Дар як сатр
» » САРАЗМ - МЕРОСИ НОДИРИ ФАРҲАНГӢ ДАР ҶАҲОН

САРАЗМ - МЕРОСИ НОДИРИ ФАРҲАНГӢ ДАР ҶАҲОН

8-04-2020, 22:33

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими бузургдошти 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм моҳи сентябри соли 2020 таҷлил хоҳад шуд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми сентябри соли 2001, ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – "Мамнӯъгоҳи таърихиву бос-тоншиносии Саразм” эълон гардид. 31-уми июли соли 2010 бошад, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид гардид.

Бо дастуру ҳидоятҳои созандаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат дар солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм болопӯш шуд.

Ёдгории таърихии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардидааст. Ин ёдгорӣ дар 15-километрии ғарбии шаҳри Панҷакент ва 45-километрии шарқии шаҳри Самарқанд ҷойгир аст. Ба гуфтаи бостоншинос, сар аз ҳазораи чаҳоруми пеш аз милод шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои ҳунармандии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад ва ба ин захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва рӯҳ дар кӯҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст.

Саразм бар асоси ду меъёр ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ шомил карда шуд. Аввал, бар асоси ин меъёр, ки Саразм дар давраи муайяне маҳалли таҷассуми табодули фарҳангии барҷастае будааст. Саразм аз чаҳорҳазораи пеш аз милод як маркази муҳими тиҷорат ва фарҳангии Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфт. Саразм муҳимтарин маркази тиҷоратии ҳамон аҳд дар минтақа будааст, ки аслан ду тоифаи мардумро ба ҳам мепайваст: чорводорони кӯчӣ, ки дар манотиқи кӯҳӣ ва кишоварзон, ки дар ҳамворӣ зиндагӣ мекарданд.

Омили дуюми шомил кардани Саразм ба феҳрасти мероси ҷаҳонӣ ин аст, ки Саразм як навъ аз тамаддуне мебошад, дар миёни ҳазорсолаи чаҳорум ва сеюми пеш аз милод дар Осиёи Марказӣ.

Саразм беш аз якуним километр дарозӣ ва ҳафтсад метр бар дорад, ки ин як маҳалли  маскунии бисёр бузург аст ва дар он аҳд, воқеан, бисёр барҷаста маҳсуб мешавад.

Дар воқеъ, ин ёдгорӣ мояи ифтихор ва сарчашмаи рушди иқтисоди кишвар мебошад.

 

СавзалӣҚувватов,

омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ КУЛЛИ ЮНЕСКО ХОНУМ ОДРӢ АЗУЛЕ

МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ КУЛЛИ ЮНЕСКО ХОНУМ ОДРӢ АЗУЛЕ

Хабарҳо, Сиёсат

САРАЗМ - ҲАМСОЛИ НАВРӮЗ

Хабарҳо

Чакан умумиҷаҳонӣ шуд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Юнеско. Чакан ба феҳрести мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид шуд

Юнеско. Чакан ба феҳрести мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид шуд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

НАМОЯНДАИ ЮНЕСКО АЗ АҶИНАТЕППА ДИДАН КАРД

Хабарҳо