Дар як сатр
» » ЗӮРОВАРИРО ПЕШГИРӢ НАМОЕМ

ЗӮРОВАРИРО ПЕШГИРӢ НАМОЕМ

24-04-2020, 00:00

Масъалаи зӯроварӣ дар оила имрӯз боиси ташвиши ҷомеа гардидааст. Зеро ки бар асари ҳодисаҳои номатлуби бамиёномада, аз ҷумла лату кӯб, паст задани шаъну шарафи зан, ҳамчунин, ба инобат нагирифтани хоҳишу дархост ва, умуман, ба эътибор нагирифтани фикри тарафайн, нобоварӣ ва нобаробарӣ дар оила ҳодисаҳои нангин ба амал меоянд. Ин аст, ки ба ин масъалаи ҷиддӣ мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ тадбиру чораҳои зиёде меандешанд.

Аз ҷумла, ба ин мақсад Барномаи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар ҳамкорӣ бо лоиҳаиrdv «Оид ба муқовимат ба зӯроварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Балҷувон семинар доир намуд. Дар семинар фаъолзанон, омӯзгорон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ - суду прокуратура, шуъбаи корҳои дохилии ноҳия ширкат варзиданд.

Дар семинар намояндаи Барномаи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» Фирӯза Ҷобирова, корманди ҳифзи ҳуқуқ Илҳом Ҳусейнзода, узви Шӯрои занони ноҳия, нафақахӯр Бегимо Раҷабова, корманди ҲХДТ, узви Шӯрои занон Марҷона Муродова баромад намуда, оид ба пешгирии зӯроварӣ, сабабу омилҳои рух додани зӯроварии хонаводагӣ андешаронӣ карданд.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки давоми чор моҳи соли 2020 дар ноҳия 5 оилаи осебпазир ба қайд гирифта шуд. Аз ин шумора дар натиҷаи роҳандозӣ гардидани чораҳои зарурӣ 2 оила ба мусолиҳа-оштӣ қарор гирифта, нофаҳмӣ бартараф карда шуд, ду оилаи дигар бошад, зери назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дошта, як нафар зани дигар, сокини Ҷамоати деҳоти "Балҷувон” Умеда Зокирова, ки соҳиби шаш фарзанд мебошад, барои рӯёнидани товони зарари маънавӣ ва моддӣ талош дорад.

Қобили қайд аст, ки тавассути пешбурди корҳои оммафаҳмонӣ, андешидани чораҳои ҳуқуқӣ, фаҳмонидани ҳуқуқҳои занон дар ноҳия ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила нисбати солҳои қаблӣ хеле кам гардидааст. Инро ба назар гирифта, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Шӯрои занони ноҳия, ташкилотҳои ҷамъиятии дар ноҳиябуда баҳри он ҷидду ҷаҳд доранд, ки минбаъд низ корҳои оммафаҳмонӣ ва ҳуқуқиро байни мардум бештар намуда, ба он ноил гарданд, ки пеши роҳи сар задани ҳодисаҳои нохуш сари вақт гирифта шаванд.

Рӯзигул ҚУРБОНЗОДА,

мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

ноҳияи Балҷувон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Июл - моҳи тренингҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Июл - моҳи тренингҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Хабарҳо
Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Баҳри пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар оила

Баҳри пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар оила

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Баррасии механизм ва фишангҳои таъсиррасонӣ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Баррасии механизм ва фишангҳои таъсиррасонӣ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА