Дар як сатр
» » БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

8-04-2020, 21:56

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда ва корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғара сафари корӣ дошт.

7 апрели соли равон дар ҷараёни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз фаъолияти корхонаи «Фарм Текс», ки ба истеҳсоли маҳсулоти гигиенӣ, маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ машғул мебошад, дидан карданд.

Ба иттилои масъулин, дар коргоҳ дар як шабонарӯз беш аз 25 ҳазор адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ истеҳсол мегардад. Фаъолияти корхона шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, бештар бонувони маҳаллӣ ва мутахассисон аз худи ноҳия ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд.

Зимни боздид аз фаъолияти коргоҳ Сарвазир Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба масъулин барои дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб истеҳсол намудани ниқобҳои тиббӣ дастурҳо доданд. Зеро имрӯзҳо талабот ба ниқобу дигар маводи гигиенӣ бештар гардидааст.

Ба иттилои Муборакшо Катахонов,  директори иҷроияи корхона оид ба рушд, маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳ ҳамарӯза ба муассисаҳои тандурустӣ ва дорухонаҳои мамлакат дастрас мегарданд. Сарвазири кишвар ба аҳли кормандон барои бо сифати хуб анҷом додани фаъолияташон изҳори сипос намуд.

Қобили зикр аст, ки корхонаи «Фарм Текс»-и ноҳияи Данғара асосан ба истеҳсоли маводи бас-ту банди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 13 номгӯй маҳсулот истеҳсол мекунад.

Дар ин шабу рӯз корхона истеҳсоли ниқобҳои босифати аз дока ва пахтаи маҳаллӣ таҳиягардида ва маводи истифодаи гигиенаи шахсиро ба маротиб афзун карда, дар як шабонарӯз аз 20 то 25 ҳазор ниқоб ва маҳлули безараргардонӣ истеҳсол менамояд.

Корхонаи «Фарм Текс» дар як шабонарӯз имконият дорад 2 ҳазор килограмм пахтаро коркард карда, дар доираи стандартҳои ҷорӣ, дар навбати аввал пахтаи гигроскопии сафедкардашуда омода намуда, сипас пахтаи тиббӣ, пахтаи стоматологӣ дар шакли тампон, салфеткаҳои пахтагиву докагӣ ва навъҳои гуногуни бинти тиббии тамизшуда ва лейкопластир истеҳсол намояд.

Дар доираи сафари корӣ   Сарвазири    мамлакат   Қоҳир   Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ҳамчунин, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар беморхонаи бемориҳои сироятӣ, воқеъ дар кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзода, дидан намуданд.

Беморхона 5-ошёна буда, пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хизматрасони сохтмони асосӣ» ва маблағгузораш мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мебошад. Ҳаҷми сохтмон 25302,90 м3-ро ташкил медиҳад. Интизор меравад, ки бино дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Сарвазири кишвар ба бинокорон ва масъулон дастур доданд, ки суръати корҳои сохт-мониро афзуда, онро бо сифати баланди ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва дар вақти муайяншуда ба истифода супоранд.

Ба иттилои Бахтиёр Ашӯрзода, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Данғара, то имрӯз дар ноҳия 138 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст. Бештари иншоотҳои ҷашнӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешаванд.

Ёдовар мегардем, ки 30 марти соли ҷорӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустӣ дар ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар беморхонаи ноҳияи Данғара барои қариб 300 ҷойи хоб, инчунин бунёди марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои муосири тиббӣ дар ҳар як деҳот ва шаҳрак, тезонида шавад.

Сипас, Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон аз боғи навбунёди хоҷагии деҳқонии «Хуросон» ва корхонаи мевахушккунӣ дидан карданд.

Саҳмдорони хоҷагии деҳ-қонии мазкур дар парвариши маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи бой доранд. Дар ин ҷо кишти зери плёнка хуб ба роҳ монда шуда, ҳамчунин, корхонаи коркарди меваи хушк бунёд гардидааст ва дар назар аст, ки коргоҳи афшурабарорӣ бунёд гардад.

Тавре иттилоъ доданд, боғи навбунёд дорои сад ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда, аз қабили гелос, олу, себ, зардолу, шафтолу ва дигар намуди меваҳо мебошад, ки бо роҳи обмонии қатрагӣ парвариш меёбанд.

Меҳмонон, инчунин аз корхонаи мевахушккунӣ, ки сохтмони он дар айни замон ҷараён дорад, дидан намуданд.

Худи ҳамон рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз даромадгоҳи нақби обёрии Данғара, воқеъ дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти «Себистон»-и ноҳияи Данғара, боздид намуданд.

Дар аснои шиносоӣ таъкид карда шуд, ки дар асоси дас-туру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ дар ноҳия ҳарчи зудтар бартараф карда мешавад.

 

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси

вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ МАВЗЕЪҲОИ ОСЕБДИДАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ҳокимияти давлатӣ
Сафари кории сарвазири мамлакат ба Леваканту ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Сафари кории сарвазири мамлакат ба Леваканту ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Ҳокимияти давлатӣ
Сафари кории Сарвазири мамлакат ба шаҳри Қӯрғонтеппа

Сафари кории Сарвазири мамлакат ба шаҳри Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА