Дар як сатр
» » СОҲАИ САЙЁҲӢ РУШД МЕЁБАД

СОҲАИ САЙЁҲӢ РУШД МЕЁБАД

25-04-2020, 23:55

Дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 10 июни соли 2016, №125 Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъсис дода, 14 августи соли 2018 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Дар ин замина, қарорҳои дахлдори раисони шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расида, шӯроҳои маҳаллӣ таъсис дода шудаанд, ки ҷаласаҳои он дар як сол ду маротиба гузаронида мешаванд.

Инчунин, қарори раиси вилояти Хатлон аз 12 апрели соли 2018, №91 дар бораи, «Барномаи рушди сайёҳӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2018-2020» тасдиқ карда шудааст.

Вобаста ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018, №372 дар бораи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, қарори раиси вилояти Хатлон аз 30 августи соли 2018, № 203 қабул карда шуд.

-Тибқи маълумоти масъулони шаҳру ноҳияҳо ба вилояти Хатлон дар се моҳи аввали соли 2020-ум 32 ҳазору 778 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ (1643 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 31135 нафар сайёҳони дохилӣ) ташриф овардаанд,- ироа гардид дар ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм, ки он дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ширкати муовини раиси вилоят Шарифӣ Фирӯза, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини ташкилоту муассисаҳои дахлдор доир гардида буд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Рамазон Насриддинзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон вилояти Хатлон ҷиҳати мавҷудияти захираҳои зиёди сайёҳӣ дар ҷойи аввал меистад. Зеро Хатлонзамин дорои мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои зиёди табиӣ буда, манзараҳои нотакрор, обшорону чашмаҳои нуқрафом, рӯдҳои пуроб ва олами бойи вуҳушаш диққати сайёҳони хориҷиро ҷалб намудааст. Айни замон, дар вилоят 18 ширкати сайёҳӣ, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳии ҶДММ "Ориё” дар шаҳри Кӯлоб, ҶДММ истироҳатгоҳи "Пули сангин” дар шаҳри Норак, ҶДДММ "Сайёҳ асри XXI”, ҷДММ "Хатлон сайёҳат” дар шаҳри Бохтар, ҶДММ "Сари Хосор ревел”, ҶДММ "Морхӯр”, "Нодиртӯр”, "Сайри тагноб”, "Сафари Даштиҷум” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҶДММ "Хуталон” дар ноҳияи Данғара ва ғайра фаъолият доранд.

Чуноне ки дар ҷаласа таъкид гардид, оид ба ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар вилоят шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии "Тоҷикфилм” дар вилояти Хатлон лавҳаҳои сайёҳӣ таҳия намуда, пешкаши ҳаводорон намуданд. Баргузор гардидани конференсияи вилоятии "Марҳамат ба Хатлон!” низ бо ширкати муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳҳо аз тадбирҳои андешида ҷиҳати рушди соҳа башорат медиҳад.

Муовини раиси вилоят Шарифӣ Фирӯза зимни суханронӣ ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, фаъолияти самарабахши Шӯрои байниидоравӣ ба масъулин маслиҳату дастурҳои судманд дод.

А. Сафарзода




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ХАТЛОН - МИНТАҚАИ САЙЁҲӢ

ХАТЛОН - МИНТАҚАИ САЙЁҲӢ

Туризм

РОҲАНДОЗИИ ДУ ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ

Хабарҳо

Сайёҳони 32 кишвари ҷаҳон ба тамошои Хатлон омаданд

Туризм

Дар ҳар ноҳия ду ширкати сайёҳӣ таъсис меёбад

Хабарҳо

Ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба рушди туризм

Хабарҳо