Дар як сатр

НОМАИ САРБОЗ

21-02-2020, 22:05

Салом, модарҷон!

Модаре, ки фарзандат имрӯз дар хизмати марзу буми ватан аст…

Модаре, ки буданат мояи ифтихори ман аст…

Умедворам, ки хубу саломат бошӣ. Модарҷон, ман хуб медонам, ки дурӣ аз ман бароят душвор аст. Ҳангоми бо аҳли хонавода ба сари дастурхон нишастан, ҳатман ёди маро мекунӣ. Бо дидани ҳамсабақону дӯстонам ашк дар чашмонат ҳалқа мезанад. Бо дидани ҳар сарбозе бо либоси низомӣ дар оинаи нилгун дилат гум мезанад ва дар симои ҳар яке аз онҳо маро мебинӣ.

Модарҷон, ҳамон тавре ки пазмони ман ҳастӣ, ман ҳам чеҳраи нуронӣ,  лаҳзаҳои интизорию бедорхобиҳоятро ёд кардаам. Ҳар гоҳе бо ҳамхизматҳои худ сари мизи таомхӯрӣ менишинем, ба машомам бӯйи нони гарму кулчаҳои танӯрии ту мерасад.

Аммо, бидон модарҷони аз чашм дуру ба дил наздики ман, ки ин ҳама дилхӯриҳои ту танҳо ба он хотир аст, ки қалби ҳассосу нозук дорию модар ҳастӣ.

Модарҷон, ба ҷойи ғамгин шудан сарбаланд бошу ифтихор намо, ки тавонистаӣ фарзанди ватандӯсту меҳанпарварро ба воя расонӣ. Зеро то ба воя расиданам, дар гӯши ман бо суруди аллаи ҷонбахшу насиҳатҳои модарона эҳсоси дӯст доштани ватанро дар замирам коштаӣ. Муҳаббати ватанро дар қалби ман парвардӣ.

Ман имрӯз соҳиби унвони накуи сарбози Ватан ҳастам. Бо дуои некат саломат ҳастаму сарбаландона адои хизмати Модар-Ватан мекунам.

Модар, аз он суҳбатҳое, ки баъзан одамони дуру ноогаҳ аз хизмати ҳарбӣ дар бораи шароити бади қисмҳои низомӣ мекунанд, канор биҷӯ. Ягон зарра ҳақиқат надоранд. Худам ҳам пеш борҳо шунида будам, ки гӯё дар артиш «дедовшина» ҳаст, хӯрду хӯроки кофӣ намедиҳанд, либоси гарм, шароити зист, тартибу низом нест. Аммо дар асл, давлати мо бисёр пеш рафтааст, пурзӯр аст, ҳама шароит муҳайёст. Хобгоҳамон гарм, телевизор, китобхона, машқгоҳи замонавӣ дорем. Танамон бо либосҳои мавсимӣ пӯшидаву шикамамон ҳамеша сер аст. Муносибати афсарон ҳам нисбат ба сарбозон падарвору бародарона аст. Хуллас, дарк кардам, ки хизмати ҳарбӣ мактаби ҳақиқии мардонагӣ, шуҷоат, обу-тоби ҷисму рӯҳ, дӯстию рафоқат аст. Дӯстони ҷонии бисёре пайдо кардам, ки аз минтақаҳои гуногуни кишвари биҳиштосоямон мебошанд. Хизмат дар сафи артиш ба мо на танҳо шарафи ҳимояи марзу буми ватанро медиҳад, балки дарси нодири ваҳдати миллӣ ва ягонагиро меомӯзад. 

Пас, барои ман ашки шодӣ бирез, аё модар. Якуним соли ҷудоӣ, аммо дурии ширин, паси сар шуд. Фурсати каме монд, модарҷон. Мо ба дидори ҳам мерасем. Писари ватандӯстат туро гарм ба оғӯш мегирад ва ту ҳам эҳсос мекунӣ, ки беҳтарин вазифаро адо намудаӣ.

Танҳо дуогӯям бош, модарҷон!

Писарат ОРИЁНФАР,

сарбози қисми ҳарбии воқеъ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дунёи туро ёд орам, модар!

Дунёи туро ёд орам, модар!

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт
Фазои орому осудаи ватан аз масъулиятшиносӣ ва садоқати ту вобаста аст

Фазои орому осудаи ватан аз масъулиятшиносӣ ва садоқати ту вобаста аст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Аскарӣ мактаби мардонагист

Аскарӣ мактаби мардонагист

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Нишони ҷавонмардӣ

Нишони ҷавонмардӣ

Ҷавонон ва варзиш
Сарсупурдаҳои Ватан

Сарсупурдаҳои Ватан

Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА