Дар як сатр

ИФТИХОРИ МОДАР

21-02-2020, 21:49

 

Тавре, ки қаблан хабардода будем,  раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ба аёдати холаи Савринисо Мирҳайдарова, модари ҷавонмарди ғаюр, родмарди ватандӯст зиндаёд Рустами Холалӣ (Амакиев) омад. Дар рафти суҳбат волидайни Рустами Холалӣ бо як ҳисси ифтихор аз фарзанди тарбиятдидаашон, аз қаҳрамониҳои беназири муҳофизи содиқи ватан ёдовар шуданд. Холаи Савринисо Мирҳайдарова чунин иброз дошт: «Агар даҳ фарзанди дигар медоштам, онҳоро баҳри ҳифзи ватан, дӯст доштани хоки муқаддаси меҳан ба хизмати аскарӣ роҳнамун месохтам. Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «Имрӯз ватандӯстӣ бояд сифати ҷудоинопазир ва эҳсоси қалбии ҳар як хизматчии ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон бошад. Яъне, мо Ватани маҳбубамонро на бо сухан, балки бо қалби худ дӯст дорем».

Рустами Холалӣ зодаи ноҳияи Восеъ аст. Ӯ 20 октябри соли 1974 дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Пас аз гирифтани  маълумоти миёна, омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №16-ро соли 1990 хатм намудааст. Сипас, ҳуҷҷатҳояшро ба коллеҷи ҳарбии шаҳри Душанбе месупорад ва баъд аз ду моҳ дар асоси роҳхат таҳсилро дар коллеҷи ҳарбии шаҳри Рязани Федератсияи Россия идома медиҳад. Рустами Холалӣ чун мутахассиси низомӣ фаъолияти хешро ба ҳайси командири яке  аз қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мебахшад. Соли 2006 бошад, Академияи ҳарбии Федератсияи Россияро хатм менамояд. Ӯ дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошта, донишу малакаашро сайқал медод. Моҳи июни соли 2015 командири гурӯҳи "Алфа”-и Кумитаи давлатии  амнияти  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда,  то лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ содиқона дар ин вазифа кор кардааст. Ёдовар мешавем, ки дар ҳаводиси хиёнату амалиёти террористӣ, ки аз ҷониби хоини ватану миллат - Ҳалим Назарзода рух дода буд, ба шаҳодат расид.

Хизматҳои содиқонаи Рустами Холалиро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиа бо ифтихорнома, медал, орденҳои "Ҷасорат”, "Спитамен” қадрдонӣ намуданд.  Баъди вафоташ бо рутбаи ҳарбии генерал-майор сарфароз гардидааст. Номи неку корнамоии ин родмарди ватан пайваста қадр мегардад. Соли 2016 литсейи касбӣ-техникии шаҳраки "Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъро ба номи ин ҷавонмарди ҷонфидои ватан гузоштанд.

Дар ҳақиқат, халқу ватан ҷоннисориҳои фарзандонашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Ба ин хотир раиси вилоят ба масъулини ноҳияи Восеъ барои бунёди хона - музейи Рустами Холалӣ дар ҳавлии зисташон дастуру супоришҳо дода, таъкид намуданд, ки роҳи паймудаи ин ҷавонмарди асил барои насли имрӯзу фардои кишвар намунаи ибрату  омӯзиш ба шумор меравад ва онро ҳамеша қадрдонӣ бояд кард.

Модари Рустами Холалӣ дар рафти суҳбат бо раиси вилоят бо ифтихор чунин иброз доштанд: "Ифтихор аз он дорем, ки имрӯз 4 писару набераҳоямон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати низомиро ба ҷо оварда, қарзи муқадаси хешро адо менамоянд ва номи Рустами қаҳрамони маро зинда нигоҳ медоранд”.

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

РАИСИ ВИЛОЯТ БА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНУ МАЪЮБОН БА НОҲИЯИ ВОСЕЪ ОМАД

РАИСИ ВИЛОЯТ БА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНУ МАЪЮБОН БА НОҲИЯИ ВОСЕЪ ОМАД

Ҳокимияти давлатӣ
ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОМОДААНД

ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОМОДААНД

Ҳуқуқу амният

Ободонӣ мароми мардум аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
Восеъ. Литсей номи Амакиевро гирифт

Восеъ. Литсей номи Амакиевро гирифт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Нишони ҷавонмардӣ

Нишони ҷавонмардӣ

Ҷавонон ва варзиш