Дар як сатр
» » 8736 сар чорвои хушзот вориди бозор гашт

8736 сар чорвои хушзот вориди бозор гашт

14-11-2017, 11:51

8736 сар чорвои хушзот вориди бозор гашт

Дар молбозори «Ботуробод»-и шаҳри Сарбанд аз ҷониби Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон намоиш, фурўши чорвои навъи зотӣ баргузор гардид.
Дар ин рўз аз 14 шаҳру ноҳияи минтақаи Қўрғонтеппа кишоварзони номдор аз дастранҷи хеш 8 ҳазору 736 сар намунаи чорвои хушзоти хурду калон ва намудҳои гуногуни парандаю моҳиро ба маърази тамошо ва фурўш гузоштанд.


- Намоиш - фурўши чорвои навъи зотӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба Хатлон ташкил ва гузаронида шуд,-мегўяд Абдуқаҳҳор Усмонов, сардори Раёсати чорводорӣ ва растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон.

Ҳамчунин, ў қайд менамояд: «Мақсади чорабинии имрўза дар он аст, ки чорвои беҳтарин ва хушзотро дар байни хоҷагиҳои вилоят муаррифӣ намуда, ба ин васила, миёни хочагиҳои чорвопарварӣ ва аҳолӣ, додугирифти байни ҳамдигарро замина гузорад».

Бояд гуфт, ки дар намоиш- фурўши чорвои зотӣ чорводорони ноҳияи Бохтар сазовори ҷойи аввал, ноҳияи Хуросон ҷойи дуюм, ноҳияи Вахш ҷойи сеюмро гирифта, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Ба ҳамин монанд, дар маркази савдои Каёнўши ноҳияи Данғара низ бо иштироки кишоварзони 11 шаҳру ноҳияи минтақаи Кўлоб намоиш, фурўши чорвои хушзот баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки чорводорӣ ва тараққӣ додани он яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти чорво ва такрористеҳсолкунии он вазифаи асосии чорводорон мебошад.

Низомиддин ИСОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Қубодиён

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Қубодиён

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Иштирок дар ярмаркаи фурӯши чорво ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон

Иштирок дар ярмаркаи фурӯши чорво ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Кишоварзон такмили ихтисос карданд

Кишоварзон такмили ихтисос карданд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

Матолиби чандрасонаӣ