Дар як сатр
» » Рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

14-11-2017, 11:45

Рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ, яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Тибқи татбиқи ислоҳот дар мамлакат фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардидааст. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор дастуру қарорҳои марбут ба соҳа ба имзо расидааст, ки ба фаъолияту рушди бемайлони фазои соҳибкорӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард. Ин ва дигар масоили вобаста ба соҳа дар ҷаласаи нуҳуми Шўрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор ёфт.

Муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов зимни суханронӣ ироа дошт, ки дар Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ саҳми соҳибкорону сармоягузорон дар татбиқи афзалиятҳои муайянкардаи Ҳукумат, бахусус доир ба рушди босуботи иқтисодӣ, воридоти технологияҳои ҳозирзамон, бунёди ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, инчунин, анҷом додани корҳои созандагӣ ва хайру эҳсонкорӣ равшану возеҳ арзёбӣ гардидааст.

Чуноне ки дар ҷамъомад зикр гардид, соҳибкорону сармоягузорони вилояти Хатлон низ дар самти рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, бунёди садҳо коргоҳу корхонаҳо, ободонии роҳу маҳалҳо саҳми беандоза доранд.

Зимни ҷаласа ҳамчунин рафти иҷрои нақшаи кории котиботи Шўрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ҳисоботи гурўҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи “Барномаи ҳудудии рушди соҳибкорӣ” дар вилоят ва фаъолияти Шўрои машваратии назди раисони ноҳияҳои Шаҳритуз ва Фархор мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба Шўроҳои машваратии шаҳру навоҳии вилоят баҳри боз ҳам ҷоннок намудани фаъолият дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.

ВАХШОНА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Соҳибкорӣ рушд меёбад

Соҳибкорӣ рушд меёбад

Хабарҳо, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Фазои сармоягузорӣ беҳтар мешавад

Фазои сармоягузорӣ беҳтар мешавад

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Мулоқот бо соҳибкорон

Мулоқот бо соҳибкорон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Се самти асосии фаъолияти Шӯро муайян шуд

Се самти асосии фаъолияти Шӯро муайян шуд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо