Дар як сатр
» » ИЛМ ДАР КӮДАКӢ - НАҚШ ДАР САНГ

ИЛМ ДАР КӮДАКӢ - НАҚШ ДАР САНГ

25-04-2020, 00:22

Нақши китоб ва китобхонаҳо дар тарбия ва камолоти инсон бисёр назаррас буда, мутолиаи каломи бадеъ омили муҳими ташаккул ва рушди ҷомеаи маданӣ ба ҳисоб меравад. Халқи тоҷик бо китобхонадорию офариниши асарҳои оламгир дар ҷаҳон маъруфу машҳур гардидааст.

Олия Қодирова, мудири китобхонаи оммавии ноҳияи Шаҳритуз, китобро тарбиятгари башар арзёбӣ намуда, иброз медорад, ки танҳо ба василаи офаридаҳои ҷолибу муассир, панду андарзҳои тарбиятбахш метавон ҷомеаро ба накукорию иқдомҳои созандагӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии ватан роҳнамоӣ намуд.

Тарбияи инсон, бахусус ҷалби таваҷҷуҳи фарзандон ба мутолиа, на ин ки дар синну соли мактабӣ ва ё овони тарбия дар боғчаи кӯдакон, балки аз айёми тифлӣ бояд оғоз гардад. Таҷрибаи бойи ниёгонамон нишон медиҳад, ки ҳанӯз аз овони омӯзиши баёни аввалин алфоз ва нахустин гомгузориҳояшон тавассути афсонахонию қиссагӯиҳо дар ниҳоди кӯдакон ҳисси меҳру муҳаббат ба китобу китобхонониро бояд бедор кард.

Ба қавли "илм дар кӯдакӣ - нақш дар санг”, мо бо офаридаҳои рангину ҷолиб таваҷҷуҳи кӯдакону наврасонро ба зебоиҳои табиат, ба обу хоки ватани муқаддас равона месозем. Бо дарназардошти нақши китобу тарбияи китобхонӣ дар ташаккули зеҳнияти насли наврас Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: "Китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст”.

Бо назардошти чунин суханони ҳикматбори Сарвари маҳбубамон масъулони соҳаи китобдорӣ дар ноҳияи Шаҳритуз аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурда, кӯшиш намуда истодаанд, ки таваҷҷуҳи сокинони маҳалро ба китобхонаҳо бештар намоянд. Ҳоло дар ноҳияи Шаҳритуз 13 китобхонаи оммавӣ арзи вуҷуд дорад, ки аз ин як китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона ва 11 китобхонаи деҳотӣ мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҷомеа нафарони соҳибмақоме, ки зодаи деҳот мебошанд, кам нестанд. Зиндагии рӯзмарраи мардуми деҳот аз шаҳр фарқкунанда буда, шуғлу истироҳаташон низ куллан бо ҳам шабоҳат надорад. Барои деҳотиён муҳим он аст, ки маҳсулоти полезиаш самар ба бор овараду бо гирифтани ҳосили фаровон зиндагиро беҳбуд бахшад. Маҳз дар ҷараёни корҳои кишоварзӣ ҳар як дӯстдори каломи бадеъ имкони фарох дорад, ки дар фосилаи кораш чанд саҳифаи китоби дӯстдоштаашро мутолиа намояд. Муҳити деҳот бо манзараҳои дилкаш, хоса садои шилдироси оби ҷӯйбору вазиши боди форамаш рӯҳияи шахсро орому осуда нигоҳ медорад. Равоншиносон низ рафъи асабониятро дар сайругашти табиат ва ҳаловат бурдан аз накҳати он тавсия медиҳанд, ки хушбахтона, чунин имконият дар тамоми минтақаҳои дурдасти кишвар баръало мушоҳида мегардад.

- Шояд аз ин ҷост, ки бо мутолиаи китоб дар чунин муҳит аз гузашти вақт инсон бедарак мемонад, - гуфт Ҳисомиддин Муродов, сокини ноҳия Шаҳритуз. - Шуғлам кишоварзӣ аст. Аз дастуру маслиҳатҳои фарҳангдӯстонаи Пешвои муаззами миллатамон бо як ҷаҳон фараҳмандӣ изҳори миннатдорӣ баён мекунам. Барқарор шудани китобхонаҳои маҳаллӣ ормону орзуи деринаи ман буд. Дар овони наврасиам аз чунин махзани маърифат самаранок истифода бурда, робитаи зичи мардуми деҳотро бо китобхонаҳо мушоҳида мекардам. Аммо, бо сабабҳои ба ҳама маълум, ин китобхонаҳо як муддат аз фаъолият бозмонда, ҳеҷ  гумон  надоштам, ки дубора эҳё мешаванд. Ҳозир, ба ҳар хонадони тоҷикистонӣ дастрас шудани ҳадяи арзишманди Пешвои меҳрубонамонро, ки шоҳасари Бобоҷон Ғафуров, китоби "Тоҷикон” аст, интизорам. Ин иқдоми Сарвари маҳбубамон қадами устуворест барои боло бардоштани сатҳи ҷаҳонбиниву маънавиёти ҳамдиёрон, муҳимтар аз он, мо гаштаю баргашта тариқи ин шоҳасар аз таърихи хеш огаҳӣ пайдо менамоем.

Олия Қодирова, мудири китобхонаи марказии ноҳияи Шаҳритуз, бар он назар аст, ки бо гузашти вақт шавқу рағбати табақаҳои гуногуни ҷомеа ба китобхонӣ меафзояд. Ҳамин аст, ки робитаи дӯстдорони каломи бадеъ бо китобхонаҳо тибқи нишондодҳои оморӣ ба маротиб афзудааст. Интизор меравад, то истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи иншооти таъ-йиноташон гуногун китобхонаҳо низ дар деҳотҷойҳо бунёд хоҳанд шуд.

Ҳангомаи ИСМАТ

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КИТОБХОНАҲОИ САРИ ХОСОР

Фарҳанг ва адабиёт

КИТОБХОНА СОҲИБИ «ЧӢ? КАЙ? ДАР КУҶО?» ШУД

Хабарҳо
Китоб кони ганҷ аст

Китоб кони ганҷ аст

Фарҳанг ва адабиёт
Ҳафтаи китоб дар ноҳия

Ҳафтаи китоб дар ноҳия

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД
Беҳсозии кори китобдорӣ

Беҳсозии кори китобдорӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА