Дар як сатр
» » ХИЗМАТ БА ВАТАН ҶАВОНМАРДИЮ ДАЛЕРИСТ

ХИЗМАТ БА ВАТАН ҶАВОНМАРДИЮ ДАЛЕРИСТ

21-02-2020, 21:45

 

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,

Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам.

Ватанро бинозам, маро дар канор,

Чу модар гирифту намуд бахтиёр.

Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем.

Ватан ҳар чӣ гӯяд адо мекунем.

Ҳабиб Юсуфӣ          

Ҳимояи марзу бум, хоки аҷдодӣ, нангу номус ва ҳуввияти миллӣ барои ҷавонмардон қарзи шаҳрвандӣ асту ҳам шараф. Ҳар ҷавонмарде, ки худро соҳиби ин марзу бум ва вориси миллати соҳиб тамаддун медонад, дар ҳифзи он масъул аст. Меҳри ватан дар дили инсон бо шири модар месабзад. Он ҷое, ки хуни нофаш рехтааст ва он ҷое, ки даврони тифлият ва наврасии шахс сипарӣ шудааст, он ҷо барои инсон ватан аст.  Ватан бо тамоми ҳастияш зебост ва он барои инсон ба ишқ мубаддал мегардад. Мо ватани хешро бидуни ҳар шарту шароит дӯст медорем ва онро фақат барои он ки ватан ҳаст дӯст медорем.  Он хок бароямон муқаддас аст ва онро мо чун гавҳараки чашм нигоҳ медорем ҳамон тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: «Мо Ватанамонро бо қалб, бо тамоми ҳастиамон дӯст медорем ва онро ободу зебо мегардонем». Ишқ асоси тамоми ҳастӣ ва инкишофи шахсу ҷомеа мебошад. Инсони ошиқ қодир ба ҳама гуна  ҷавонмардист ва ӯ омодааст ҷони худро барои озодию ободии ватанаш нисор кунад. Инро мо дар таърихи начандон тӯлонии замони истиқлолият борҳо дучор омадаем.

Ҷавонони тоҷик дар солҳои 90-уми қарни гузашта, дар атрофи фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, тавонистанд пеши роҳи хунрезиро бигиранд ва бештар аз як миллион оворагони  тоҷикро аз кишварҳои мухталиф  ба ватан баргардонанд. Ҷоннисорӣ, сарсупурдагӣ, шуҷоату далерии ҷавонони тоҷик дар пайгирӣ аз ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо тавонистем дар як муддати хеле кӯтоҳ пеши роҳи ҷангу хунрезиро бигирем ва дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил  шавем.

Яке аз ин комёбиҳои замони  соҳибистиқлолӣ таъсиси Артиши миллӣ мебошад. Артиши миллӣ замоне таъсис ёфт, ки Тоҷикистони азизи мо ба таназзули амният ва коҳиши иқтисоди миллӣ рӯ ба рӯ буд. Аммо сарфи назар аз тамоми мушкилоти мавҷуда, зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неруҳҳои мусаллаҳи кишвар устувор гардад, ки он дар навбати хеш дар сахттарин рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ нақши худро иҷро намояд ва нагузорад, ки кишвари азизамон- Тоҷикистон пароканда шавад. Ин қувваи бузург ҳамчун такягоҳи боэътимоди амнияти мардуму сарзамини азизамон маҳсуб ёфта, дар муддати начандон тӯлонӣ мардумро аз парокандагӣ ва давлатро аз вартаи нестшавӣ нигоҳ дорад. Имрӯзҳо ҷавонон озодона ва бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва самимияти беандоза хидмати Модар-Ватанро адо карда истодаанд. Самараи хидматҳои бедареғ ва талошҳои онҳост, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ устувору побарҷост. Миллат фарзандони далеру шуҷои худро, ки барои музаффариятҳои истиқлолият ҷонбохтаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Номи онҳо дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд. Таърих гувоҳ аст, ки ҷавонон аз замонҳои қадим барои ҳифзу нигоҳдошти марзу буми мамлакат талош мекунанд ва дар ин росто Ҳаким Фирдавсӣ басо хуб гуфтааст:

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,

Ҷавонони шоистаи корзор,

Зи баҳри бару буми фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Ин маъниро ба ҷавонони имрӯза низ нисбат додан мумкин аст. Имрӯз ҷавонони бо нангу номус дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ  барои ҳифзи марзу буми кишвар аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо камари ҳиммат баста, дар ҳолати омодабош қарор доранд. Ба он талош мекунанд, ки сулҳу субот дар мамлакат побарҷо бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса доранд ва онҳоро неруи созандаву ояндасози давлат унвон додаанд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид гардидааст: "Саҳми ҷавонон, дар ҳифзи модар-Ватан  шоисати таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд”.

Воқеан, хизмати содиқонаи ҷавонон дар сафи Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ ниҳоят ба он шуд, ки имрӯз сарзамини мо ба феҳристи даҳгонаи давлатҳои  амнтарини ҷаҳон шомил гардид. Ин амал нуфузу эътибори давлати моро дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб баланд бардоштааст.

Сулҳу субот, оромию осоиштагӣ барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳо замина гузошта, моро ба ояндаи нек умедвор мекунад. Миллате, ки ҷавонони далер, шуҷоъ, ҷасур ва боэътимод дорад ва ба расму оини аҷдоди худ арҷ мегузорад, ба дунболи илму фарҳанг мераванд ҳамеша ба аҳли башар аз сулҳу оштӣ ҳарф мезананд.

 

Салоҳиддин Тӯрахонов,

омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

Ҳокимияти давлатӣ

Марзбони Ватан

Хабарҳо
ХИЗМАТ БА ВАТАН - МОДАР ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ БА ВАТАН - МОДАР ШАРАФ АСТ

Ҳокимияти давлатӣ
«Ватан - Модар ба бозуи мардонаи шумо умед дорад»

«Ватан - Модар ба бозуи мардонаи шумо умед дорад»

Ҳокимияти давлатӣ
Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ