Дар як сатр
» » Амалиёти ихтиёриён ба муносибати ҷашни байналмилалии «Наврўз-2018»

Амалиёти ихтиёриён ба муносибати ҷашни байналмилалии «Наврўз-2018»

15-11-2017, 09:09

Амалиёти ихтиёриён ба муносибати ҷашни байналмилалии «Наврўз-2018»

Дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо мақсади баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ, тарғиби фарҳанги либоспўшӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, бедор намудани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ бо усули “хона ба хона” ба муносибати истиқбол гирифтани ҷашни байналмилалии «Наврўз-2018», дар шаҳри Қўрғонтеппа амалиёти ихтиёриёни Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо сокинон баргузор гардид.

Бояд ёдовар шуд, ки ҷашни байналмилалии «Наврўз-2018» дар шаҳри Қўрғонтеппа бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва як қатор меҳмонони олиқадр баргузор мегардад. Аз ин рў, барои вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ҷавонон мунтазам саҳмгузорӣ менамоянд.

Амалиёти ихтиёриён ба муносибати ҷашни байналмилалии «Наврўз-2018»

Тавре ки ба рўзномаи “Хатлон” Беҳрўз Бобоев, сармутахассиси бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, гуфт, дар рафти амалиёт эҳсос мегашт, ки баргузории чунин чорабиниҳо бамаврид буда, барои зебо гардидани симои маркази вилоят ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрдории сокинон таъсири мусбат мерасонад.

Ф. ДАВЛАТ
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Танзим - баракати зиндагӣ

Танзим - баракати зиндагӣ

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳисси ватандӯстии ҷавононро баланд бардорем

Ҳисси ватандӯстии ҷавононро баланд бардорем

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳар рӯзи шанбе–«Рӯзи варзиш»

Ҳар рӯзи шанбе–«Рӯзи варзиш»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба таҷлили Наврӯз

Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба таҷлили Наврӯз

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА