Дар як сатр
» » ЗАН-МОДАР ЧАРОҒИ ХОНАДОН, МАШЪАЛАФРӮЗИ ОИЛА ВА ТАРОВАТБАХШИ ЗИНДАГӢ АСТ

ЗАН-МОДАР ЧАРОҒИ ХОНАДОН, МАШЪАЛАФРӮЗИ ОИЛА ВА ТАРОВАТБАХШИ ЗИНДАГӢ АСТ

7-03-2020, 07:16

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бахшида ба Рӯзи модар

Басо рамзист, ки ҳамасола бо омадани баҳор, бедоршавии табиат ва шукуфтани гулҳо Рӯзи модар истиқбол карда мешавад. Ҷашни модарон бо баҳор тавъам буда, зебоию назокат, муҳаббату самимият ва зиндагӣ аз каломи модар ибтидо мегирад.

Модарону хоҳарони азизро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, таманнои хушбахтӣ, саломатии бардавом ва рӯзгори пурфайзу хуршеди дурахшони истиқлолияту ваҳдатро барояшон орзу дорам.

Модар азизтарин мавҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад.

Зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат, самимият ба зиндагӣ бофта шуда, мароми ӯ дар ҳаёт пояндагии ваҳдату оромӣ, сарбаландию саломатии фарзандон аст.

Воқеан ҳам тамоми таърихнигорону файласуфон, нависандагону ситорашиносон, бостоншиносу олимон, рассомони дунё муҳаббати зан-модарро васф карда, дар асарҳои илмию бадеӣ ва пажӯҳишҳояшон модарро оғози ҳама оғозҳо, сарчашмаи зиндагӣ гуфтаанд, ки ҳақиқати воқеӣ аст. Дар ситоиши зан-модар волотарин суханҳо гуфта шуда, симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту меҳанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик дар масири таърих дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст.

Зан-модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру сафо, раҳму шафқат ва равшангари зиндагӣ буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати мил-лӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарону занон арҷ гузошта, занонро ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ ситоиш кардааст. Дар замони муосир ягон самти фаъ-олиятро бидуни ширкати занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Саҳми занон ва модарон хусусан дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии вилоят торафт назаррас мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.

Ширкати фаъолонаи занон дар маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳия ва ҷамоат, пешбарӣ, интихоб ва ба пирӯзӣ ноил гардидан, нишонаи торафт мустаҳкам шудани мақом, мавқеъ ва манзалати зан дар ҷомеа мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди заруриро қабул намуд ва онҳоро амалӣ карда истодааст.

Ҳадафи ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани ин тадбирҳо солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият, аз ҷумла дар мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва дар маҷмӯъ, камолоти маънавию ахлоқии фарзанд, барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад. Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки волидайн ва махсусан, модарони имрӯза фарзандони худро ба камол расонида, таърихи ояндаи ватани хеш, гузашта аз ин, таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд.

Дар тамоми давраҳои таърихии миллати тамаддунофари тоҷик қадру қимати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва дар инкишофи фарҳанги миллӣ хизматҳои ӯ босазо мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар доираи сиёсати иҷтимоии худ ба масъалаҳо ва мушкилоти занон пайваста таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои тадриҷан аз байн бурдани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад. Бо мақсади танзими ҳаёти занон ва ҳаллу фасли масъалаҳои ҷойдошта дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлативу миллӣ дар вилоят як қатор корҳоро анҷом дода, масъалаҳои ҷалби занон ба корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, тайёр намудани кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавондухтарон, беҳдошти хизматрасонии тиббӣ, пешгирӣ намудани фавти модару кӯдак ва риояи баробар- ҳуқуқии занону мардон тадриҷан ба эътидол оварда мешаванд.

Дар заминаи тадбирҳои зикршуда ҳайати роҳбарикунандаи тамоми мақомоти идоракунии давлатӣ аз ҳисоби занон торафт афзун мегардад. Ба ҳолати имрӯза шумораи занони роҳбар ба 6586 нафар расидааст, ки 1070 нафар нисбат ба соли сипаришуда зиёд мебошад. Дар оянда низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар бобати баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа тадбирҳои иловагӣ меандешад.

Пайғамбари дини мубини ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳадиси худ таъкид намудааст: «Ҳуқуқи зан муқаддас аст, пас ҳуқуқи ононро ба худашон бисупоред». Имрӯз мавқеи занони тоҷикро дар тамоми корҳои давлативу ҷамъиятӣ ба таври мусбат метавон арзёбӣ намуд. Мо бо такя ба нексириштӣ ва азму талоши созандаи занон, ки воқеан илҳом ва тавонбахши ҷомеа мебошад, Тоҷикистони азизи худро ба як давлати ободу зебо, пешрафтаву мутамаддин ва демокративу дунявӣ табдил хоҳем дод. Мо - ҳама бояд хуб эҳсос ва дарк намоем, ки ободии ватан аз ободии ҳар як хонадон, оила ва манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Ободии хонадон ба солимии ҷисму рӯҳ, дунёи маънавӣ, маърифат, ҳунари кадбонугӣ, ҳавсала ва завқи бадеии зан-модар вобаста аст. Зеро зан чароғи хонадон, машъалафрӯзи оила ва тароватбахши зиндагӣ аст. Пойдорӣ ва солим будани муҳити оилавӣ, инчунин, мавҷудияти низом ва сатҳи зарурии зиндагӣ дар ҳар як хонадон ба сатҳи маърифати занон марбут аст. Модари соҳибмаърифат соҳиби саломатии хуб, соҳиби фарзанду оилаи солим ва соҳиби зиндагии шоиста буда метавонад.

Яке аз омилҳои асосии рӯзгори бонизом ва некӯаҳволии хонадон масрафи оқилонаи буҷети оила мебошад, ки дар он нақши занон барҷаста аст. Аз ин рӯ, бояд занону модарон бо дарназардошти ин рисолати бузурги худ дар амалишавии қонунҳои миллӣ, ки ҳадафашон беҳбудии зиндагии мардум, баланд бардоштани таълиму тарбияи фарзанд ва рушди устувори амнияти кишвар аст, саҳми бештар дошта бошанд.

Давлати Тоҷикистон ба заковати азалӣ ва неруи созандаи занони фарзона, оқила ва гурдофаридони тоҷик ҳамеша такя менамояд, зеро онҳо дар баробари ба ҷо овардани вазифаи аслии худ - таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин, дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо мегузоранд.

Шуморо, модарону хоҳарон ва фарзандони азиз, ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳатон ва фарорасии иди бузурги суннатиамон - Наврӯзи байналмилалӣ, ки пас аз чанде бо қудуми фархундаи худ диёри биҳиштосои моро боз ҳам мунаввартар месозад, самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандам.

Шумо - занону духтарони меҳрубон, гули ҷомеаи мо ҳастед. Бигзор, чун гул чеҳраи шумо ҳамеша хандону шукуфон бошад!

Саломату сарбаланд бошед!



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЗАН - ЧАРОҒИ ХОНАДОН ВА МАШЪАЛАФРӮЗИ ОИЛА

ЗАН - ЧАРОҒИ ХОНАДОН ВА МАШЪАЛАФРӮЗИ ОИЛА

Ҳокимияти давлатӣ
ЗАН-МОДАР МЕҲВАРИ АСОСИИ ҲАР ХОНАДОН АСТ

ЗАН-МОДАР МЕҲВАРИ АСОСИИ ҲАР ХОНАДОН АСТ

Хабарҳо
Домони сабзи модар нусратбахши зиндагии мост

Домони сабзи модар нусратбахши зиндагии мост

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Номаҳои Шумо
Зан – модар асоси бахт ва нишони зиндагӣ мебошад

Зан – модар асоси бахт ва нишони зиндагӣ мебошад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст

Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст

Сиёсат