Дар як сатр
» » САРМУҲОСИБОН СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ГАШТАНД

САРМУҲОСИБОН СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ГАШТАНД

8-04-2020, 22:15

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои вилоятиву шаҳрӣ ҷиҳати амалӣ намудани дас-туру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва роҳбарияти Вазорати молияи кишвар  дар  Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Маркази бозомӯзӣ ташкил карда шуд.

Соли равон 20 нафар шунавандагони Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  дар Сарраёсати молияи вилоят молиячиёну иқтисодчиёнро хатм намуданд, ки ба онҳо дар вазифаи тантанавӣ супурда шуд.

Дар маросими сертифи-катсупорӣ   сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр  баромад намуда, иброз аз он дошт, ки  курси таълими ихтисос бо мақсади таъмини фаъолияти бонизом ва самараноки баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ ба роҳ монда шудааст.

Назарзода Бахтиёр дар идомаи баромадаш изҳор дошт, ки дар қатори дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми майи соли 2015 "Дар бораи Дастур-амали намунавии мансабии  сармуҳосиб” қабул гардидааст, ки он барои роҳбарони хизматрасонии муҳосибии мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки баҳисобгирии муҳосибӣ мебаранд ва ҳисоботи баанҷомрасидаи муҳосибӣ тартиб медиҳанд, инчунин барои  сармуҳосибони муҳосиботҳои  марказонидашуда пешбинӣ шудааст. Тибқи муқаррароти дастурамали мазкур сармуҳосибони ташкилотҳои буҷетӣ дар мувофиқа бо мақомоти молия, яъне Сарраёсати молия ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мегарданд.

Сармуҳосиб бояд дониш ва малакаи касбӣ дошта бошад,  дар 3 сол аз курси такмили ихтисос гузарад, 1 маротиба ҷиҳати баланд бардоштани тахассуси касбӣ, бо комютер кор карда тавонанд.

Дар идомаи ҷамъомад қайд гардид, ки ба вазифаи  сармуҳосиб таъин намудани шахсони тасодуфӣ боиси аз ҳисоб берун монадани маблағҳои давлатӣ, зиёд гардидани ҳаҷми маблағҳои ошкоршудаи зарари молиявӣ дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои нақшавии мақомотҳои санҷишӣ, ба буҷети давлатӣ нодуруст ворид гардидани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, мусоидатнамоӣ ба ҳолатҳои коррупсионӣ, инчунин дигар ҳолатҳои номатлуб мегардад.

Дар анҷоми маросими сертификатсупорӣ сармуҳо-сибон изҳори минадории худро ба  устодону масъулони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон расониданд.

 

ДалерШарифов



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Маркази бозомӯзӣ барои мутахассисони ҷавон

Маркази бозомӯзӣ барои мутахассисони ҷавон

Иқтисоду тиҷорат

Курси омӯзишӣ

Иқтисоду тиҷорат
Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Санҷиши кори 630 муассиса дар як сол

Санҷиши кори 630 муассиса дар як сол

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА