Дар як сатр
» » ПАНҶ: РУШДИ СОҲАҲОИ ЧОРВОДОРӢ ВА ПАРАНДАПАРВАРӢ

ПАНҶ: РУШДИ СОҲАҲОИ ЧОРВОДОРӢ ВА ПАРАНДАПАРВАРӢ

8-04-2020, 22:26

Дар ҳудуди ноҳияи Панҷ 87 дарсади чорво ба хоҷагиҳои шахсӣ тааллуқ дошта, давоми як соли охир саршумори чорвои калон, асп ва моли майда дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ин ноҳия зиёд гардидааст.

Бо мақсади хушзот гардонидани чорвои шахсию ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои ҳайвонот дар заминаи хоҷагиҳои чорводорӣ 6 нуқтаи бордоркунии сунъӣ, 8 клиникаи бойторӣ фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар Ҷамоати деҳоти «Намуна»-и ноҳияи Панҷ  бо мақсади хушзот намудани чорво хоҷагии деҳқонии «Дарё»  фермаи чорводорӣ таъсис дода, дар марҳилаи аввал 80 сар чорвои зоти «Сементалии олмонӣ» ва  зоти «шведӣ» ворид намудааст.

Дар ноҳия ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ тад-бирҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар ин раванд хоҷагии парандапарварии «Панҷрӯд-5»-и ноҳия фаъолияти худро бо истифода аз технологияҳои муосири пешрафта ба роҳ монда, парвариши 33 ҳазор сар мурғро ба роҳ мондааст. Хоҷагии мазкур  дар як соли охир беш аз 2 миллиону 30 ҳазор дона тухм, 43 тонна гӯшти парҳезӣ истеҳсол намудааст.

Айни замон дар ҳама бахшҳои хоҷагидории ноҳия саршумори паранда ба 89 ҳазору 930 сар ва шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 2374 оиларо ташкил медиҳад.

Занбӯриасалпарварон дар соли сипаригардида 32,5 тонна асали хушсифат истеҳсол намудаанд. Бо мақсади рушди моҳипарварӣ бошад,  дар масоҳати 32,9 гектар 26 хоҷагии моҳипарварӣ таъсис дода шудааст.  Соли 2019 хоҷагиҳои моҳипарварии ноҳия беш аз 30 тонна моҳӣ истеҳсол кардаанд.

Имрӯз дар ноҳия 5500 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин 4882 хоҷагӣ ба парвариши пахтаву дигар намуд зироатҳои кишоварзӣ машғул буда, 135 хоҷагии чорводорӣ ва 26 хоҷагии моҳипарварӣ мебошанд.

 

ШералӣОдинаев,

сардори идораи

кишоварзии ноҳияи Панҷ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Истеҳсоли моҳӣ дар вилоят афзоиш ёфт

Хабарҳо

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ

Афзоиши саршумори чорво дар Хатлон

Хабарҳо
Ҷомӣ. Истеҳсоли моҳӣ зиёд мешавад

Ҷомӣ. Истеҳсоли моҳӣ зиёд мешавад

Иқтисоду тиҷорат, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Темурмалик корхонаи пашму пӯст месозад

Темурмалик корхонаи пашму пӯст месозад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ