Дар як сатр
» » НОДУРУСТ ИНТИХОБ КАРДАНИ КАСБ: ХАВФ ВА ХАТАРИ ОН

НОДУРУСТ ИНТИХОБ КАРДАНИ КАСБ: ХАВФ ВА ХАТАРИ ОН

24-04-2020, 00:18

Интихоби касб, як қисми асосии зиндагӣ мебошад. Аз он ояндаи  ҳаёти мо вобаста аст. Аммо аз оқибати нохуши оне, ки тамоми ҳаётро бо кори номақбул мегузаронем, ба инобат намегирем. Масалан, духтуре, ки ба  тақдири бемор беаҳамият аст, омӯзгоре, ки касби худро дӯст намедорад ва дарс дода наметавонад. Ба атроф як назар андозед, шумораи онҳо зиёданд. Мушкил аст тамоми ҳаётро бо касби дӯстнадошта гузарондан, зеро на худ хушбахт мешавӣ ва на дигарон. Ҳама чизе, ки бо дили нохоҳам мешавад, оқибат надорад.

Барои ба ин роҳ надодан, мо бояд оқилона ба ин масъала назар андозем. Фаҳмидан ва уҳдадорӣ гирифтани волидайн дар роҳи  интихоби дурусти касби фарзандонро сифати бошуурона бояд ҳисобид.

Волидайн ба фарзанди худ чӣ таманно доранд? Онҳо мехоҳанд, ки монеаҳо дар роҳи фарзандон набошад, аз хатогиҳои хавфнок эмин бошанд ва ба роҳи дуруст раванд. Аслан, маслиҳати волидайн - ин кӯшиши фаҳмонидани таҷриба ва дониши худ ва пешгирӣ аз хавфу хатари зиндагӣ мебошад.

Барои ин ақида ва иродаи мустаҳкамро ба фарзандон, аз хурдӣ ёд додан даркор. Аслан, ҷавонон гуноҳро аз дигарон мебинанд на аз худ. Гӯё дар ноомадиҳо дигарон гунаҳкор. Мо инро дар ҷамъомадҳо бис-ёртар вомехӯрем ва мешунавем.

Ҳангоми суҳбат бо бисёр волидайн онҳо аз набудани ҷойи кори холӣ эътироз мекунанд: " Фарзандам дипломаш зери сар монда, хоб рафтааст” ё "ду диплом дораду кор намеёбад”-мегӯянд. Ҳеҷ фикр намекунанд, шояд ин ҳама аз сабаби дахолат кардани худи онҳо ба касбинтихобкунии фарзандон бошад? Фақат диплом доштан ин маънои корро донистан нест. Агар касбро дӯст надорӣ, ин хел «мутахассис»  ба ягон корфармо даркор нест. Бояд касби ба замона ҷавобгӯро омӯхт ва  аз ҳама муҳимаш  касбро дӯст доштан ва аз ҳама беҳтараш босабру ботамкин будан даркор.

Дар назари инҷониб барои ҳаёти хушбахтона ду роҳи дурустро интихоб кардан лозим. Якум, ташкили дурусти оила ва дуввум, интихоби касб. Мумкин бисёр шахсон ба ин ризо набошанд, аммо асли кор дар ҳамин аст. Чуноне, аз олиме пурсиданд: "Хушбахттарин инсон кист?” Гуфт: "Ҳамон шахсе, ки бо майли хуш пагоҳӣ ба кор меравад ва бегоҳӣ  хуштабъ ба хона меояд”. Яъне бигзор, ҳар фарзанд худаш касбашро интихоб намояд ва хушбахтиашро  ташкил намояд, фардо ба оқибати он худро ҷавобгар ҳисобад.

Ҳоло ҳуҷҷатсупорӣ ба донишкадаву коллеҷҳои ҷумҳурӣ оғоз ёфтааст, яъне ҳаёти мустақилонаи хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар пеш аст. Интихоби дурусти касб, ин хушбахтии ҳаёти ояндаи онҳо мебошад. Дар ҷумҳурии мо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул шудааст, ки дар асоси он ба  ҷавонон аз тарафи мутахассисони ботаҷриба барои интихоби дурусти касб кумакҳои амалӣ мерасонанд. 

Дар охир, ҳаминро хоҳонам, ки бигзор ҳар як фарди Точикистон хушбахт ва осуда бошад ва ҷавонон фаромӯш насозанд, ки ояндасози миллат ва давлатанд!

 

 Ф.Насриддинов,

сармутахассиси шуъбаи машварати касбӣ ва интихоби касб дар вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Талаби ҳақ аз М.Садриддин писарандари дурӯғгӯён

Хабарҳо, Сиёсат
Чаро духтарон ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳ надоранд?

Чаро духтарон ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳ надоранд?

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Карйера хуб аст ё шавҳар?

Карйера хуб аст ё шавҳар?

Ҷавонон ва варзиш, Таҳқиқи журналистӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Ҳаёти иҷтимоӣ
Дар 2015 ба фарзандатон чӣ ном мегузоред?

Дар 2015 ба фарзандатон чӣ ном мегузоред?

Маориф ва илм, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ