Дар як сатр
» » ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

8-04-2020, 22:35

Соли дуюм аст, ки бо иқдоми Асогузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари биҳиштосоямон фес-тивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» таҷлил карда мешавад. Ба ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои вилоятамон низ корҳои ободонию созандагӣ ва сабзу зебогардонӣ бомаром идома дорад.

Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб сокинон бо либоси идона ба ҳам омаданд. Ҳунармандон маҳсули эҷоди хешро ба маърази дид гузоштанд. Дар боғи мазкур ба хотири иштирок дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "Сайри гули лола” 32 ҳазор гули лола ва 69 ҳазор дигар намуди гулҳо шинонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки гулгашти Сафар Амиршоев ва боғҳои ин ҷо бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2019 таҷдиду азнавсозӣ гардидаанд.

Дар ҷамъбасти даври шаҳрии фестивал-озмун раиси шаҳр Иноятзода Баҳром аз иштироки фаъ-олонаи сокинон дар озмун изҳори қаноатмандӣ кард. Ба ғолибони даври шаҳрӣ аз рӯи панҷ номинатсия "Боғи беҳтарин-боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ”, "Гулгашти беҳтарин- гулгашти Сафар Амиршоев”, ҷамоати беҳтарин-Ҷамоати деҳоти "Зиракӣ”, хиёбони беҳтарин-хиёбони "Исмоили Сомонӣ” ва гулпарвари беҳтарин бошад, гулпарвар Гулрафтор Шарифова дониста шуданд.

Чунин чорабинӣ дар ноҳияи Темурмалик низ баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки гарчанде иқлими ноҳияи Темурмалик нисбат ба ноҳияҳои водӣ сардтар аст, гулҳои лола хуб нашъунамо ёфтаанд. Дар ин ноҳия беш аз 12 ҳазор гулҳои лола шинонидаанд, ки ба ҳусни кӯчаю маҳалла ва боғу гулгаштҳо зебогии дигар зам кардааст. Дар ин раванд озмуни ҷумҳуриявии "Сайри гули лола” ба корҳои ободонию зебогардони тақвият бахшид ва дар гулгашту хиёбон, боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва назди идораю ташкилот ҳазорон бех гулҳои гуногунранги лола шинониданд.

Анҷоми чорабиниро барномаи консертии ҳаваскорони санъат бо шукуҳу хотирмон гардонид.

 

Ш. Сафарзода



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» ЯК РУКНИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ АСТ

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» ЯК РУКНИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ АСТ

Ҳаёти иҷтимоӣ

ҲАШАРИ УМУМИШАҲРӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

Ҳаёти иҷтимоӣ

Азми бунёди беш аз 1100 га боғу токзори нав

Хабарҳо
Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фарҳанг ва адабиёт