Дар як сатр
» » ДАСТУРЕ, КИ МОРО БА ХУДШИНОСӢ ҲИДОЯТ МЕНАМОЯД

ДАСТУРЕ, КИ МОРО БА ХУДШИНОСӢ ҲИДОЯТ МЕНАМОЯД

8-04-2020, 22:04

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ ҳамовозии васеъ пайдо карда, мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор дорад. 

Дар Паём ба масъалаҳои фарогирии донишҳои замона-вӣ, мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Бо назардошти боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд. Ин иқдом, бешак, ба пешрафти минбаъдаи ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Пешвои миллат дар Паём ҳамчунин аз таърихи пурифтихори халқи тоҷик ёдовар шуда, онро мактаби бузурги худшиносӣ маънидод намуданд. Зикр карданд, ки мо бояд ба таърихи пурифтихори халқамон арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба ватан ташвиқ намоем. Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки боиси воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ гардидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. «Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо ориёитабор будани худ ифтихор кунем»,- иброз доштанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Пешвои муаззами миллат бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва дар ин замина дур шудан аз бегонапарастӣ, нагаравидани мардум ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою даҳшатафкан масъулонро вазифадор намуданд, ки шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон» - ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Пешвои миллат ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа намоянд. Воқеан ин иқдоми Сарвари давлат мояи ифтихори ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зеро мардуми фарҳангдӯсти тоҷик пурра имконият меёбад, ки аз таъриху фарҳанги ғании хеш огоҳӣ пайдо намояд.

Ҳамзамон, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳо муваззаф шуданд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳангӣ, таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа, мусоидат ба раванди ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи самарабахши неруи фарҳангӣ ва маънавии миллат низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар робита ба ин, пешниҳод гардид, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҳар сол баргузор карда шавад. Бешак, ин раванд метавонад боиси соҳибмаърифатии ҳар як фарди ҷомеаи соҳибистиқлол гардад.

 

Ҷамолиддин ФАЙЗАЛӢ,

ноҳияи Шамсиддин Шоҳин


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАОРИФ

Маориф ва илм

ТАВАҶҶУҲ БА ИЛМУ МАОРИФ БЕШТАР АСТ

Маориф ва илм

БАРНОМАИ РАҲНАМУНСОЗ

Маориф ва илм

ПЕШВОИ МИЛЛАТ- МАОРИФПАРВАРИ БУЗУРГ

Маориф ва илм

КИТОБ - РАҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

Фарҳанг ва адабиёт