Дар як сатр
» » ОЗМУНИ«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР ДДБ

ОЗМУНИ«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР ДДБ

25-04-2020, 00:19

Дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, даври аввали озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шуда гузашт. Дар он 90 нафар донишҷӯён ва хонандагони гимназияи назди донишгоҳ иштирок намуданд.

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, дар чорабинӣ зикр доштанд, ки мақсад аз баргузор кардани озмун дарёфти истеъдодҳои нав, тақвияти донишу ҷаҳонбинӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ва аҳли ҷомеа ба китобу китобхонӣ мебошад.

- Озмуни мазкур аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии амиқ пайдо намуда, теъдоди иштирокчиён нисбат ба соли гузашта афзудааст. Боварии комил дорам, ки устодону донишҷӯён ва хонандагони гимназияи назди донишгоҳ дар ҳамаи даврҳои озмун фаъолона иштирок намуда, ба ҷойҳои намоён шарафёб мешаванд, - гуфт дар идомаи суханронӣ Давлатзода

Сипас, раиси комиссияи ҳакамон Муродиён Ҳасан Ғуломзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор қайд доштанд, ки ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ташаккули худшиносиву худогоҳии ҳар фарди ҷомеа таъсири амиқ расонида, инсонро ба сӯйи саодату некбахтӣ мебарад.

Бояд, гуфт ки иштирокчиёни озмун имсол хеле зиёд гардида, омодагии онҳо низ беҳтар шудааст. Донишҷӯёни арзанда ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Комрони БАХТИЁР




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

РОҲИ САФЕД, САФЕДА

Чеҳранигорӣ, Фарҳанг ва адабиёт
БЕҲТАРИН ГАНҶ КИТОБ АСТ

БЕҲТАРИН ГАНҶ КИТОБ АСТ

Маориф ва илм, Номаҳои Шумо

2000 СОМОНӢ - МУКОФОТ БА ОМӮЗГОРИ КИТОБХОН

Хабарҳо

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...

Маориф ва илм
Кӯлоб.Ҷамъбасти озмуни “Китобхони беҳтарин”

Кӯлоб.Ҷамъбасти озмуни “Китобхони беҳтарин”

Фарҳанг ва адабиёт