Дар як сатр

РАШК АШК РЕЗОНД

8-04-2020, 22:44

Одатан, бисёр ҳолатҳои ногувор аз бадгумонӣ,  рашк ба амал меояд. Ҳолатҳое ҷой доранд, ки шавҳар ба ҳамсари покдомани худ ҳисси бадбинӣ пайдо карда, бо баҳонаҳои ночиз, гумони бад, буҳтону туҳмат ӯро азобу машаққат дода, оқибат бо лату кӯб ба саломатиаш зарари ҷиддӣ мерасонад.

Дар санаи 25 марти соли 2020, тахминан соа-ти 15:20 дақиқа бо сабабҳои муноқишаи оилавӣ дар шаҳри Норак, кӯчаи Братский, бинои №24, ҳуҷраи 7 Ғуломов Рамазон Мӯсоевич, сокини шаҳри Норак, Ҷамоати деҳоти "Пули Сангин”, маҳаллаи Тутқавул, кӯчаи "50-солагии Октябр”, хонаи №29 дидаву дониста ба содир намудани ҷинояти махсусан вазнин даст зад. Ӯ ба бадани ҳамсараш Нозирова Шаҳноза Тағаймуродовна нуҳ маротиба бо корди қатшавандаи кисагӣ зада, ӯро ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонд.

Ғуломов Рамазон Мӯсоевич бо ин қаноат накарда, боз мақсади дигари нопокро пеша кард. Ӯ модарарӯсаш Асият Ғоибназароваро, ки дар суроғаи болозикр ҳузур дошт, бо корди дар дас-таш буда ду маротиба ба шикам ва дасти рос-таш зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кард.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур санаи 25 марти соли 2020 аз ҷониби прокуратураи шаҳри Норак нисбати Ғуломов Рамазон Мӯсоевич бо моддаҳои 104 қисми 1, 32 қисми 3,104 қисми 2 банди "а”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, айни ҳол тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 

Б. САЙДАЛИЕВ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАЗО БАРОИ СӮЙИҚАСД БА КӮШТОР

Ҳуқуқу амният

ҚОТИЛ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ ШУД

Ҳуқуқу амният

Боздошти зани 40-сола бо гумони қаллобӣ

Хабарҳо

Барӯйхатгирӣ дар Норак то 24 октябр давом мекунад

Хабарҳо
Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният