Дар як сатр
» » ЁВОН. ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ АВВАЛИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТАРОНАИ ВАҲДАТ»

ЁВОН. ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ АВВАЛИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТАРОНАИ ВАҲДАТ»

24-04-2020, 00:21

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостонии Саразм» эълон гардид. 31 июни соли 2010-ум ёдгории мазкур дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО  ба феҳристи «Мероси фарҳанги умумибашарӣ» ворид карда шуд. Аз ҳамин хотир, тӯли ду сол мешавад, ки бахшида ба 5500- солагии Саразми бостонӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.

Даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс бахшида ба 5500- солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар ноҳияи Ёвон ҷамъбаст шуд. Чорабинӣ, ки ҳадаф аз он арҷ гузоштан ба фарҳанги куҳану пурғановати миллати тоҷик, пос доштани арзишҳои миллӣ ва таърихи қадимаи тоҷик арзёбӣ мегардад.  дар сатҳи баланди касбӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия сурат гирифт.

Фарҳангчиёни ноҳияи Ёвон, ки соли гузашта  дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ ҷойи сеюмро ишғол намуда буданд, имсол тамоми омодагиро дида истодаанд, ки ба гирифтани ҷойи якум комёб гарданд. 

Бояд гуфт, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "Таронаи Ваҳдат” дар ду давр-ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ миёни бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор мегардад. Имрӯзҳо санъаткорони  ансамбли тарона ва рақси ноҳия ҳунару маҳорати худро сайқал дода, шартҳои озмун   рақси якка, таронаи пурмазмуну дилнавоз, бадеҳахонию тарғиби либосҳои миллӣ, суруди фолклорию дойрабазм ва ба ин монанд сабкҳои дигарро бештар машқ карда истодаанд, то ин ки бо барномаи пешниҳод намудаашон  ҳам тамошобинонро хушнуд гардонанд ва ҳам қадаме ба сӯи ғолибият ниҳанд.

 

Фирдавс УМАРОВ, коромӯзи «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАШНВОРАИ «ПАРАСТУ-2019» БА 80-СОЛАГИИ МАҲМУДҶОН ВОҲИДОВ БАХШИДА МЕШАВАД

ҶАШНВОРАИ «ПАРАСТУ-2019» БА 80-СОЛАГИИ МАҲМУДҶОН ВОҲИДОВ БАХШИДА МЕШАВАД

Фарҳанг ва адабиёт
«Андалеб-2018» ҷамъбаст шуд

«Андалеб-2018» ҷамъбаст шуд

Фарҳанг ва адабиёт
Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фарҳанг ва адабиёт
Темурмалик: «Андалеб-2018» оғоз мегардад

Темурмалик: «Андалеб-2018» оғоз мегардад

Фарҳанг ва адабиёт

Озмуни «Андалеб-2018» оғоз меёбад

Хабарҳо