Дар як сатр
» » ҶАШНЕ КИ МУҚАДДАС ШУД

ҶАШНЕ КИ МУҚАДДАС ШУД

6-03-2020, 07:40

8 март - Рӯзи модар ҷашни баҳору зебоист. Ҳар яки мо, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии худ, дар ин рӯз ба модар ва завҷаи худ эҳтиромона, бо меҳру муҳаббати зиёд туҳфае тақдим мекунем ва онҳо низ интизори таваҷҷуҳи мо мебошанд.

Солҳои қаблӣ 8 март - Рӯзи байналхалқии занон, рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон, яъне рӯзи занони мубориз будааст, ки ба муқобили ноадолатӣ, барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ бархестанд, яъне ҷашни занони инқилобгар аст. Вале имрӯз он бо маънии дигар иди мардумӣ гаштааст.

Метавон чаҳор давраи таърихии ин рӯзро баён намуд.

Давраи аввал.Пайдоиш ва густариши ин ид ба замони таърихи қадими мо рост меояд. Он тақрибан 2 ҳазор сол пеш арзи ҳастӣ намудааст. Чун ин рӯз ба аввали баҳор рост меояд ва дар иқлими гарми кишварҳои ориёӣ бо бедории табиат ва зиндашавии рӯҳу ҷони ҳар нафар пайванд аст, мардум худ ин рӯзро интизоранд.

Давраи дуюм. Ин ид дар Аврупо амалӣ шуд, ки заминаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад.

8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар намудани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб намуданд. Дар ин давра занон то 16 соат дар як шабонарӯз меҳнат мекардаанд, вале барои корашон музди ночизе мегирифтанд. Баъди намоишҳои эътирозӣ рӯзи кориро то 10 соат кам карда буданд. Дар бисёр корхонаҳои ИМА иттифоқҳои касаба таъсис ёфтанд. Пас аз 8-уми марти соли 1857 ба ҳамин хотир иттифоқи касабаи нав созмон дода шуд, ки бори нахуст дар таърих занон аъзои он гардиданд.

Дар Аврупо таърихи ҷашнгирии Иди занон ба номи Клара Сеткина алоқаманд мебошад. Ӯ гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил додааст. Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания дар конфронси дувуми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткина қарори ҷашнгирии рӯзи «муборизаи занон барои ҳуқуқашон» қабул гардид.

Санаи ҷашнгирии Рӯзи байналхалқии занон мувофиқи пешниҳоди узви Кумитаи Марказии Ҳизби сотсиал - демократӣ Елена Гринберг 19 март таъйин шуд. Ва бори аввал Рӯзи байналхалқии занон соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейтсария маҳз 19 - уми март ҷашн гирифта шуд. Соли 1912 он дар ҳамон кишварҳо, вале 12 май баргузор гардид. Соли 1913 дар Олмон идро 12 март, дар Австрия, Чехия, Венгрия, Швейтсария, Ҳоланд - 9 март, дар Фаронса ва Россия - 2 март ҷашн гирифта буданд. Танҳо соли 1914 дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналхалқии занонро 8-уми март ҷашн гирифтанд, зеро он рӯзи истироҳатӣ - якшанбе буд. Баъд аз ин дар ҳамин рӯз қарор барои ҳама одату анъана гашт.

Дар Россия Рӯзи байналхалқии занон маротибаи аввал соли 1913 дар Петербург ҷашн гирифта шуд. Аз солҳои аввали ҳокимияти Шӯравӣ 8-уми март иди давлатӣ гардид.

Давраи сеюм.Таърихи ин иди фархунда ба давраи Шӯравӣ рост меояд. Дар моҳи марти соли 1917 занон ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карданд ва дар Конститутсияи соли 1918 сиёсати баробарҳуқуқии занон акс ёфт ва дар ҳаёт татбиқ шуд. Бо мурури замон Рӯзи байналхалқии занон аҳамияти сиёсии худро гум кард. Аз соли 1965 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС он рӯзи ғайрикорӣ эълон гардид.

Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид 8 мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон дошт.

Давраи чорум. Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 8 март дар Тоҷикистон ва дигар мамолики муштаракулманофеъ, аз қабили Россия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Турк-манистон, Украина чун Рӯзи байналхалқии занон ва дар Ҷумҳурии Беларусу Ӯзбе-кистон чун Рӯзи модар боқӣ монд. Дар Арманистон (7 апрел) чун Рӯзи модар ва зебоӣ ҷашн гирифта мешавад.

Соли 2009 дар Тоҷикистон ин ид ба таври расмӣ Рӯзи модар эълон шуд, ки қадру қимати иди занон - модаронро ба сатҳи давлатӣ бардошта, онро ба як иди муқаддас табдил дод. Аз ин рӯ, он ҳамчун арзиши миллӣ, як намунаи эҳтироми анъаноти миллӣ ва таърихии мо дар ҳаёти мардум ҷойи худро ёфт.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҷлили Рӯзи модар дар Хатлон

Таҷлили Рӯзи модар дар Хатлон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
13 рӯзи истироҳат дар моҳи март

13 рӯзи истироҳат дар моҳи март

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
17 март - иҷлосияи нахустини вакилони нави парлумон

17 март - иҷлосияи нахустини вакилони нави парлумон

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
14 рӯзи ғайрикорӣ дар моҳи март

14 рӯзи ғайрикорӣ дар моҳи март

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА