Дар як сатр
» » Бадахшон маъракаи сафарбарии наваскаронро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ анҷом дод

Бадахшон маъракаи сафарбарии наваскаронро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ анҷом дод

2-04-2020, 19:08

ДУШАНБЕ, 02.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел, дар рӯзи нахустини оғози даъвати баҳорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 шаҳру ноҳия маъракаи сафарбарнамоии ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100% (фоиз) анҷом доданд. Дар қатори ин ҷавонони далеру шуҷои Ватан 32 нафар кормандони сохторҳои давлатии вилоят фарзандони худро барои иҷро намудани қарзи муқаддас дар назди Ватан-Модар ба хизмат раҳнамун сохтанд.

Маъракаи гусели наваскарон бо иштироки фаъолон ва аҳли ҷамоати вилоят дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ таҳти шиори «Ҷавонони Бадахшон – муҳофизони асили марзу буми мамлакат» сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ изҳор доштанд, ки «саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд».

Ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз даъватҳои пурҳикмати Пешвои миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, бо амали ватанпарастона ихтиёран  омодагии худро барои ҳимояи марзу бум ва оромию суботи Ватанамон изҳор доштанд.

Сарчашма: http://khovar.tj/2020/04/badahshon-marakai-safarbarii-navaskaronro-ba-safi-uvva-oi-musalla-an-om-dod/



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикист ...

Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикист ...

Хабарҳо
ХИЗМАТ БА ВАТАН - МОДАР ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ БА ВАТАН - МОДАР ШАРАФ АСТ

Ҳокимияти давлатӣ

МУРОҶИАТНОМАИ Ҷавонони вилояти Суғд ба тамоми мардуми Вилояти Мухтори Кўҳи ...

Хабарҳо
Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Хабарҳо
Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ