҳуқуқу амният

ҶАЗОИ МАРДИ ФОСИҚ

Ҳуқуқу амният

ҚОТИЛ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ ШУД

Ҳуқуқу амният

НАШЪАҶАЛЛОБ ҶАЗОИ САЗОВОР ГИРИФТ

Ҳуқуқу амният
295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад

295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР