Дар як сатр
» » МАҚСАД - ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ АҲОЛӢ

МАҚСАД - ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ АҲОЛӢ

21-02-2020, 21:44

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату кумитаҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо муваззаф гардиданд, ки ҳар рӯзи шанбе қабули шаҳрвандонро ба роҳ монанд. Мақсад аз ин, арзу матлаби аҳолиро шунида, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта тадбир андешидан аст.

 Рӯзи 15 феврали соли ҷорӣ муовини аввали раиси вилоят Абдуалим Исмоилзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қабули шаҳрвандонро доир намуд. Зимни қабул роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Кӯшониён ширкат доштанд.

Сокинони шаҳру ноҳияҳо бештар атрофи масъалаҳои марбут ба таъмини қитъаи замини наздиҳавлигӣ, фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, мушкилоти баланд гардидани сатҳи обҳои зеризаминӣ, баҳсҳои миёни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ғайра арз намуданд.

Муовини аввали раиси вилоят А. Исмоилзода пас аз шунидани арзу матлаби шаҳрвандон ба соҳаҳои марбута, масъулини шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Мавсуф таъкид дошт, ки ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, мушкилоти аҳолӣ вазифаи асосии масъулин ба шумор меравад. «Аз ин рӯ, ҳалли саривақтии  арзу матлаби аҳолӣ  вазифаи мо-кормандони шаҳру навоҳӣ ва вилоят, масъулони соҳаҳои марбута ба шумор меравад”-афзуд А. Исмоилзода.

ВАХШОНА

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДАСТГИРИИ ШАХСОНИ ЭҲТИЁҶМАНД КОРИ САВОБ АСТ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Сипоси қадри инсон кори нек аст

Сипоси қадри инсон кори нек аст

Ҳокимияти давлатӣ
Ҳадаф - беҳбудӣ бахшидан ба рӯзгори мардум

Ҳадаф - беҳбудӣ бахшидан ба рӯзгори мардум

Ҳокимияти давлатӣ

Ба фасли сармо омода бошем

Хабарҳо
Раиси вилоят: «Ба арзу дархости мардум таваҷҷуҳи бештар мебояд»

Раиси вилоят: «Ба арзу дархости мардум таваҷҷуҳи бештар мебояд»

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА