Дар як сатр

РЕКОРДИ ГУЛБАҲОР

24-04-2020, 00:13

- Домони хуши модаршӯ на ба ҳар як арӯси хонавода муяссар мешавад…

- На ҳар хушдоман тобу тоқати ҳамзистӣ бо келини беҳунарро дорад…

- Ман метавонам дар як соат то шаш метр шарф бофам…

- Метавонам бо чашмони баста душвортарин нақши гулеро, ки бо ришта рӯйи жемпер ва шолу кулоҳу ҷӯроб оро дода мешавад, дар муддати кӯтоҳ бофам…

Ин ҳарфҳоеанд, ки қаҳрамони матлаби мо - сокини деҳаи Қубодиёни ноҳияи Дӯстӣ Гулбаҳор Кулова бо эҳсоси қаноату боварӣ иброз медорад.

Одатан, вақте арӯсро ба хонаи домод мебаранд, ҳамеша занони рӯзгордида дуо мекунанд: «Илоҳо, ба арӯс ва хушдомани ӯ ситораи умқ диҳад». Гӯё ҳамин ситора насиби Гулбаҳор гардида буд.

Гулбаҳор хеле ҷавон, ҳамагӣ 16 сол дошт, ки ӯро ба шавҳар доданд. Аммо тақдир ба рӯяш хандида буд, зеро хушдоманаш ӯро ҳамчун модар дӯст дошт, раҳнамоӣ кард, ҳама касбу коре, ки худаш метавонист, барояш омӯзонид. Беҳуда нагуфтаанд: «Агар хушдоман аҳл бошад, кор саҳл аст».

Гулбаҳор иқрор мекунад, ки азбаски хеле ҷавон буд, дар рӯзгордорӣ қариб таҷриба надошт ва зуд-зуд ба хатоҳо роҳ медод. Аз чеҳраи маъюсу парешонаш хушдоман мушкилашро пай мебурд ва бо суханони дилпазиру ҳикматомез ба ҳаёт дилгармаш месохт. Ҳамин буд, ки дар як муддати кӯтоҳ Гулбаҳор ба қавле «кадбонуи чирадасти хонадон» табдил ёфт.

-Хушдоманам вақте эҳсос намуданд, ки ман дигар дар кору бори хона дармонда намешавам ва аз уҳдаи сариштаи рӯзгор мебароям, пешниҳод карданд, ки ҳунарашонро низ аз худ намоям, - мегӯяд Гулбаҳор. - Ва бо ҷону дил пазируфтам.

Ин духтараки ҳушёру боирода дар як муддати кӯтоҳ ҳунари камзӯлбофиро аз хушдоманаш омӯхт. Аввал, барои бобову бобокалон, сипас, барои падару шавҳар, баъдан, барои кӯдакони хурдсоли хеш ҳар гуна ҷӯробу либосҳои риштагин мебофт. Акнун Гулбаҳор он духтараки ноумедгашта набуд, баръакс, бошавқ ҳам кору бори хонаро мекард, ҳам нигоҳубини кӯдакон ва хонаводаи шавҳарро ба уҳда дошт ва инчунин, барои ҳамсояҳо, ки фармоиш медоданд, чизҳои лозимаро мебофт ва дар як муддати кӯтоҳ то ду-се ҳазор сомонӣ ба оила даромад меовард.

Ҳамсараш, ки рӯзҳои аввали зиндагиашонро хуб дар ёд дорад, бо ҳайрат ба чолокии Гулбаҳор нигариста, хушҳол мешавад, вале бояд зикр кард, ки пушти ин ҳама пешравиҳо нақши модари шавҳари Гулбаҳор хеле бузург аст.

- Боре, баъди анҷоми корубор назди шавҳарам нишаста, ҳам мебофтам ва ҳам ба оинаи нилгун менигаристам, -  ба ёд оварда мегӯяд Гулбаҳор. - Ҳамсарам ҳайрон шуда пурсиданд: «Гулбаҳор, ту оинаи нилгунро тамошо дорӣ, ё шарф бофта истодаӣ?» Ман гуфтам: «Бо чашмонам тамошо дорам ва бо дастонам дӯхта истодаам». Ӯ бовар накарда, чашмони маро бо рӯймоли ғафс баст, вале дастони ман ҳамоно мебофтанду мебофтанд. Пас, он кас шӯхиомез ба ман гуфтанд, ки ҳунари туро бояд дар китоби "Гиннес” сабт кунанд.

Дар ҳақиқат, Гулбаҳор хотираи бисёр қавӣ дорад. Ҳар як намуди кӯке, ки дар жемперҳои туркӣ ё русӣ дӯхта шудааст, бо як назар дар хотирааш ҷо мекунад.

Ҳарчанд Гулбаҳор мактаби миёнаро пурра хатм накардааст, вале аз уҳдаи ҳисоб ва ҷобаҷогузории кӯкҳо ба хубӣ мебарояд. Гулбаҳор низ мисли дигар занони соҳибҳунар шуғли аз хушдоман омӯхтаашро ба духтараш ва духтаракони ҳамсоя омӯзонидааст, то ки онҳо ҳам дар оянда соҳибҳунар бошанд.

- Медонед, кайфияти ҳунар танҳо дар ба даст овардани маблағ нест, - мегӯяд Гулбаҳор. - Ҳунар, пеш аз ҳама, инсонро соҳибиззат месозад, дувум, ба саломатӣ низ фоидабахш аст, бахусус барои мо - занҳо, ки вақте андармони ин ё он касбу ҳунар мешавем, ҳар гуна фикрҳои ноҷо намекунем ва асабамон низ ором мешавад. Дигар ин ки ман вақте барои кӯдакони навзоди хешу ақрабо ягон кулоҳча ё ҷӯроб, камзӯлча медӯзам ва ҳадя мебарам, байни ҳама сару либосе, ки дигарон бо арзиши сад сомонӣ ва ё зиёдтар туҳфа овардаанд, баҳои баланд мегирад. Маълум мегардад, ки ҳунари дастӣ болотар аз либоси қимматбаҳои бозорист.

Бале, ҳунарманд агарчи норасоии зиёд дошта бошад ҳам, бо дастранҷи зебои худаш метавонад дигаронро шефта гардонад, ба фикр водор созад, ки чӣ тавр ӯ тавонистааст бо маҳсули офаридааш дигаронро ба ҳайрат гузорад.

«Бекорӣ вабои тан аст» мегӯянд. Модом, ки бекорӣ дард меовардааст, пас ҳар лаҳзаву ҳар соат мебояд омӯхт, ки ҳунаре ба даст оварӣ. Зеро ҳунари воло нишонаи бузургии кас аст, муҳтоҷи касе намегардӣ. Ҳунари воло муҳитро зебову ҳунармандро воломақом мегардонад. Ҳунаромӯз дар кадом ҳолате, ки бошад, мекӯшад чизеро омӯзад, ҳунарашро сайқал диҳад, машҳур ва созгори атрофиён гардонад.

 

Ҳангомаи ИСМАТ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҚИССАИ ИБРАТОМӮЗИ САПАРГУЛ

ҚИССАИ ИБРАТОМӮЗИ САПАРГУЛ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
ЧОДАРИ ДӮХТАИ БИБИМОҲ ЯК ШОҲАСАР АСТ

ЧОДАРИ ДӮХТАИ БИБИМОҲ ЯК ШОҲАСАР АСТ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Қаламзане аз «Тахти сангин»

Қаламзане аз «Тахти сангин»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Даҳ зани ҳунарманд дар як хонавода

Даҳ зани ҳунарманд дар як хонавода

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Хушдоман: боз таваллуд накунӣ!

Хушдоман: боз таваллуд накунӣ!

Ҳаёти иҷтимоӣ, АМОН МАҲКАМОВ