Дар як сатр
» » «ХАТЛОН» ЧЕМПИОНАТИ ИМСОЛАРО БО ҒАЛАБА ОҒОЗ НАМУД

«ХАТЛОН» ЧЕМПИОНАТИ ИМСОЛАРО БО ҒАЛАБА ОҒОЗ НАМУД

8-04-2020, 22:42

Тибқи иттилои Федератсияи футболи вилояти Хатлон, рӯзи 5-уми апрели соли равон, 25-умин Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гашт.

Дар даври аввал  дастаи "Хатлон”-и шаҳри Бохтар дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо тими "Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан рақобат намуд. Бозӣ хеле пуршиддат сурат гирифта, бозингарони дастаи мизбонон Парвиз Бакиахунов ва Эҳсон Бобоев ба задани гол даст ёфтанд. Муаллифи тӯби ягонаи меҳмонон Илҳом Баротов шуд.

Ҳамчунин, дар ин давр тими дигари хатлонӣ "Файзканд”-и ноҳияи Восеъ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо дастаи "Локомотив-Помир” бозӣ анҷом доданд, ки он бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Дар ин мавсим шарафи футболи вилояти Хатлонро танҳо ин ду даста намояндагӣ мекунанд.

 

Фирдавс УМАРОВ,

коромӯзи «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ «ХАТЛОН»

Ҷавонон ва варзиш

«МОҲИР»-И ЁВОН БА ЛИГАИ ЯКУМ РОҲХАТ ГИРИФТ

Ҷавонон ва варзиш

«Хатлон» ва «Панҷшер» соҳиби якхолӣ шуданд

Хабарҳо
Ғалабаи навбатии «Ҳосилот»

Ғалабаи навбатии «Ҳосилот»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА