Дар як сатр

СУМАНАК

8-04-2020, 22:37

Модарони тоҷик дар арафаи ҷашни Наврӯз ба омода намудани сабзаи суманак оғоз мекунанд. Суманак як навъ хӯроки баҳорист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад.

Дар саросари ҷаҳони дорои фарҳанги ориёӣ, ки халқҳои эронитабор зиндагӣ мекунанд, суманак тайёр карда мешавад ва онро ба навъи хӯрокҳои муқаддасу манфиатбахш дохил намудаанд. Хӯрдани суманак ба шахс нерую тавоноӣ мебахшад ва аз лиҳози тиббӣ низ аз чанд ҷиҳат муфиду судманд мебошад. Маросими пухтани суманак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як ҷамъомади идона табдил ёфтааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор навъ суманак омода мекунанд. Якум, суманаке, ки дастаҷамъона омода мешавад. Дуюм, суманаки дегчагӣ, ки онро бештар меҷӯшонанд ва ба монанди ҳалво омода мекунанд. Сеюм, суманаки нонӣ, ки ба оби омодагаштаи сабза орд ҳамроҳ намуда, кулча омода мекунанд. Онро асосан дар танӯр, ба болои лаълиҳои оҳанин гузошта, дар болои лахчаи оташ мепазанд. Чаҳорум, суманаки хурмагӣ, ки бештар дар ноҳияҳои кӯҳистон омода мегардад.

Мардумшиносон бар он назаранд, ки тоҷикони Бухоро ғайр аз шираи гандум ба суманак қиёми қанд (ё ширинӣ) низ ҳамроҳ мекунанд. Дар ин ҳолат суманак ширин мешавад ва онро муддати дароз нигоҳ доштан имконпазир мегардад. Тарзи дигари тайёр кардани суманак низ мавҷуд аст: ба хамир ба ҷои об шираи гандум ҳамроҳ карда, дар таги хокис-тари оташдон ё дар тобасанг мепазанд.

Муайян карда шудааст, ки дар таркиби суманак витаминҳои Е (ба унвони антиоксидони қавӣ ва беасаркунандаи радикалҳои озод дар бадан) ва навъҳои гуногуни витамини В мавҷуданд, ки барои ҳифзи ҷавонӣ ва саломатӣ низ тавсия мешавад. Он, ҳамчунин, барои таскини асаб, тақвияти неруи биноӣ ва пешгирӣ аз хасташавӣ мусоидат мекунад.

Ҳамчунин, олимон дар таркиби майсаи гандум 18 аминокислота, витаминҳо (В1, В2, В3, В5, В6, РР, Е, F), микроэлементҳо ва моддаҳои минералӣ (фосфор, калий, магний, сулфур, калсий, хлор, нат-рий, манган, руҳ, молибден ва ғайра)-ро пайдо кардаанд, ки барои организм ниҳоят зарур мебошанд. Дар таркиби майсаи гандум, ҳамчунин, витамини С, клетчатка, гемотселлюлоза ва пектинҳо вуҷуд доранд, ки коҳиши онҳо дар организм сабаби ихтилоли фаъолияти аъзои ҳозима мегардад.

Бинобар ин, суманак барои муолиҷаи дисбактериоз, атеросклероз ва бемории санги талхадон манфиати калон доранд. Истеъмоли суманак барои рафъи фарбеҳӣ ва пешгирии диабети қанд низ муҳим аст. Дар сурати мунтазам истифода намудани суманак масуният (иммунитет) тақвият ёфта, организм ба таъсироти бемориҳо тобовар мегардад, мубодилаи моддаҳо ба низом омада, фаъ-олияти дилу рагҳо, силсилаи устухон, асаб ва ғадуди сипаршакл беҳтар мешавад. Он ба бемориҳои экзема ва реши меъда шифо мебахшад, босираро қавӣ ва сабзиши мӯйро барқарор менамояд, хунро тоза карда, ба ҳосил шудани гемоглобин кумак мерасонад, авитаминоз, камхунӣ ва пирии бармаҳалро пешгирӣ мекунад.

 

К. БАХТИЁР,

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҒИЗОИ СОЛИМ ОМИЛИ ПЕШГИРИИ ФАРБЕҲӢ

Тандурустӣ ва экология
ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ВА СОЛИ НАВИ МИЛЛӢ БАРОИ СОЛИ 2019 ТАСДИҚ ШУД

ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ВА СОЛИ НАВИ МИЛЛӢ БАРОИ СОЛИ 2019 ТАСДИҚ ШУД

Фарҳанг ва адабиёт
Қулфинай - давои камхунию подагра

Қулфинай - давои камхунию подагра

Тандурустӣ ва экология
Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣ

Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД , ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД