Дар як сатр
» » РОҲИ ОҲАН. НАҚЛИЁТИ АРЗОНУ БОВАРИНОК

РОҲИ ОҲАН. НАҚЛИЁТИ АРЗОНУ БОВАРИНОК

14-02-2020, 21:11

Соли 2019 аз истгоҳҳои роҳи оҳани вилояти Хатлон тариқи минтақаи Хушодӣ-Термез 3604 тонна семент ва зерчӯб берун аз кишвар ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот ва 87 ҳазор тонна маҳсулоти гуногун ворид шуда, боркашонии маҳаллӣ 169 ҳазор тоннаро ташкил дода, ба 44 ҳазор нафар мусофир хизмат расонида шудааст.

КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар минтақаи Хатлон фаъолияти худро дар самти хизматрасонӣ ҷиҳати интиқолу воридоти борҳо масолеҳ ва мусофират дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ менамояд. Ҳамчун муассисаи нақлиёти давлатии комплексӣ барои кашонидани ҳама намуди борҳо ва мусофирон махсус гардонидашуда, дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва ғановати бемайлони буҷаи давлат ҳиссаи сазовор мегузорад. КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон”, дар минтақаи Хатлон соли сипаригардида як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуд, ки ба интиқоли саривақтии маҳсулоти кишоварзиву саноатии соли 2020-ум равона гардидааст.

Дар ин давра аз рӯи нақша қитъаҳои роҳи оҳан аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ҳамаи истгоҳҳои роҳи оҳани минтақа барои қабул ва интиқоли борҳо аз ҷумла, маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ омода мебошанд.

Бо мақсади таъмини манфиатнокии иқтисодӣ имтиёзҳои пешниҳод гардидаи роҳи оҳан мувофиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандсозии кишоварзону тоҷирони вилоят ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ тавассути роҳи оҳани минтақаи Хатлон - Амузанг, ҳамасола КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон” сабукиҳои имтиёзнок барои соҳибкорон ва интиқолдиҳандагонро пешниҳод мегардонад. Ҳамчунин, барои кашонидани семент аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Амузанг тавассути нимвагон 50%, вагони болопӯш 40% ва барои интиқоли пиёз ва маҳсулоти кишоварзии зудвайроншаванда аз ҳамаи истгоҳҳои вилоят 60% сабукиҳо пешниҳод шудааст. Дар ин баробар ҷиҳати ҷалби соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ барои ҳама намуди борҳои аз минтақаи Хатлон содиршаванда ва ҳам ба минтақаи Хатлон воридшаванда 40% сабукиҳо пешниҳод шудааст. Ҳамзамон, барои кашонидани хокаи клинкер аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Ҷ. Балхӣ 70% сабукӣ дода шудааст. Бояд қайд намуд, ки роҳи оҳани Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёд намудани содироту воридоти ҳама намуди борҳо аз минтақаи Хатлон ва ҳамчунин, ба минтақаи Хатлон бо роҳи оҳани дигар давлатҳо як қатор вохӯриҳои дуҷониба анҷом дода, дар натиҷа як қатор сабукиҳо пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла, барои интиқоли борҳои транзитие, ки тавассути қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузаранд, барои ҳама намуди бор дар вагонҳои инвентарӣ 40%, ва дар вагонҳои шахсӣ 35% сабукиҳо пешниҳод шудааст.

Хуб мешуд, ки шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ аз сабукиҳои додашудаи роҳи оҳани Тоҷикистон истифода менамуданд. Ба ин мақсад кишоварзону саноатчиёни шаҳру навоҳии вилоят аз истгоҳҳои Бохтар, Ёвон, Шаҳритуз, Ҷ. Балхӣ, Данғара ва Кулоб бе мушкилӣ ҷиҳати воридоту содироти маҳсулот метавонанд истифода баранд.

КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон минбаъд низ барои ҳавасмандсозии соҳибкорони ватанӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад. Пешвои миллат, Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ яке аз самтҳои асосиихизматрасониро дар ҳавасмандгардонии содирот таъкид доштанд. Бо мақсади пайравӣ аз ин дастур маъмурияти КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон имтиёзҳои зиёдеро ҷиҳати саривақт ва беосеб расидани бор то манзил роҳандозӣ намудааст.

Дилшод Шафиев,

ҷонишини сардори Хадамоти боркашонӣ дар минтақаи Хатлон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Имтиёзҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба соҳибкорон

Хабарҳо
Шиносоии Сарвазир аз рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Д ...

Шиносоии Сарвазир аз рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Д ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёво ...

Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёво ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Соли 2016 қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон сохта мешавад

Соли 2016 қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон сохта мешавад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА