Дар як сатр
» » Проблемаҳо ҳалшавандаанд

Проблемаҳо ҳалшавандаанд

14-11-2017, 11:24

Проблемаҳо ҳалшавандаанд

Аз вохўрии раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо сокинони шаҳри Кўлоб

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як роҳбар вазифадор аст, ки дар маҳал бо мардум вохўрад, фикру мулоҳизаҳои онҳоро шунавад ва баҳри ҳалли масоили мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешад. Аз ин лиҳоз, тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода рўзи 11 ноябри соли ҷорӣ бо сокинони шаҳри Кўлоб вохўрӣ доир намуд. Вохўрӣ дар кохи фарҳанги шаҳр баргузор гашт. Чуноне ки раиси вилоят изҳор намуд, мақсад аз баргузории вохўрӣ дар ин кохи васею барҳаво имкон фароҳам овардан барои иштироки ҳарчи бештари мардум дар ин дидорбинӣ аст.

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзодаро хонандагону масъулини шаҳр дар даромадгоҳи кохи фарҳанг чун расми меҳмоннавозии мардуми Кўлоби бостон хеле хуш қабул намуданд. Сипас, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз намоишгоҳи созмондодаи хонандагону донишҷўёни мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишгоҳҳо, ки аз дастовардҳои мактаб, хонандагон дар боби дониш, навгониҳо, эъҷози дастони хонандагон дар бахши кашидадўзию дўзандагӣ, чакандўзӣ, ҳамчунин гўшаи намоиши китобҳои ба тозагӣ нашргардидаи адибони муосиру шоирони классики тоҷик дидан карда, ба ташкилкунандагони ин намоишгоҳ изҳори ташаккур намуд.

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар вохўрӣ бо сокинони шаҳр изҳор дошт, ки мақсад аз омадан ва дидорбинӣ ин шунидани арзу ниёзи мардуми шаҳри Кўлоб ва ҳамчунин дар ҳамдастӣ ҳаллу бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда аст. Ба ин хотир, дар ҷамъомади имрўза роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ иштирок доранд, то дар ҳалли масоили ба онҳо марбут хизмати худро расонанд. «Акнун мо дар хизмати шумо», - идома дод суханашро роҳбари вилоят.

Дар ҷамъомад аввалин шуда, сокини деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти «Даҳана» Холмирзо Раҳмонов ба назди микрофон омад. Ў изҳор дошт, ки бунгоҳи тиббиашон солиёни зиёд аст, ки дар бошишгоҳи саҳроӣ фаъолият мекунад. Вале бино ба талаботи рўз ҷавоб дода наметавонад. Хоҳиш намуд, ки барои сокинони деҳа бунгоҳи тиббӣ сохта шавад. Раиси вилоят аз масъулини соҳа пурсон шуд, ки дар ин самт чӣ чора андешида шудааст. Ба гуфти масъулони шаҳр, ба ин мақсад замин ҷудо гардидааст ва оянда бунгоҳи мазкур сохта мешавад. Вале ин ҷавоб раиси вилоятро қонеъ нагардонд. Аз маблағгузору сохтмончиаш пурсид ва афзуд, ки дар ин бахш тадбири фаврӣ андешида шуда, аз ҳисоби соҳибкорон ва ё бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ карда, ин масъала ҳарчи зудтар ҳал шавад.

Омўзгор Валоят Билолова бошад, қабл аз ҳама, барои зиндагии хушу осоишта, фароҳам омадани шароити хуби меҳнатӣ, пешрафту нумўи Тоҷикистони азиз ба давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми ҳастиашро ба Тоҷикистону шукуфоии он, беҳдошти ҳаёти халқ бахшидааст, изҳори сипосу қадрдонӣ намуд. Дар идомаи суханаш иброз дошт, ки ҳарчанд дар шаҳру деҳоти Кўлоб муассисаҳои томактабӣ ҳастанд, вале ин талаботи мардумро қонеъ гардонида наметавонад. Хоҳиш намуд, ки оид ба бунёди муассисаҳои нави томактабӣ тадбире андешида шавад.

Раиси вилоят пешниҳоди Валоят Билоловаро хуш қабул намуда, афзуд, ки, дар ҳақиқат, имрўз бунёди муассисаҳои томактабӣ зарурати зиёд дорад. Ва пўшида нест, ки тарбиятгирандагони ин муассисаҳо нисбати онҳое, ки аз он берунанд, қобилияти бештари тафаккуру сухандонӣ ва забондонӣ доранд. Инро ба назар гирифта, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин бахш диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Ин аст, ки ҳар сол ба ин самт - соҳаи маориф маблағҳои зиёде сарф карда мешавад. Аз ҷумла, танҳо давоми се-чор соли охир дар вилоят даҳҳо бинои мактабу иншооти варзишӣ сохта шуданд ва сохта шуда истодаанд, ки аз пешрафти соҳаи мазкур шаҳодат медиҳанд. Имрўз на танҳо давлату ҳукумат, балки соҳибкорону шахсони хайрандеш низ бояд ба ин кор даст зананд. Ва аллакай чунин нафарон дар вилояту ҷумҳурӣ хеле зиёданд. Бо онҳо ҳамкорӣ бояд кард. Аз тарафи мақомот ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони ин гуна иншоотҳо зарур аст. Охир, дар ин гуна муассисаҳо фарзандони онҳо низ тарбия мегиранд. Боварӣ дорам, ки ин нуктаро соҳибкорону шахсони боҳиммат хеле хуб мефаҳманд.

Искандар Тўйчиев, раиси маҳаллаи Зиракии Ҷамоати деҳоти “Зиракӣ”, арз намуд, ки маҳаллаи онҳо бунгоҳи тиббӣ надорад ва хоҳиш намуд, ки дар ин ҷо бунгоҳи тиббӣ сохта шавад. Раиси вилоят иҷрои дархости Искандар Туйчиевро ба соҳибкорони дар толор ҳозирбуда ҳавола намуд. Абдуҷаббор Зардиев-раиси кооперативи тиҷоратии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешниҳоди раиси вилоятро оид ба бунёди бунгоҳи тиббӣ ба уҳда гирифт, ки ин амали неки ў аз тарафи ҳозирин бо кафкўбӣ ҳамчун рамзи миннатдорӣ пазируфта шуд.

Раиси маҳаллаи ба номи Мирзолатиф Раҳимзода бошад, оид ба танқисӣ кашидани як қисми маҳалла аз оби нўшокӣ ва набудани бунгоҳи тиббӣ арз кард. Раиси вилоят доир ба вазъи масоили мазкур аз шахсони масъул пурсиш ба амал оварда, афзуд, ки дар маҳаллаҳои навбунёд зарур аст, ки пеш аз ҳама, ба масъалаи инфрасохтор диққати аввалиндараҷа дода шавад. Барои бунёди иншооти хизматрасон, аз қабили обрасонӣ, сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ, мактабу муассисаҳои томактабӣ ва ғайра аҳамияти аввалиндараҷа дода, ба ин мақсад қитъаҳои замин ҷудо карда шавад. Аз ин хотир, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба шахсони масъул супориш дод, ки сари ин масъалаҳои ҳаётан муҳим чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар вохўрӣ, ҳамчунин омўзгори фанни забон ва адабиёти МТМУ №7 Олуфта Алиева, сокини деҳаи Обшорон Саъдӣ Соҳибов, сокини шаҳри Кўлоб Исо Раҷабов ва дигарон баромад намуда, аз сиёсати давлату ҳукумат, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, афзуданд, ки барои беҳдошти зиндагӣ, шукуфоии ватани азизамон-Тоҷикистон бо қувваю ғайрати дучанд меҳнат менамоянд.

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода барои пешниҳоду дархост ва баён намудани андешаҳои хуб ба баромадкунандагон миннатдорӣ баён карда, оид ба пешрафти иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳри Кўлоб, камбудию норасиҳои мавҷуда дар соҳаи саноату сохтмон, пардохти андоз, ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқ ибрози назар намуд.

Аз ҷумла, раиси вилоят қайд намуд, ки ҳарчанд шаҳри Кўлоб иҷрои нақшаи пардохти андозро таъмин карда бошад ҳам, аммо он ниёзи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва талаботи рўзро қонеъ гардонида наметавонад. Нақшаи андоз аз рўи сифатнокӣ то ҳол таъмин нагардидааст. Нақшаи се намуди андоз иҷро нашудааст. Агар ин нақша таъмин мегашт, ба таври илова боз 15 миллион сомонӣ ба буҷаи шаҳр дохил мегардид. Бақияпулӣ аз ҳисоби андоз бошад, то имрўз ба 17 миллион сомонӣ мерасад. “Ин рақамҳо,-гуфт раиси вилоят,- шахсони масъулро водор месозад, ки сари ин масъала бештару беҳтар андеша намоянд”.

Доир ба масъалаи пардохти андоз ба пурсиши раиси вилоят ҷавоб дода, масъули бахши андоз гуфт, ки имрўз 387 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ бо ҳар гуна сабабҳо дар қайди андоз нестанд. Ва ҳамчунин, омилҳои дигарро сабаб нишон дод, ки ин посух раиси вилоятро қонеъ нагардонид. Роҳбари вилоят таъкид ба амал овард, ки масъулин ҳарчи зудтар ин масъаларо дида баромада, ҳаллу фасл намоянд.

Раиси вилоят нисбати камфаъолии бонкҳои ҳудуди шаҳри Кўлоб низ норизогӣ баён намуд. Мисоли равшани инро раиси вилоят дар кам шудани кори қарздиҳӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбати соли гузашта дид. Ин амали онҳо, албатта, ба истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти хоҷагии қишлоқ зарари калон мерасонад. Ва роҳбарони бонкҳоро зарур аст, ки сари ин масъалаи муҳим андеша намоянд.

Дар шароити кунунӣ имрўз ҳастанд хоҷагиҳое, ки ҳосили баланди ғалла рўёнида, ҳам худашонро бо ғалла таъмин менамоянду ҳам онро ба фурўш мебароранд. Вале дар шаҳри Кўлоб ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагӣ ба ҷойи 50-сентнерии дурнамо ба 33,2-сентнерӣ мерасад, ки дар шароити имрўза қаноатбахш нест.

-Фаъолияти ташкилотҳои сохтмонӣ низ имрўз мувофиқи мақсад нест. Имрўз 50 ташкилоти сохтмонӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияи Кўлоб аз фаъолият бозмондаанд. Вале вазъияти баамаломада шахсони масъулро ба ташвиш наовардааст. Чаро мо намеандешем, ки корхона аз кор монд ва бояд тадбире андешем. Боз фикри онро намекунем, ки дар ин ташкилотҳо даҳҳо нафар коргарон кор мекарданд ва аҳволи оилавии онҳо чӣ хоҳад шуд, - идома дод суханашро Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода.

Раиси вилоят ҳамчунин сари масъалаи одобу ахлоқ, қонунвайронкунӣ, махсусан аз тарафи ҷавонон, ибрози назар намуда, афзуд, ки дар ин самт камбудиҳо ба назар мерасанд. “Ба таври дигар баён намоем, мо кори тарбияро як дараҷа суст кардаем. Ин аст, ки баъзе ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои тундгарою ифротӣ шомил шудаанд. Ва шумораи онҳое, ки имрўз дар хориҷи кишвар ба чунин ҳаракатҳо гаравидаанд, кам нест. На танҳо худи онҳо, балки оилаҳои онҳо дар ҳолати ногувор қарор доранд. Мову шуморо зарур аст, ки бо ҳар роҳе, ки набошад, ин ҷавонон ва оилаҳои онҳоро ба ватан пас гардонем. Ин вазифаи ҳар кадоми мо аст. Ҳамчунин, қайд гардид, ки ҷиноятсодиркунӣ аз тарафи ноболиғон дар шаҳри Кўлоб зиёд гардида, имрўз шумораи он ба 10 ҳолат мерасад. Аз тарафи ҷавонон бошад, ин ҳолат, яъне ҷиноятсодиркунӣ, ба 115 адад мерасад”. Ҳамаи ин мову шуморо ҳушдор медиҳад, сари ин масъалаҳои доғи рўз ҳарчи бештар андеша намоем, худро масъул шуморему ҳар як камбудию норасоиамонро сари вақт эҳсос намоем, то онро хубтару беҳтар ҳаллу фасл карда, зиндагии худро боз ҳам хубу гуворо намоем. Ва тавонем, ки ватанамонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати пешрафтаю тараққикарда, озоду демократӣ, беҳтару хубтар муаррифӣ созем - гуфт раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода. Баҳри иҷрои ин ҳадафҳо раиси вилоят ба кулли ҳозирин ва дар шахси онҳо ба ҳамаи шаҳрвандони шаҳру ноҳияи Кўлоб барору комёбӣ таманно намуд.

А. САФАРОВА,
Н. САФАРЗОДА,
шаҳри Кўлоб



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Раиси вилоят: «Ба арзу дархости мардум таваҷҷуҳи бештар мебояд»

Раиси вилоят: «Ба арзу дархости мардум таваҷҷуҳи бештар мебояд»

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Балҷувон. Қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят

Балҷувон. Қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ба ояндаи Тоҷикистони азиз бетараф набошем»

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ба ояндаи Тоҷикистони азиз бетараф набошем»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ, НАҶОТ САФАРЗОДА
Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷой ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷой ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Ситоди кории раиси вилоят дар Кӯлоб

Ситоди кории раиси вилоят дар Кӯлоб

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА