Дар як сатр
» » ВОСИТА ВА УНСУРҲОИ МУҲИМИ ФАРҲАНГИ ОИЛАДОРӢ

ВОСИТА ВА УНСУРҲОИ МУҲИМИ ФАРҲАНГИ ОИЛАДОРӢ

8-04-2020, 22:20

Бунёди оила қадам ба мактаби вижаи рӯзгордорӣ, риоя ва эҳтироми суннатҳои хонаводагии миллист. Аввалин рисолати оиладорӣ ин идомаи насл, авлод ва миллат аст. Хушбахтии ҳар хонадон аз тавлиди тифл ибтидо меёбад. Ин ҳадяи бузурги Худованд аст, ки ду нафари ҳамқисмат соҳиби фарзанд мешаванду рисолати падарию модариро ба уҳда  мегиранд.

Дар масири зиндагӣ зинаҳои мухталифро убур мекунад ва баъди солҳо фарзандон ҳам ба он мерасанд, аммо то ба ин мақсуд расидан роҳ хеле пурпечу ноҳамвор аст. Зеро, на ҳар кас ба моҳияту мафҳуми оилаву оиладорӣ сарфаҳм мераваду муқаддасоти онро дарк месозад. Биёед, як ба таърихи оилаву оиладорӣ назар андозем.

Оила калимаи арабӣ буда – шакли занона ва муаннаси «оил» ба маънои «муҳтоҷ»  аз вожаи арабии «айла» гирифта шудааст, яъне «эҳтиёҷу ниёз» мебошад. Бо таъбири дигар «оила» мафҳуми зани муҳтоҷ. Аммо дар истилоҳ «оила» ба пайванди зану марде гуфта мешавад, ки зиндагии якҷоя ва боҳамро интихоб мекунанд, ҷуфт мешаванд ва аз онҳо фарзандон ба дунё меоянд.

Оиладорӣ иборат аст аз иҷрои масъулият ва уҳдадориҳое, ки ду ҷинси муқобил якдигарро бар уҳда мегиранд. Аз нуқтаи назари урфу  мазҳабҳои шарқӣ, алалхусус дар ислом, оила ва ё оиладорӣ шакли қарордодӣ дорад на паймонӣ. Яъне, вақте мо ба оиласозӣ ва оиладории дини масеҳӣ назар меафканем, мебинем, ки дар он мазҳабу кеш оиласозиву оиладорӣ дар асоси як аҳду паймон аст, на як қарордоду масъулиятпазирӣ. Як ҷуфти масеҳӣ вақте барои ақд вориди калисо мешавад, дар ҳузури поп ва меҳмонон ба ҳамдигар ақд мебанданд, ки то охирин лаҳзаи ҳаёт бо ҳамдигар хоҳанд буд ва дар сахтиву нармӣ дастгиру ёру ёвари якдигар. Ва ин  паймон баста мешавад, баъдан поп ё коҳини калисо онҳоро зану шавҳар эълон мекунад. Бояд қайд намоям, ки дар масеҳият талоқ вуҷуд надорад, зеро ин паймонро ҳеҷ кас ҳаққи шикастан надорад.

Ин ҳарчанд идеаливу зебо намояд ҳам, аммо амалан як кори ноустувор низ ҳаст. Чунки инсон хатокору аҳду паймоншиканаст ва барои онҳое, ки паймоншиканӣ мекунанд ва ё издивоҷашон барор намегирад ба ҳисороти калоне рӯ ба рӯ меоянд, ба мисли тақсимоти молу амвол ва ё нафақаи якумра.

Аммо дар дини мубини ислом издивоҷ як шакли қарордодӣ дорад, ба ин маъно, ки шумо вақте вориди ақду никоҳи мусулмонӣ мешавед, дар дараҷаи аввал зери як қарордод бо уҳдадориҳое имзо мегузоред, ки ҳам ҷавобгариҳои ин дунявӣ дораду ҳам ухравӣ (он дунё, охират).

Боз таҳлилу ташхисҳо ва назарсанҷии мутахассисон дар мавриди он ки чаро баъзе оилаҳо вайрон ё носолим мешаванд, омилҳои мухталифи иҷтимоӣ, руҳию равонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва моддиро паёмади ин зуҳурот арзёбӣ кардаанд. Ин омилҳо дар раванди ихтилофҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи муосир ногузир зуҳур кардаанд. Замони гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави меҳнатӣ мавқеи шаклгирифтаи аксар хонаводаҳоро дар анҷом додани шуғл, пайдо намудани манобеи моддии зиндагӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва ҳатто муносибатҳои оилавӣ тағйир дод. Масалан, имрӯз падару модар пеш аз ҳама дар бораи пардохти маблағи фарзандон барои таҳсил дар мактабҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва харидани китобҳои дарсӣ фикр мекунанд, зеро ин як талаби асосии иқтисоди бозорӣ мебошад. Аз ҷониби дигар, кӯшиш мекунанд то шуғле пайдо намоянд, ки бар ивазаш маоши хуб гирифта рӯзгорашонро таъмин карда тавонанд. Талош барои таъмини зиндагӣ ва қонеъ сохтани талаботи моддию маънавии худу фарзандон волидонро ба роҳҳои мухталиф мебарад. Ана ҳамин омили асосӣ  вазъи иҷтимоии оилаҳо аст, ки аз ҳамин гуна хостаҳо ва ихтилофҳо ибтидо мегирад. Дар раванди омӯзишу таҳлилҳо муайян гардид, ки фарзандон оҷизии волидонашонро дар ҳалли масоили иҷтимоиву моддӣ дида, ноумеду дилшикаста мешаванд, дигар онҳоро эҳтиром намекунанд, ҳатто ба роҳи хато қадам ниҳода ба қонуншиканӣ даст мезананд. Дар чунин ҳолат падару модарони соҳибмаълумот ва донишманд бо ақли солим ва тадбирҷӯиҳо ин мушкилотро ҳаллу фасл намуда муҳити созгори хонаводагиро таъмин менамоянд. Зану шавҳари аҳлу тифоқ метавонанд муҳити хонаводаро тавре таҳия намоянд, ки ҳама аҳли оила дар доираи талаботи арзишҳои миллӣ ва ҷомеаи муосир нақшаю ниятҳои худро ба қадри имкон амалӣ сохта тавонанд. Агар волидайн рисолати хешро нашиносанд ва тақдири фарзандонро боз ба гардани сарнавишту замона бор кунанд, ин паё-мади нохубе хоҳад дошт.

Бояд хотиррасон намуд, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди фарҳангҳо омили дигари коҳиш ёфтани суннатҳои оиладорӣ дар ҷомеаи анъанавии мост. Тарғиби идеологияи ғайр, рафтору гуфтор, анъаноти олудаи фаҳшу зӯроварӣ, тарғиби либосҳои бегонаю зери по намудани либоси миллӣ то ҷое мардуми моро асири худ кардааст, ки маданияту фарҳанги моро рӯз аз рӯз коста гардонида истодааст. Бостоншиносону таърихнигорон борҳо  собит сохтаанд, ки пӯшидани ҳиҷоб дар суннатҳои қадимаи миллии мо вуҷуд надошт. Дар оинаи таърих бонувони машҳур ба мисоли малика Томирис, малика Бухорхудот, Робиаи Балхӣ, Зебунисо, Дилшоди Барно ва дигарон рамзи озодӣ, далерӣ, шуҷоат ва маърифати баланди зани тоҷик буданд. Зану духтари тоҷик имрӯз бояд дар баробари ҳамқадами ҷаҳони муосир будан анъанаҳои ҳазорсолаи аҷдодиро фаромӯш насозанд. Боиси таассуф аст, ки бархе аз занону бонувон сатрпӯширо расм кардаанд. Агар нек назар андозем аксари ин сатрпӯшҳо, ки худро боиффат метарошанд, аз дини мубини ислому фарҳангу маърифати исломӣ бӯйе набурдаанд.

Дар охир боз мехоҳам таъкид намоям ба рисолати зан, ки дар оила мақоми вижа дорад ва ҳама баду неки ҳаёт, хислату рафтори ҳамидаи инсонӣ, сабурию отифӣ ва росткорию порсоӣ, тозагиву зебоипарастӣ, эҳтиёт аз ҳама гуна бемориҳои сироятиро дар замири фарзандон тарбият медиҳад. Аз ҳама муҳим, посдории хонаводаю муҳаббату садоқату меҳру вафо зан буд, ҳаст ва бояд чунин бимонад.    

 

ТуҳфаАҳмадова,

рӯзноманигор



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Оила- асоси зиндагӣ

Оила- асоси зиндагӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Бармаҳал хонадор намудани ҷавонон иштибоҳи маҳз аст

Бармаҳал хонадор намудани ҷавонон иштибоҳи маҳз аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Зани бомаърифат - оилаи солим

Зани бомаърифат - оилаи солим

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Озмуни асарҳои драмавӣ ба ифтихори «Соли оила»

Озмуни асарҳои драмавӣ ба ифтихори «Соли оила»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА