Дар як сатр
» » ФОРУМИ ҲУНАРМАНДОН

ФОРУМИ ҲУНАРМАНДОН

6-03-2020, 07:35

Боғи фарҳангу истироҳати маркази шаҳри Кӯлоб, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таъмиру таҷдид гардидааст, он рӯз базмгоҳи ҳақиқиро мемонд.

Дар ин ҷо "Форуми ҳунар-мандони вилоят” баргузор гардида, аз шаҳру навоҳии Кӯлобу Бохтар, Леваканту Норак, Хуросон, Ҷомию Вахш, Шамсиддин Шоҳину Муъминобод, Балҷувону Ховалинг ва дигар маҳалҳо ҳунармандони варзида иштирок намуданд.

Форумромаҳсули дастони занону духтарони ҳунарманд-куртаҳои чакану сарандозҳои чакандӯзишуда, болишту бардевориҳо, куртаҳои адрасу атлас ва амсоли онҳо зебу шукӯҳи хоса бахшида назаррабо гардонида буд.

Маҳсули дастони онҳоро дида, бори дигар эътимод пайдо менамоем, ки гузаштагону аҷдодони мо, дар ҳақиқат, фарҳангу тамаддуни бое доштаанд ва он то имрӯз мақоми худро дар зиндагӣ гум накардааст. Ин ҳама ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, алалхусус, дастуру супоришҳо ва пешниҳодоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон насиб гардид. Зеро дар эҳё ва аз нав ба роҳ мондани ҳунарҳои фаромӯшшуда Пешвои муаззами миллат хизматҳои босазое намуданд.

Форуми ҳунармандони вилояти Хатлон, ки «Ҳунарҳои мардумӣ рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ» унвон шуда буд, аз дастуру пешниҳодоти Пешвои миллат манша гирифта, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати кор бо занон ва оила, шуъбаи рушди сайёҳӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят роҳандозӣ гардида буд.

Иштирокчиёни форум як рӯз қабл ба шаҳри Кӯлоб омада, ба чорабинӣ омодагӣ гирифтанд. Бо мақсади ба маърази тамошо гузоштани маҳсули дастони худ онҳоро болои мизҳо ҷой дода, аз саҳар аллакай омода буданд. Сокинони Кӯлобшаҳр аз назди мизҳои ороишдода гузашта, ба ҳунару ҳунармандии бонувон шинос мегардиданд. Маҳсули дасти бонувонро рӯи даст гирифта, онҳоро аз назар мегузарониданду ба ҳунари волои онҳо аҳсант мехонданд.

Дар ҳузури муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Раъно Раҳимзода ва масъулини шаҳр гулдухтарони чаканпӯши кӯлобӣ аз ашъори шоирон дар васфи бузургии зан, ҳунармандии ӯ, хизматҳои беҳамтои зан, ҳамчунин, васфи чакану гулдӯзӣ ва пухтупази занон шеърҳо қироат намуданд. Сипас, меҳмонон бо маҳсули дастони онҳо шинос шуданд. Фирӯза Шарифӣ бо занон ҳамсуҳбат гардида, аз боби зиндагӣ, рӯзгори онҳо, тарбияи духтарон, ба зиндагӣ омода намудани онҳо суҳбат орост.

Зимни суҳбат занони ҳунарманди балҷувонӣ Сумангул Одинаева, Ширинмоҳ Назирова, аз ноҳияи Восеъ Мошариф Шарифова, шаҳри Левакант Мадина Иброҳимзода аз ғамхориҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташкили чунин форумҳо изҳори сипос намуданд. Онҳо афзуданд, ки чунин чорабиниҳо дар рушди соҳаи ҳунарҳои дастӣ нақши муҳим бозида, ҳамчунин, имконият фароҳам меорад, ки ба ин васила таҷриба ва маҳорату ҳунари худро боз ҳам баланд бардорем.

Баробари чорабинии дар боғ баргузоргардида, ҳамчунин, дар назди Кохи фарҳанг намоиши ҳунари устоҳои чӯбтарош ва оҳангарон, дигар намуди ҳунарҳои косибӣ манзури тамошобинон гардонида шуд. Табақу коса, қошуқу кафлез, корд, досу каланд, афзори асп ва ғайра аз маҳорати баланди ҳунари мардуми тоҷик гувоҳӣ медод.

Сипас, дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб ҷамъомад-форуми ҳунармандон баргузор гардид. Дар ҷамъомад раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода ва муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунармандӣ дар вилоят, ғамхорӣ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳу-рии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту рушди ҳунарҳои мардумӣ сухан ронда, афзуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Кӯлоб тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ менамояд, ки ҳунарҳои мардумӣ торафт рушд намуда, соҳибҳунарон муаррифӣ гарданд ва ба ин васила шавқу завқи мардум ба ҳунарҳои волои аҷдодӣ торафт зиёд гардад.

Баъдан, дар форум олимону мутахассисони соҳа Абдуллоҳ Ҳоҷаев, директори муассисаи давлатии мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии «Ҳулбук», Гулбарг Боқиева, роҳбари ҶДММ «Маркази ҳунаромӯзӣ»-и шаҳри Бохтар, Ҷумъахон Шоинов, заргар аз шаҳри Бохтар, Самандар Раҷабализода, омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ва намояндаи ҷавонон Саёҳат Назарова, гирандаи стипендияи президентӣ, аз ноҳияи Восеъ вобаста ба мавзӯи «Форум-ҳунару ҳунармандӣ ва рушду такомули он» маърӯза намуданд.

Дар поёни ҷамъомад, ба як зумра ҳунармандони чирадаст ва иштирокчиёни форум сипоснома ва туҳфаҳо тақдим гардид.

Дар охир, санъаткорони шаҳри Кӯлоб зери унвони «Тараннуми ҳунар» барномаи ҷолиби ҳунариро пешкаши ҳозирин намуданд.

Асалмо САФАРЗОДА,

Наҷот САФАРЗОДА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРОН ДАР КӮЛОБ

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРОН ДАР КӮЛОБ

Сиёсат

Нахустин форуми бонувони ҳунарманди Хатлон

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Чакандӯзӣ ваҳдатро қавӣ мегардонад

Чакандӯзӣ ваҳдатро қавӣ мегардонад

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
«Бонуи ҳунар» беҳтарин бонуи ҳунармандро маълум намуд

«Бонуи ҳунар» беҳтарин бонуи ҳунармандро маълум намуд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
«Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

«Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ