Дар як сатр
» ДАР МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ БЕТАРАФ НАБОШЕМ

ДАР МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ БЕТАРАФ НАБОШЕМ

24-04-2020, 00:05

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро самти муҳими сиёсати давлатӣ дониста, бо ин мақсад якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ҷиҳати мубориза бурдан бо ин зуҳуроти номатлуб қабул ва мавриди амал қарор додааст.

Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат ва мақомоти давлатӣ коста намуда, эътибори онро паст мегардонад. Ҳамчунин, барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи иқтисодиёт мушкилот эҷод намуда, барои ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои давлатӣ шароити мусоид фароҳам меоварад, ки ин боиси поймол гаштани ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардида, пояҳои давлатдориро заиф мегардонад.

Мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои меҳварӣ буда, муқовимат бо он ва пешгирӣ аз омилҳои ба он мусоидаткунанда сол то сол пурзӯр шуда истодааст.

Ин дар ҳолест, ки кишвари мо аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд. Аз ҷумла, бори нахуст соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод вакоррупсия» ба тасвиб расид, ки дар асоси он самтҳои асосии сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ муайян шуданд. Баъдан дар соли 2007 ниҳоди махсусгардонидашудаи зидди ин зуҳуроти номатлуб - Агентии назорати давлатии мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис дода шуд. Бояд қайд намуд, ки ниҳоди мазкур аз рӯзи таъсисёбиаш то ба имрӯз дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, муайян ва барқарор намудани маблағҳои ғайриқонунӣ тасарруфшудаи буҷетӣ фаъолияти назаррас нишон додааст.

Зикр намудан ба маврид аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон узви шабакаи зиддикоррупсионии Соз-мони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд буда, вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт иқдомоти зиёдеро амалӣ намуда истодааст. Ҳамчунин, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ду стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар асоси онҳо чораҳои маҷмӯии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидоштаи вобас-та ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидааст.

Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми августи соли 2013 таҳти №1504 Стратегияи муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, тасдиқ карда шудааст, ки дар он самтҳои асосии сиёсати миллии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст. Боиси қайд аст, ки дар стратегияи мазкур бахшҳои афзалиятноки амалӣ намудани тадбирҳои муқовимат бо коррупсия, аз ҷумла мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ, механизми таҳлили соҳавии хавфҳои коррупсия, поктинатӣ ва шаффофият, ташаккули ҳукумати электронӣ ва дастрасӣ ба иттилоот пешбинӣ шудааст. Вобаста ба татбиқи стратегияи мазкур, ҳамчунин, нақшаи чорабиниҳо бо зиёда аз ҳаштод банд тасдиқ карда шуда, иҷроиши он давра ба давра таъмин шуда истодааст. Мавҷуд будани чунин санадҳо сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро таҳким бахшида, боиси эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Боиси зикр аст, ки дар баробари дигар мақомоти давлатӣ дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати амалӣ намудани Стратегияи муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ ҳамасола таҳия ва тасдиқ карда шуда, иҷроиши чорабиниҳои пешбинигардида дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин карда мешавад. Аз ҷумла, солҳои охир бо мақсади шаффофияти фаъолияти судҳои иқтисодӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот сомонаҳои расмии судҳои иқтисодӣ таъсис дода шуда, дар он ҳамарӯза маълумот ва ахборот ҷой карда мешавад. Ҳамзамон, бо ташаббус ва пешниҳоди бевоситаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки ин барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Новобаста аз он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди махсуси мубориза бо коррупсия, яъне Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти муқовимат бо коррупсия фаъолияти назаррас дорад, набояд дигар қишрҳои ҷомеа дар самти мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб бетараф бошанд. Зеро, тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми ҷомеа бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”.

Бинобар ҳамин, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки дар партави таъкидҳои Президенти мамлакат амал намуда, дар самти мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб саҳмгузор бошад.

А. Хайриддинзода,

раиси Суди иқтисодии

вилояти Хатлон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КОРРУПСИЯ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

КОРРУПСИЯ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

Муқовимат бо корупсия
«Фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсияро бояд ташаккул дод»

«Фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсияро бояд ташаккул дод»

Ҳокимияти давлатӣ
Дар муборизаи зидди коррупсия бетарафӣ нашояд

Дар муборизаи зидди коррупсия бетарафӣ нашояд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
М. Хидирзода: “Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист”

М. Хидирзода: “Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист”

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР