Дар як сатр
» » КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

26-04-2020, 00:08

Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар мавсими имсола дар майдони 340 гектар (нисбат ба соли гузашта 16 гектар зиёд) парвариши картошкаи хушсифатро ба роҳ мондаанд.

Бино ба иттилои Рустам Фақеров, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, дар баробари нишондиҳандаҳои расмии хоҷагиҳои кишоварзӣ имсол, ҳамчунин, сокинони деҳот аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигиашон кишти ин маҳсулоти ниёзи аввалияро зиёд намудаанд.

Масъулони соҳаи кишоварзӣ итминон доранд, ки масоҳати кишти картошкаи заминҳои наздиҳавлигӣ дар қиёс ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маротиб зиёд мебошад. Бинобар ин, бо боварӣ метавон гуфт, ки шурӯъ аз оғози ҷамъоварии картошка нарху навои он дар бозорҳо паст фуромада, дар рафти ҷамъоварии ҳосил нарху навои он дар бозорҳои кишвар ба пуррагӣ арзон хоҳад шуд.

Тибқи иттилои Р. Фақеров соли ҷорӣ кишоварзони ноҳияи Восеъ баҳри таъмини бозори истеъмолӣ ба сабзавоту дигар намуд маҳсулоти тару тоза майдони кишти зироатҳои кишоварзиро низ зиёд намудаанд. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ имсол деҳқонони ноҳия дар масоҳати 1220 гектар кишти сабзавоти барвақтиро ба роҳ мондаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 252 гектар зиёд аст.

Гуфта мешавад, ки аз масоҳати умумии майдони кишти сабзавоти барвақтӣ дар ноҳия 530 гектари онро пиёз, 160 га сабзӣ, 300 га помидор, 120 га бодиринг ва 110 гектарро дигар намуд сабзавот ташкил медиҳад. Майдони кишти зироатҳои полезӣ бошад, дар ноҳия 600 гектарро дар бар мегирад, ки ин нишондод дар қиёс ба соли пешин 336 гектар зиёд аст.

Дар маҷмӯъ, масоҳати умумии заминҳои корами ноҳияи Восеъ 22279 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 12060 гектари он заминҳои обӣ мебошад. Аз масоҳати умумии заминҳои кишт 10 ҳазору 986 гектари онро ғалладонагиҳо, аз ҷумла, 9808 гектар гандум, 820 гектар ҷав, 150 гектар лӯбиёгиҳо ва 93 гектари онро ҷуворимаккаи дон ташкил медиҳад.

С. Ҷамолиддин



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҚУБОДИЁН БА ПАРВАРИШИ САБЗАВОТУ ҒАЛЛАДОНАГӢ МУСОИД АСТ

Арсаи кишоварзӣ

Дӯстӣ: Содироти 2594 тонна маҳсулот ба хориҷи кишвар

Арсаи кишоварзӣ

Омили асосии ҳосили фаровон

Арсаи кишоварзӣ

Кишти тирамоҳӣ анҷом ёфт

Арсаи кишоварзӣ
Кишти такрорӣ дар майдони 4668 гектар

Кишти такрорӣ дар майдони 4668 гектар

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА