Дар як сатр
» » ҲАФТАИ КИТОБИ НАВРАСОНУ КӮДАКОН

ҲАФТАИ КИТОБИ НАВРАСОНУ КӮДАКОН

8-04-2020, 22:28

Кӯлоб

Дар театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб аз чониби Раёсати китобхонаи вилоятии бачагонаи шаҳри Кӯлоб фестивали ҷумҳурияиви «Ҳафтаи китоби кӯдакону нав-расони Тоҷикистон» доир гардид.

Дар саҳни театр хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия   китобҳои илмиву бадеӣ аз осори мутафаккирони форсу тоҷик ба  намоиш гузоштанд. Дар гӯшаи дигар, аз ҷониби хонандагон ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзиву гулдӯзӣ ба маъраз гузошта шуд, ки меҳмонон аз ташкилу гузаронидани чунин чорабинии сатҳи баланд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сипас, дар толори театр бо наврасону ҷавонон вохӯрии шоирону нависандагон доир гардид. Баромадкунандагон зимни суханрониҳои худ зикр намуданд, ки беҳтарин дӯстдору ғамхор, нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мардонагӣ, манбаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ин китоб аст. Илова ба ин мутолиаи китоб касро бо беҳтарин олами пурасрор, ки ҷаҳонро равшаниву нур ва хушию сурур мебахшад, ошно месозад. Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекӯшад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҷон, ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад.

Фестивал то 12 апрел идома меёбад ва дар ин муддат кӯдакону наврасон имкон доранд бо шоирону нависандагон ҳамсуҳбат гардида, асарҳои бачагонаро дастрас намоянд.

Ш. Сафарзода

 

Ҳамадонӣ

Ҳамасола ҷиҳати амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби бештари наврасону кӯдакон ва баланд бардоштани завқи китобхонии онҳо дар ҷумҳурӣ аз 2 то 9 апрел баргузории фес-тивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ба роҳ монда мешавад.

Бино ба иттилои Илёсиддин Набиев, масъули Китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, тибқи нақшаи чорабиниҳо фес-тивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Таронагари сухан» оғоз ёфт.

Чорабинии мазкур бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар сатҳи баланд оғоз ёфт. Дар ин рӯз, хонандагон аз рӯи номинатсияҳои «Рассоми беҳтарин», «Ихтироъкори беҳтарин», «Ровии беҳтарин», «Шеърхони беҳтарин» баромад карданд.

Дар ин чорабинӣ Муҳаммад Тухтаров, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, Муҳиба Шарифова, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, Васила Ашӯрова ва Сафармуҳаммад  Кишваров, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13, Садриддини Наҷмуддин, Орзу Шарифов, Ҳ. Бобоев, Н. Ҳафизов, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 аз рӯи номинатсияҳои пешниҳодгардида, ҷойҳои ифтихориро касб намуданд.

Чорабинии фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» 9 апрел ҷамъбаст меёбад.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ  ТОҶИКИСТОН» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

«ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Фарҳанг ва адабиёт
Кӯлоб. Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ

Кӯлоб. Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳафтаи китоб дар ноҳия

Ҳафтаи китоб дар ноҳия

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД
«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА