Дар як сатр

НОМБАРДОР

25-04-2020, 00:07

Убайдулло субҳи барвақт ба киштзор омад. Боди форами пагоҳӣ сару рӯяшро сила карда, табъашро хуш мегардонд. Заминҳои киштбобро дида, шоду мамнун гашт. "Мо бояд аввалин шуда, ба кишти пунбадона сар кунем. Дар даврони Шӯравӣ бригадае, ки сарварии онро амаки Иззатулло Ашӯров ба уҳда дошт, дар собиқ хоҷагии ба номи Киров ҳар сол аз ҳар гектар замин 55-сентнерӣ ҳосили "тиллои сафед” мерӯёнд. Бригада бисёр солҳо дар ҳосилғундорӣ ҷойи аввалро ишғол мекард....”

Бале, дар солҳои ҳафтодуми қарни гузашта Иззатулло Ашӯров на танҳо дар сов-хози ба номи Киров, балки дар ноҳия ва собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ҳосили рекордии пахтаи аълосифати маҳиннах рӯёнда, сазовори бисёр ордену медалҳои ҳукуматӣ гардида буд. Имрӯз анъанаи неки ӯро фарзандонаш, ҳамчунин, фарзандони бародараш Исматулло - Убайдулло, Ибодулло, Нурулло ва дигарон давом медиҳанд.

- Амакам аз ин заминҳо 50-сентнерӣ ҳосил рӯёнидааст. Ва ҳатто соли 1976 ҳосилнокии ҳар гектари 70 гектаро ба 58-сентнерӣ расонида, дар ноҳия ва вилоят шуҳратёр гардида буд.

Оилаи Ашӯровҳо дар шуъбаи якуми собиқ хоҷагии ба номи Кирови ноҳияи Вахш зиёданд. Солҳои 70-уми қарни гузашта Ашӯровҳо дар як деҳа умр ба сар бурда, кору зиндагӣ мекарданд. Имрӯз ин авлод дар се деҳа ҳаёт ба сар бурда, ба кори деҳқонӣ-пахтакориву сабзавоткорӣ машғуланд. Баъди вафоти Изатулло Ашӯров даҳҳо сол вазифаи бригадириро бародараш Ҳикматулло идома дода, ҳосилнокии пахтаро аз ҳар гектар афзоиш дод. Фарзанди бародараш - Убайдулло Баротов бошад, то ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ вазифаи масъули сарварии бригадаро ба уҳда дошт. Аъзои бригада ҳар сол аз ҳар гектар ҳосили рекордӣ то 50-сентнерӣ ва аз он ҳам зиёд ҳосил мерӯёнданд.

Авлоди меҳнатқарини Ашӯровҳо хоҷагиҳои нави деҳқонӣ ташкил карда, дар он пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ корида, ҳосили баланд мерӯёниданд.

Ба наздикӣ бо кору бори оилаи Ашӯровҳо шинос шудем. Заминҳои нисбатан хурди деҳқонӣ ташкил карда, дар ин заминҳо пахта, пиёз, сабзӣ, карам, гандум ва дигар зироатҳо кишт карда, дар натиҷаи кори самаранок ва парвариши дурусти онҳо ҳосили фаровон рӯёнида, зиндагии худро пеш мебаранд.

-Пеш ҳама кор мекардем,- мегӯяд Убайдулло Баротов ва илова мекунад, имрӯз ҳам анъанаи авлодони номдори худро садоқатмандона давом дода, аз ҳосили зироатҳои гуногуни кишоварзӣ даромади хуб ҳам мегирем. Акнун замин замини мост, ҳарчи корем, ҳар қадар беҳтар меҳнат кунем, ҳамон андоза ҳосил мерӯёнем. Аз он ҳавасмандем, ки даромади гирифтаамон ба мо имкон медиҳад шароити зисту зиндагонии худро сол аз сол беҳтару хубтар намоем. Дар шароити нав кор кардан аз он ҷиҳат муҳим ва шавқовар аст, ки ба натиҷаи маҳсули меҳнати хеш ҳавасманд буда, бар ивази он, даромади арзанда ба каф меоварем. Меҳнати шоиста боиси ҳаёти хушу бофароғат аст.

Имрӯзҳо оилаи Ашӯровҳо бо хоҷагиҳои деҳқонии хурду калони худ дар ҷабҳаҳои гуногун ҳосили фаровон ба даст оварда, шуҳрати деҳқонии худ-ро афзун мегардонад.

 

Б. Сайдалиев,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

Арсаи кишоварзӣ
ҲАШАРЧИЁН ДАР ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА САҲМ МЕГИРАНД

ҲАШАРЧИЁН ДАР ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА САҲМ МЕГИРАНД

Арсаи кишоварзӣ

ҲАДАФ: ХИРМАНИ БОШУКӮҲИ «ТИЛЛОИ САФЕД»

Арсаи кишоварзӣ
Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳосили картошка як баробар афзуд

Ҳосили картошка як баробар афзуд

Арсаи кишоварзӣ, АМОН МАҲКАМОВ