Дар як сатр

МУСОВӢ ДАР САФАР

25-04-2020, 00:22

19 апрели соли равон дастаи "Хатлон"- и шаҳри Бохтар дар даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар сафар бо яке аз тими пуриқтидори кишвар "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе рақобат анҷом дод.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи вилояти Хатлон, вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид. Бозии тимҳо ҳарчанд тезу тунд сурат гирифта бошад ҳам, он мусовӣ анҷом ёфт.Тӯби аввалинро ба дарвозаи соҳибони майдон бозингари хатлонӣ Парвиз Бакиахунов ворид намуда, муаллифи тӯби дуюм Умарҷон Шарипов гашт. Муаллифи ду голи мизбонон М. Ҷалилов мебошад. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Умарҷон Шарипов, аз дастаи "Хатлон” дар дақиқаи 80-уми бозӣ ба гирифтани корти сурх аз майдон хориҷ шуда бошад ҳам, вале то охир мизбононро муяссар нагашт, ки ҳисобро дигар кунанд.

Намояндаи дуюми дастаи хатлонӣ дар Лигаи олӣ-"Файзканд"-и ноҳияи Восеъ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо дастаи "Душанбе-83" сабқат намуд. Ин бозӣ низ мусовӣ (0:0) анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ, баъд аз даври сеюми рақобатҳо дастаи "Хатлон" соҳиби 7 имтиёз ва дастаи "Файзканд" соҳиби 5 хол гардиданд.

Ф. УМАРОВ, коромӯзи "Хатлон"



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«ХАТЛОН» ЧЕМПИОНАТИ ИМСОЛАРО БО ҒАЛАБА ОҒОЗ НАМУД

«ХАТЛОН» ЧЕМПИОНАТИ ИМСОЛАРО БО ҒАЛАБА ОҒОЗ НАМУД

Ҷавонон ва варзиш

«МОҲИР»-И ЁВОН БА ЛИГАИ ЯКУМ РОҲХАТ ГИРИФТ

Ҷавонон ва варзиш

Пирӯзии «Хатлон»-у мусовии «Панҷшер»

Хабарҳо
Ғалабаи навбатии «Ҳосилот»

Ғалабаи навбатии «Ҳосилот»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА