Дар як сатр
» » ХИЗМАТ ДАР САФҲОИ АРТИШИ МИЛЛӢ ҚАРЗИ МУҚАДДАСИ ФАРЗАНДӢ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФҲОИ АРТИШИ МИЛЛӢ ҚАРЗИ МУҚАДДАСИ ФАРЗАНДӢ АСТ

8-04-2020, 19:09

Дар ҳар давру замон фарзандони содиқи миллат ватани хешро ҷавонмардона ҳифз менамуданд. Баҳри оромию пойдории сулҳу ваҳдат сина сипар мекарданд. Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ватан барои ҳар як ҷавони баору номус қарзи ҷавонмардию инсонӣ маҳсуб меёфт.

Боиси хушнудист, ки дар даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо иқтидори мудофиавии он боз ҳам мустаҳкам гардида, дар қисмҳои низомӣ шароити буду боши сарбозон хуб гардидааст.

Натиҷаи дастгириҳои ҳама-ҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз Артиши миллӣ ҳамаҷониба боиқтидору пурқудрат гардидааст. Ҷавонон бо амри дил ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд. Имрӯзҳо маъракаи даъват ба хизмати ватан ба чорабиниҳои бошукӯҳ табдил ёфтааст.

Рӯзи 3 апрели соли равон варзишгоҳи ДДБ ба номи Носири Хусрав идгоҳро мемонд. Гурӯҳ-гурӯҳ ҷавонони синни даъватӣ дар даст Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба варзишгоҳ оварда буданд. Дар ҳар қадам дар маркази вилоят-шаҳри Бохтар онҳоро сокинони шаҳр, хурду бузург бо гулу гулдастаҳои муаттар ва шеъру тарона пазироӣ менамуданд.

Варзишгоҳ низ бо ширкати даъватшавандаю ҷавонон, волидайну донишҷӯён ҳусни идона гирифта буд. Нахуст комиссари ҳарбии вилоят Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 Ҷумҳурии

Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»-ро қироат намуд.

Пасон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода сухан намуда, иброз дошт, ки мардуми тоҷик дар масири таърих соҳиби давлат, забон, фарҳанг, артиш ва расму оини худ буд ва имрӯз низ дифоъ аз муқаддасоти миллӣ, ҳимояи марзу буми меҳан, арзишҳои миллӣ, пос доштани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, рисолати ҳар як фарди бедордил ба шумор меравад. Зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ раиси вилоят саҳми ҷавононро дар ҳимояи ватан назаррас ва шоистаи таҳсин арзёбӣ намуд. Бо меҳру муҳаббати ҷовидона, бастани камари ҷавонмардона, баҳри хизмати муқаддаси ватан ба ҷавонон изҳори миннатдорӣ баён намуд. Чуноне ки раиси вилоят зикр дошт, бехатарии давлат, ҳимояи марзу буми меҳан дар ҳар давра артиш буд ва артиш мемонад.  Бо дастгирӣ ва сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои низомӣ шароити хуб муҳайё гашта, бо кадрҳои ҳамаҷониба обутобёфта ва илмомӯхта таъмин мебошанд.

Дарвоқеъ, тарбияи ватандӯстӣ,  баланд бардоштани ҳувияти хештаншиносии ҷавонон вазифаи ҷонии волидон, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад. Ин буд, ки роҳбари вилоят ба волидайну пайвандони даъватшавандаҳо ва сарбозон изҳори миннатдории хешро расонид.

Ҳамин тавр, модари навдаъватшаванда Моҳтобӣ Бегонова изҳор дошт, ки  фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пос доштани муқаддасоти миллӣ, эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни ниёгон тарбия намуда, имрӯз ифтихор дорад, ки фарзандаш дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи

Ҷумҳурии Тоҷикистон адои қарзи инсонии хешро менамояд.

Пас аз ҷамъомади тантанавӣ қисмати фарҳангии чорабинӣ оғоз гардид. Санъаткорони Раёсати фарҳанги вилоят ва шаҳри Бохтар беҳтарин тарона, суруду шеърҳоро дар васфи ватан, ҳимояи марзу буми кишвар, модар, Тоҷикистони азиз, сулҳу ваҳдат пешкаши ҳамагон намуданд.

Дар ин рӯз беш аз 700 нафар ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, ба хизмати муқаддаси ватан роҳсипор гардиданд. Дар нахуст рӯзҳои даъвати баҳорӣ шаҳру ноҳияҳои Норак, Н. Хусрав ва Ш. Шоҳин аз иҷрои нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона мужда расониданд.

 

А. САФАРЗОДА,

"Хатлон”


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОМОДААНД

ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОМОДААНД

Ҳуқуқу амният
ХИЗМАТ БА ВАТАН - МОДАР ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ БА ВАТАН - МОДАР ШАРАФ АСТ

Ҳокимияти давлатӣ
«Ватан - Модар ба бозуи мардонаи шумо умед дорад»

«Ватан - Модар ба бозуи мардонаи шумо умед дорад»

Ҳокимияти давлатӣ
Ҷавонон бо амри дил ба артиш мепайванданд

Ҷавонон бо амри дил ба артиш мепайванданд

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Сарсупурдаҳои Ватан

Сарсупурдаҳои Ватан

Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА