Дар як сатр
» » БАШАРДӮСТОН ДИЛОВАРӢ НИШОН ДОДАНД

БАШАРДӮСТОН ДИЛОВАРӢ НИШОН ДОДАНД

21-02-2020, 22:03

Давлати Шӯравӣ бо хоҳишу даъвати кишварҳои дуру наздик дар ҳалли мушкилоти баъзе мамлакатҳо саҳм гузоштааст.

Аз ҷумла, бо шиддат гирифтани муқовимати қувваҳои мухолиф ва зиддидавлатӣ дар кишвари ҳамсоя -  Афғонистон 24 декабри соли 1979 қӯшунҳои маҳдуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки ин кишвар дароварда  шуданд. Аввалин шуда, афсарону аскарони бригадаи 15 - уми таъ-йиноти махсус вориди Кобул шуда, ба амалиёти ҷангӣ шурӯъ намуданд. Артиши Шӯравӣ тибқи маълумот муддати беш аз 9 сол дар қаламрави давлати Афғонистон қарор дошт. Аз соли 1988 сар карда, баъди ба имзо расидани Созишномаи Женева баровардани Артиши Шӯравӣ аз хоки Афғонистон оғоз ёфт. 15 феврали соли 1989 охирин аскари Шӯравӣ Афғонистонро тарк намуд. Фиристодагони Тоҷикистон низ дар ҳайати Артиши Шӯравӣ дар амалиётҳои низомии  Афғонистон иштирок кардаанд. Мувофиқи маълумотҳои охир ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тахминан 7 ҳазор ҷанговарони башардӯст зиндагӣ доранд.

Ҳамасола, 15 феврал дар кишвари азизамон ҳамчун Рӯзи ҷанговарони башардӯст (интернатсионалист)  таҷлил шуда, хотираи шаҳидони ҷанги Афғонистон пос дошта мешавад. Дар ин хусус суҳбате доштем бо раиси интернатсионалистони ноҳияи Қубодиён Бозорбой Мирзоев, ки фишурдаи онро мехоҳем пешкаши хонандаи азиз гардонем.

- Акои Бозорбой, сараввал дар бораи ҳаёт ва фаъолияти кунунии хеш маълумот медодед.

- 5 октябри соли 1960 дар ноҳияи Панҷ ба дунё омадаам. Мактаби миёнаро соли 1980 хатм намуда, сипас ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шомил шудам. Солҳои 1981-1984 хизмати аскариро дар кишвари ҳамсоя - Афғонистон адо намудам. Дар он ҷо ба сифати духтури ҳарбӣ ва тарҷумон ифои вазифа мекардам.

Аз моҳи майи соли 2019 инҷониб ба ҳайси раиси ҷанговарони башардӯсти ноҳия кору фаъолият дорам.                                  

- Дар пеши бари либоси ҳарбии Шумо, ордену медалҳои зиёдеро мебинем, мехостем дар ин бора равшанӣ андозед.

- Соли 1982 бо медали "Шуҷоат" сарфароз шудам. Соли 1984 бо ордени "Ситораи Сурх", инчунин бо медалҳои 10-солагӣ, 15-солагӣ, 20-солагӣ, 25-солагӣ ва 30-солагии хориҷшавии Қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон ва соли 2019 бо медали "40-солагии амалиёти Қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар хоки Афғонистон"  сазовор гаштаам.

- Дар бораи ҷанговарони башар-дӯст аз ноҳияи Қубодиён каме маълумот диҳед.

- Аз ноҳияи Қубодиён, мувофиқи маълумотҳое, ки мо дар даст дорем, 169 нафар дар ҳайати Қӯшунҳои Шӯравӣ дар амалиётҳои ҳарбии Афғонистон иштирок кардаанд, ки аз ин теъдод 7 нафарашон дар он ҷо ҳалок гаштаанд. Якчанд нафари дигарашон солҳои наздик аз бемориҳои гуногун вафот карданд. Албатта, ҷанг таъсири манфии худро дар зоҳиру ботини ҳар як шахс мегузорад. Аз ин ҷост, ки баъзе аз ҳамяроқони мо аз таъсири он рӯзҳои мудҳиши ҷанг ба бемориҳои гуногун гирифтор гаштанд.

- Оё то имрӯз бо ҳамяроқон дар иртибот ҳастед?

- Албатта! Дар ҳудуди ноҳия Ҷамъияти ҷанговарони башардӯст фаъолият мекунад. Мо доимо бо ҳам дар иртибот ҳастем. Ҳамасола 15 феврал, ки Рӯзи хориҷшавии Қӯшунҳои Шӯравӣ аз хоки Афғо-нистон аст, дидорбинӣ мекунем ва хотироти ҳамхизмат ва ҳамяроқонеро, ки алҳол бо мо нес-танд, пос медорем.                                                               

- Мехостем чанде аз хотироти давраи дар Афғонистон буданатонро нақл мекардед.

- Воқеан, хотирот хеле зиёд аст, ҳам хотираҳои талху ғамангез ва ҳам хотираҳое, ки метавон гуфт орзуи ман буданд. 

Солҳои 70-ум овозхони машҳури Афғонистон Аҳмад Зоҳир бо ҳунари нотакрори худ на танҳо дар кишвараш, балки дар Тоҷикистон низ шуҳрат зиёде пайдо карда, ба дили ҳазорон алоқамандони овозаш роҳ ёфт.

Аз ин фурсат истифода бурда соли 1982 ба зиёрати марқади марҳум Аҳмад Зоҳир рафтам ва дар бозгашт бо ҳамсараш хонум Фахрия вохӯрӣ ва суҳбат намудам. Он вақт духтари Аҳмад Зоҳир - Шабнам тахминан 2 ё 3-сола буд. Суҳбати мо он қадар тулонӣ набошад ҳам, бисёр хотирмону самимӣ буд. Ҳангоми хайрухуш онҳо расми шодравон Аҳмад Зоҳирро бо соядасти худ ба ман тақдим карданд. Ин хотира барои ман фаромӯшношуданист.

- Ташаккури зиёд, барои суҳбати самимӣ.

- Ман бо истифода аз фурсати муносиб кулли ҷанговарони башардӯстро ба ин рӯз табрик намуда, ба онҳо саломатию хушрӯзӣ орзу менамоям.

Суҳбаторо

Маҳмудҷони Абдулаҳад,

рӯзноманигор


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мақоми афғон: "Беҳтар аст Эрон ба ҷои Толибон, садои мухолифони худро бишн ...

Хабарҳо

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ

Оқи миллатшуда

Хабарҳо
Аз ҷавонӣ то ба пирӣ дар хизмати ватан

Аз ҷавонӣ то ба пирӣ дар хизмати ватан

Чеҳранигорӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ