Дар як сатр
» » САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТӢ, МОДАР!

САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТӢ, МОДАР!

7-03-2020, 07:41

Зан - модарба мисли баҳорпурнакҳату муаттар, сабзу хуррамва шодобу шукуфонбуда, бо оғозифасли баҳор ваарафаи соли нави аҷдодӣ, яъне Наврӯз тавъамомадани Рӯзи Модардар кишвари зебовуофтобии мо рамзинек аст. Яъне солинави мо арҷгузоштан ба мақомуманзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занонииззатманду меҳрубони мо шурӯъ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Модар дар тамоми давраҳо мақом ва нақши муҳим дорад. Меҳру муҳаббати ӯ бафарзандон танзими зиндагӣ, таъмини фазои орому осудаи оиларо таъминмесозад. Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар баромадҳояшборҳо қайд намудаанд: «Маҳз модардар қалби фарзандон тухми меҳрумуҳаббат, дӯстиву рафоқат ванекиву накӯкориро мекорад, тооянда насли наврасчун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯства ватанпарвар ба камолрасад».

Модар! Ин вожа дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкоронадорад. Ҳар қадаре, ки муҳаббатиинсоният ба модарзиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшудурахшон мегардад. Ҳусни ҳаётуфайзи зиндагӣ бо дуоимодар оғоз ёфтааст ва ӯ чун ситораидурахшон роҳи фарзандродар тӯли зиндагӣравшан месозад.

Бузургтарин рисолати модари тоҷик азазал тарбияи фарзандонинобиғаву хирадманд, ватандӯстуватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда будааст. Онҳо фарзандони фарзонаеромисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, УмариХайём, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмонба дунё оварда, дардомани муҳаббати покихуд парварида, бароихизмати башарият додааст.Нақши модар махсусан дартарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг,донишҳои муосир ва умуман камолотимаънавию ахлоқии фарзандон барҷаста вамуайянкунанда мебошад. Модарон, фарзандони худроба камол расонида, ҳамзамон таърихиояндаи ватани худ, гузашта аз ин, таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд.

Модар муқаддастарин неъмати дунё, сарчашмаи меҳру муҳаббатибеканор ва азизтариншахси башарият ба ҳисоб меравад. Модар ноёбтарингаҳвар ва чароғихонадон аст. Дар васфиЗан-Модар шоирон шеърутаронаҳои зиёде эҷодкардаанд. Устодон Эраҷ Мирзо, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣдар мавзӯи Зан-Модаршеърҳои бештаре навиштаанд.

Зан агар оташнамешуд, хом

мемондем мо,

Норасидабодае дар ҷом

мемондем мо.

Зан агар оташ намешуд, хонаи

мо сардбуд,

Бечароғи равшане дар шом

мемондем мо.

Гарба чашми монамедӯшид

модар шири хеш,

Кӯри модарзод дар айём

мемондем мо.

Аз нигоҳи дини мубини ислом ҳам мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст. Тибқи ривоятешахсе назди пайғамбариХудо омада мепурсад:

- Пайғамбари Худо, ба чӣ касе бештар хушрафторӣкунам?

Фармуд: - Ба модарат.

Гуфт: - Сипас?

Фармуд: - Бамодарат.

Гуфт: - Сипас?

Фармуд: - Ба модарат.

Гуфт: - Сипас?

Фармуд: - Ба падарат.

Дар ҳақиқат, модар нишонаи эъҷози беохири Парвардигор аст. Зан-Модар зеботарин ва нозуктарин офаридаи Худованд аст ва ба навозишу дӯстдорӣ эҳтиёҷдорад. Занону модарон бо дастонипурсаховати худ дар боғидили мо ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, покию наҷобатва илму маърифатмепарваранд. Қалби поки онҳо ҳамеша бароиорому осуда, пояндаву устуворнигоҳ доштани оила, ҷомеава давлат метападва соҳибмаърифатии миллатаз Зан-Модар вобастагиизиёде дорад.

Дар васфи Зан-Модар чӣ қадар асару достонҳо эҷод шаванд ҳам, басанда нест. Дар остонаи санаи фархундаи Рӯзи Модар ваиди баҳору зебоӣ, ки бо фарорасиаш дунёро ҳусну ҷилои тоза мебахшад, орзу менамоям занону бонувони мо ҳамеша тансиҳату хонаобод васаодатманду рӯзгорашон хуш бошад.

Ш. Хоҷаев,

ноҳияи А. Ҷомӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЗАН-МОДАР ЧАРОҒИ ХОНАДОН, МАШЪАЛАФРӮЗИ ОИЛА ВА ТАРОВАТБАХШИ ЗИНДАГӢ АСТ

ЗАН-МОДАР ЧАРОҒИ ХОНАДОН, МАШЪАЛАФРӮЗИ ОИЛА ВА ТАРОВАТБАХШИ ЗИНДАГӢ АСТ

Ҳокимияти давлатӣ
ЗАН-МОДАР МЕҲВАРИ АСОСИИ ҲАР ХОНАДОН АСТ

ЗАН-МОДАР МЕҲВАРИ АСОСИИ ҲАР ХОНАДОН АСТ

Хабарҳо
Домони сабзи модар нусратбахши зиндагии мост

Домони сабзи модар нусратбахши зиндагии мост

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Номаҳои Шумо
Зан – модар асоси бахт ва нишони зиндагӣ мебошад

Зан – модар асоси бахт ва нишони зиндагӣ мебошад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст

Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст

Сиёсат