Дар як сатр
» » ПАРДОХТИ САРИВАҚТИИ МУЗДИ МЕҲНАТ ВА ФОНДИ НАФАҚА БОЯД НАЗОРАТ ШАВАД

ПАРДОХТИ САРИВАҚТИИ МУЗДИ МЕҲНАТ ВА ФОНДИ НАФАҚА БОЯД НАЗОРАТ ШАВАД

25-04-2020, 23:58

Дар толори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон бо иштироки Хайрулло Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон, Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Сарраёсати молияи вилоят ҷамъомад доир шуд, ки дар он натиҷаҳои иҷроиши буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар семоҳаи якуми соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар он кормадони дастгоҳи маркази Сарраёсати молияи вилоят, сардорони Раёсатҳои молияи шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд.

Нахуст, Бобоназар Давлатов, муовини сардори Сарраёсати молияи вилоят дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷроиши буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар семоҳаи якуми соли 2020 ҳисобот дод.

- Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз рӯи контингенти умумӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ низ 101 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 303,6 млн сомонӣ маблағи пешбинишуда 307,3 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 3,7 млн сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 61,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад, - иброз дошт муовини сардори Сарраёсати молияи вилоят.

Ҳамчунин, ёдовар шуд, ки аз рӯи маълумотҳо ба ҳолати 1 марти соли 2020 бақияи қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят дар маҷмӯъ 166,9 млн сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 1,9 млн сомонӣ кам гардидааст. Бо вуҷуди ин, бақияпулии андозҳо дар ноҳияҳои Вахш 925,0 ҳазор сомонӣ, Шаҳритуз 1372,4 ҳазор сомонӣ ва Восеъ 1457,0 ҳазор сомонӣ нисбат ба аввали сол зиёд шудааст.

Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Сарраёсати молияи вилоят, зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нақшаи даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои буҷетӣ дар сатҳи 97 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо ба 77,9 млн сомонӣ баробар шудааст.

Дар маҷмӯъ 374,7 млн сомонӣ ё ин ки 89 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф 249,6 млн. сомонӣ, тандурустӣ 105,0 млн сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 2,3 млн сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 17,8 млн сомонӣ равона карда шудааст.

Хайрулло Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронӣ таъкид намуд, ки оид ба самти иҷроиши босифати буҷети маҳаллӣ, дарёфти манбаъҳои нави иловагии андозҳо, чораҳои иловагӣ андешидан ба мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, дар мадди аввал маблағҳои воридгардида барои пардохти саривақтии музди меҳнат, фонди нафақа ва ҷубронпулиҳо нигаронида шаванд.

Дар ҷамъомад, ҳамчунин, Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилоти Хатлон оид ба масъалаи бемории коронавирус, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст суханронӣ намуд. Барои солимии ҷомеа ва пешгирӣ аз ин вируси вабои аср Сарраёсати молияи вилоят, Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардид, ки дар доираи имкониятҳои воқеии буҷети маҳаллӣ ва маблағҳои пешбинишудаи соҳаи тандурустӣ барои соли 2020 ҷиҳати харидорӣ намудани маводҳои кимёвӣ ва безарар гардонидани ҳуҷраҳои кории ташкилоту муассисаҳо чорандешӣ намоянд.

Дар охир, Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Сарраёсати молияи вилоят, иттилоъ дод, ки Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо, нозироти андоз ва дигар ташкилотҳои марбута тамоми чораю тадбирҳои лозимаро меандешанд, то ин ки дастуру ҳидоятҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳа татбиқи амалии худро ёбанд.

 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ - БА МАНФИАТИ КОР

ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ - БА МАНФИАТИ КОР

Иқтисоду тиҷорат
Маркази бозомӯзӣ барои мутахассисони ҷавон

Маркази бозомӯзӣ барои мутахассисони ҷавон

Иқтисоду тиҷорат
Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар

Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА