Дар як сатр
» » МАҲСУЛОТИ ХУШСИФАТРО БРЕНДИ МИЛЛӢ МЕБОЯД

МАҲСУЛОТИ ХУШСИФАТРО БРЕНДИ МИЛЛӢ МЕБОЯД

8-04-2020, 22:09

Тибқи гузоришҳои Созмонҳои байналмиллалии марбут ба сифати маҳсулоти хӯрокворӣ ва бехатарии озуқа зироатҳои парвардаи кишоварзони Тоҷикистон аз лиҳози экологӣ дорои сифати беҳтарин эътироф гардидааст.

Дар баробари сифати баланду хосиятҳои шифобахшӣ ва экологӣ доштан меваю сабзавот, полезиҳои Тоҷикистон бо нархи арзон ба хориҷ содир карда мешавад. Дар ҳоле ки арзиши аслии маҳсулот барои деҳқонони мо гарон асту дар бозорҳои кишвар бошад, рақобати маҳсулоти воридотӣ ва маҳсулоти кишоварзии маҳаллӣ мушоҳида мешавад.

Сифати маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзии ба бозору мағозаҳо воридшуда дар озмоишгоҳ тавассути технологияи муосири ташхисӣ санҷида мешаванд. Ба гуфтаи Бахтиёр Назаров, мудири бахши озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрокаи Маркази "Тоҷикстандарт” дар вилояти Хатлон, озмоишгоҳи мазкур дар се бахш: физикӣ, кимиёӣ ва бехатарӣ, яъне, микробиологӣ  фаъолият дошта, тамоми маҳсулоти  кишоварзӣ ва хӯроквориеро, ки ба ваколати озмоишгоҳ дохил мешавад, аз ташхис мегузаронад. Аз меваю сабзавот ва полезиҳои ба фурӯш гузошташуда, асосан, миқдори нитратҳоро муайян карда мешавад. Агар дар таркиби ягон номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ миқдори нитратҳо аз меъёри муаянгардида зиёд бошад, фурӯши онро манъ карда, ин гуна маҳсулотро ҳамчун хӯрокаи чорво ба ферма ё хоҷагиҳои моҳипарварӣ фиристода мешавад.

Зиёд шудани миқдори нитратҳо дар таркиби маҳсулоти кишоварзӣ бошад, дар ҳолати риоя накардани давраи дорупошӣ ва ё нодуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ рух медиҳанд. Соли гузашта як ҳолати дар таркиби тарбуз зиёд будани нитратҳо ошкор гардид, ки фурӯши онро манъ намуданд.

Дар баробари фарорасии фасли баҳор ва воридоти помидору бодиринг ва дигар маҳсулоти пешпазак фаъолияти ниҳодҳои марбута дар самти санҷиши сифати меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар бозору мағозаҳо ҷоннок мегардад.

- Ба ҷуз нозирони соҳаҳои назорати сифат ва бехатарии озуқаворӣ, инчунин дар назди бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар озмоишгоҳи Маркази таъмини бехатарии озуқа фаъолият дорад, ки ҳамарӯза тамоми  маҳсулоти кишоварзии ба бозор воридгардида ташхис карда мешаванд, - мегӯяд Бону Фатҳуллоева, сармутахассиси озмоишгоҳи мазкур.

Дар баробари санҷиши миқдори нитратҳои таркиби маҳсулот, инчунин ташхисгарон ба тарзи нигоҳдории маҳсулот, тозагии санитарӣ, муҳлати истифодаи он аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Таҷрибаи ҳамасола собит менамояд, ки маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли маҳаллӣ ба тамоми меъёрҳои сатҳу сифати маҳсулот ҷавобгӯй мебошад. Зеро деҳқонони вилоят аслан нуриҳои минериалиро мувофиқи меъёр истифода мебаранд. Дар мавриди тарзи нигоҳдорию ба фурӯш баровардани меваю сабзавот ва полезию дигар зироатҳои кишоварзӣ бошад, сол аз сол вазъ беҳтар мегардад. 

Маҳсулоти тару тоза хоҷагидорони Ҷамоати деҳоти "Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён, ки ба бозорҳои минтақа ворид мешаванд гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Дар ин шабу рӯз деҳқонони деҳаи Мирзо Турсунзодаи деҳоти мазкур ҳосили нахустини заминҳои худ-помидору бодиринг ва сабзиҳои пешпазакро ба бозор бароварда истодаанд.

Аз суҳбат бо деҳқонони Ҷамоати деҳоти "Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён бармеояд, ки ягона масъалаи ҳалталаб дар ин шабу рӯз паст фаровардани нарху навои помидору бодиринги барвақтӣ мебошад. Зеро аз охирҳои фасли зимистон то моҳи март арзиши як килограмм помидору бодиринг 15-20 сомонӣ  мебошад.

- Арзиши гарони маҳсулоти барвақтӣ аз он хотир аст, ки маводи пӯшиши гармхонаҳо, яъне плёнка аз давлати Эрон ба кишвари мо ворид мешавад, ки як бастаи он арзиши баланд дорад. Агар истеҳсоли плёнкаи хушсифат дар кишвари мо ба роҳ монда мешуда, теъдоди бештари деҳқонон ба парвариши маҳсулоти барвақтӣ машғул мешуданд, - бо боварӣ мегӯянд зироаткорони ноҳияи Кӯшониён

 

Ҷ. Сайфиддин,

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҲАДАФ: СОДИРОТИ БЕШТАРИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ҲАДАФ: СОДИРОТИ БЕШТАРИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

Ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ

Ҷайҳун. Азми истеҳсоли 3,5 ҳазор тонна лимӯ ва 33000 тонна сабзӣ

Арсаи кишоварзӣ
24 шикоят аз паст будани сифати маҳсулот

24 шикоят аз паст будани сифати маҳсулот

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
Барои фурӯши маҳсулоти пастсифат 319 нафар муҷозот шуд

Барои фурӯши маҳсулоти пастсифат 319 нафар муҷозот шуд

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР