Дар як сатр
» » ХИСЛАТИ НЕКИ ИНСОНӢ ДОРАД

ХИСЛАТИ НЕКИ ИНСОНӢ ДОРАД

8-04-2020, 21:59

Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бештари баромадҳои худ ҷиҳати дар муомилаю муошират бо корафтодагон меҳрубону дилсӯз будани роҳбарони идораҳои давлатӣ чунин таъкид мекунанд: «Мо - мансабдорони давлатӣ як асолат дорем, ин ҳам бошад, ба мардум хизмат кардан, муомила ва муоширати нек доштан аст. Ман гумон мекунам, чунин рисолатро ҳамон касе ба ҷо оварда метавонад, ки аз хурдӣ аз падару модари бузургвораш тарбия гирифта, аз китоб баҳра бардошта бошад».

Чунин маданияти баланди инсониро дар суҳбату мулоқот, муомилаю муошират ва, умуман, дар тарзи роҳбарии раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон мушоҳида кардаам.

Боре дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия Фархор бо ӯ вохӯрдам. Баъди салому алейк он кас пурсиданд: "Дар китобхонаатон китоби «Штаби генералӣ»-и лашкаркаши рус Жуковро доред?”

- Бале дорам, - посух додам ман.

Сипас, раис ба суханашон идома дода гуфтанд: «Чӣ дар овони мактабхонӣ ва чӣ дар овони донишҷӯйи ҳамин китоби ёддоштии Жуковро дар дасти падарам (ҷояшон ҷаннат бошад) медидам. Бидуни он, ки қиблагоҳам аз дарди пойҳояшон ранҷ мекашиданд, хондани китобро дӯст медоштанд. Чанд маротиба нияти хондани ин китобро кардам. Аз чӣ бошад, ки вақт даст надоду бо ҳамин хондани китоби дӯстдоштаи падарам мавқуф монд. Барои ҳамин, хоҳиш мекунам, ҳамон китобро барои ман биёред, то мутолиа кунам».

- Хуб шудааст, - гуфтам ва офарин хондам, ки раис бо ин қадар серкорӣ дар фикри мутолиаи китоб аст, барои хондан вақт меёбад. Ин ҳам сабаб дорад. Тарбияи падару модари бузургворашонро гирифтааст, ки китоб барояш фурӯғи субҳи доноӣ, шудааст. Ҳамин буд, ки дар се соли раиси ноҳияи Фархор буданаш дар байни мардум эҳтиром ва маъруфият пайдо кард. Ҳоло мардуми шарифи Фархор Қурбон Ҳакимзодаро ҳамчун раиси ободгару бомаърифат ёд мекунанд, дар ҳаққаш сухани нек мегӯянд. Ӯ ба ҳамаи соҳаҳо баробар таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Аз ҷумла, дар давраи раисии худ теъдоди обунаи рӯзномаи «Гулистон» - нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба се ҳазору ҳаштсад нусха расониданд. Мисоли дигар, дар Ҷамоати деҳоти «Гулшан» кишоварзон аз оби полезию пахтакорӣ танқисӣ мекашиданд. Дар муддати кӯтоҳ ин мушкилот ҳалли худ-ро ёфт. Ёдовар мешавем, ки дар ин ҷо аввалин боғҳои дарахтони мевадиҳанда дар давраи раисии Қурбон Ҳакимзода бунёд ёфтанд. Бо иқдоми неки раис аз  ҳосили хуби зардолузор хушккунонӣ сар шуда буд. Дигар  корҳояш ҳам хеле пешрав буданд. Сафарбаркунонии ҷавонон дар ду даъват ба сафи қӯшунҳои Артиши кишвар ҷоннок гардид.

Бо адибон ва рӯзнома-нигорони ноҳия пайваста дар иртибот буданд. Барои чопи китобҳои шоирону нависандагони ноҳия маблағ ҷудо мекарданд.

Вақти ба ҳайси раиси вилояти Хатлон таъйин шудан низ Қурбон Ҳакимзода амали ободгароӣ ва дастгирии ниёзмандонро идома дод. Аз ҷумла, ба варзиш, бахусус ба рушди футбол, диққати ҷиддӣ доданд. Дар ибтидои соли 2019 барои ҷоннок гардидани тими футболи «Ҳосилот»-и Фархор 100 ҳазор сомонӣ ва барои тими шаҳри Кӯлоб сесад ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи вилоят ҷудо карданд, ки дастгирии хуби раис барои рушди футбол аст.

- Ободгароӣ беҳтарин рисолати миллати мо-тоҷикон аст. Пеш аз он ки дарахти солхӯрдаеро канданӣ мешавед,   аввал чанд ниҳоли навро шинонед, - таъкид мекарданд раис.

Имрӯзҳо дар шафати роҳҳои ҷамоатҳо дарахтони мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ шинонида шудааст. Мардум мегӯянд, ки ҳамин дарахтонро раис Қурбон Ҳакимзода шинонидааст.

Ҳар боре, ки  бо директори МТМУ №5 устод Амонулло Абдуллоев вомехӯрдам, пас аз салому аҳволпурсӣ, албатта, аз шароити бади таълимгоҳаш шиква мекард. "Бо заҳмати муаллимону иддае аз падару модарони дилсӯзи деҳа чор синфхона сохта бошем ҳам, аз вазъи бади таълими себастагӣ баромада натавонистем. Назди Қурбон Ҳакимзода рафтаниам. Ба раис вазъи бади бино, нарасидани синфхонаҳоро мерасонам. Боварӣ дорам, ки раис ба додам мерасанд” - гуфт устод.

Бо гузашти чанд муддат, тасодуфан бо устод вохӯрда мондам. Хурсандии устод ҳадду канор надошт. "Бо мусоидати раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон бунёди синфхонаҳо барои 360 ҷойи нишаст дар паҳлуи мактаб ба нақша гирифта, бунёд мешавад ва мушкилоти таълим ҳал хоҳад шуд. Аллакай кори сохт-мон аз тайёр кардани ҷойи синфхонаҳо шурӯъ шудааст”, - қаноатмандона гуфт устод Абдуллоев.

Офарин, ба маорифпарвариатон, раис! Боз мегӯям, роҳбари китобдӯсту китобхон мушкилӣ ва камбудиҳои мардумро пештару беҳтар дарк мекунад. Бемуҳобо, фарзанди асили ҳамин миллатед.

Дар арафаи ҳар як ҷашну чорабиниҳо бо иқдоми неки раис ба нафақахӯрон, сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, ба хонаҳои бачагон кумак мерасонанд. Раис, албатта, ба аёдати беморону камбизоатон меравад, аз рафти сохтмонҳои ҷашнӣ огоҳ мешавад, бо боғпарварон мулоқот ороста, маслиҳатҳо медиҳад ва роҳҳои рушди боғпарвариро бо ҳам раду бадал мекунанд.

Дарвоқеъ, раис Қурбон Ҳакимзода роҳбари замони нав ҳастанд. Набзи замонаро хуб дарк мекунанд. Чуноне ки раис мегӯяд: «Роҳбар ҳақ надорад аз талаботи замон ва ҳаёт қафо монад». Кош ҳама роҳбарон шумо барин мешуданд.

Маркази вилояти Хатлон бо ном боғи истироҳатӣ-фароғатӣ дошт. Ба изати нафси ягон собиқ раиси вилоятамон расиданӣ нестам. Онҳо 3-4-солӣ раисӣ карданду рафтанд, аммо мардуми ин шаҳри қадима боғи истироҳатӣ надошт гӯям, хато намешавад. Имрӯз ба маркази вилоят равед, мебинед, ки боғи шаҳр азнавсозӣ шудааст. Гулгаштҳои зебо, дарахтони нодир, арғунчакҳо барои кӯдакону калонсолон, биноҳои зебо маҳсули иқдомҳои ободгарои раис Ҳакимзодаанд.

Сухани воло ва ба манфиати маърифату маънавиёти мардум гуфтанро меписандад. Боре ба мактаб омаданду ба синфхонаи адабиёт даромада, як сухани нависандаи маъруфи Доғистон Расул Ғамзатовро диданд: «Агар ман донам, ки забони миллати ман пагоҳ мемирад, ман тайёрам, ки имрӯз бимирам». Сипас  ба муовинашон рӯ оварда гуфтанд: «Ҳамин суханро навишта гиред ва чун шиор дар маркази шаҳрак овезед. Фаромӯш накунед, ки худшиносии инсон аз дӯст доштани забони модарӣ шурӯъ мешавад».

Дар мулоқоту баромад-ҳояшон ба мантиқи сухан эътибор медиҳанд. Умуман, маданигуфтору маданирафторанд. Пайваста барои тасдиқи фикрҳояшон аз суханони Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далел меоранд. Ба афкору пешниҳодоти Пешвои миллат сидқан арҷ мегузоранд.

Воқеан, раис фарзанди миллати хешанд. Дар рӯзҳои шанбегӣ иштироки фаъолона доштанд. Дар яке аз рӯзи шанбегӣ мо-омӯзгорон ба тозакунии ҷӯйборҳои обрав ва сафедкунии дарахтон машғул будем. Раис назди мо омада, ба кор оғоз карданд. Дар бари ҷӯйбор чинори азиме месабзид, нафаре аз омӯзгорон аз раис иҷозати бурида гирифтани чинорро кард.  Раис андаке таваққуф карда, ба муаллим чунин посух дод: "Муаллим, аввал 5-6 дарахт шинонед, баъд аз буридани дарахте сухан кунед. Чизеро,  ки дигарон бо меҳнат ба даст овардаанд, бе меҳнат магиред».

Ин асолати бузургро, бемуҳобо мегӯям, ки Қурбон Ҳакимзода тавассути мутолиаи зиёди китоб дар худ хислат кардаанд. Бо итминони комил мегӯям, ватандӯсту худшинос аст, дилу дидаи пок дорад. Танҳо чунин мардон дар кору зиндагӣ муваффақ мешаванд.

А. Маҷидзода,

омӯзгор аз ноҳияи  Фархор



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

РАИСИ ВИЛОЯТ: «ДАСТГИРИИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ТАҲТИ ТАВАҶҶУҲ ҚАРОР ДОРАНД»

РАИСИ ВИЛОЯТ: «ДАСТГИРИИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ТАҲТИ ТАВАҶҶУҲ ҚАРОР ДОРАНД»

Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Ҳокимияти давлатӣ
Темурмалик. Мардуми ватандӯст диёрро ободу зебо мегардонанд

Темурмалик. Мардуми ватандӯст диёрро ободу зебо мегардонанд

Ҳокимияти давлатӣ
Амиршо Миралиев - раиси ободгар

Амиршо Миралиев - раиси ободгар

Чеҳранигорӣ, БОЙМУРОД САЙДАЛИЕВ
Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА