Дар як сатр
» » Таҷлили Рўзи милитсияи тоҷик дар Хатлон

Таҷлили Рўзи милитсияи тоҷик дар Хатлон

10-11-2017, 10:59

Таҷлили Рўзи милитсияи тоҷик дар Хатлон


Санаи 10-уми ноябр Иди касбии кормандони Вазорати корҳои дохилӣ - Рўзи милитсияи тоҷик қайд карда мешавад. Ба муносибати 98-умин солгарди таъсисёбии мақомоти корҳои дохила ва Рўзи милитсия дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қўрғонтеппа ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Кормандони милитсияро бо ин санаи фархунда нахуст Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, муборакбодӣ намуда, афзуд, ки ниҳоди мазкур яке аз сохторҳои бузургу бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, аз нахустин лаҳзаҳои ташкилёбӣ то имрўз ҳамчун неруи муҳофизи тартиботи ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳмгузор мебошад.

Таҷлили Рўзи милитсияи тоҷик дар Хатлон

- Мақомоти мазкур дар лаҳзаҳои сангини таърихи кишвар аз имтиҳоноти ҷиддӣ гузашта, барои таъмини амну суботи ҷомеа талош варзидааст, - зикр кард Д. Гулмаҳмадзода. - Аз ҷумла, дар давраи мубориза бар зидди босмачигарӣ, солҳои вазнини ҶБВ ва баъдан, барои ҳимояи оромию осудагии шаҳрвандон садҳо кормандони шуҷоу далери мақомоти корҳои дохила ҷонбозиҳо кардаанд. Бахусус, даврони истиқлолияти давлатии кишвар барои милитсияи тоҷик марҳилаи нави фаъолиятро боз намуд ва рисолати бузургро дар иҷрои вазифа бар дўши онҳо гузошт. Ҳаводиси охири дар кишвар рухдода, ки аз ҷониби чанде аз нотавонбинони хиёнаткори ватан хатари табаддулоти давлатиро ба миён овард, собит намуд, ки сохторҳои қудратии мамлакат имрўз ба неруи пуриқтидори муҳофизи якпорчагии ватан табдил ёфтаанд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ Искандар Солеҳзода, сардори РВКД дар вилояти Хатлон, сухан карда, кормандони милитсияи тоҷикро бо солгарди навбатии таъсисёбии мақомоти корҳои дохила муборакбод гуфт.

Таҷлили Рўзи милитсияи тоҷик дар Хатлон

- Кормандони РВКД дар вилояти Хатлон рисолати касбии хешро дар назди халқу ватан софдилона иҷро менамоянд, - афзуд И. Солеҳзода. - Имрўз бо дастгирию пуштибонии Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти корҳои дохила ба сохтори тавонои ҳифзи тартибот табдил ёфтааст ва барои кормандони он тамоми шароити зиндагӣ ва хизматӣ, аз қабили таъминот бо манзили истиқоматӣ, замини наздиҳавлигӣ, таҷҳизоти муосир, хизматрасонии тиббӣ ва таълиму фароғат муҳайё карда шудаанд. То имрўз садҳо нафар кормандони фаъоли милитсия бо мукофотҳои давлатӣ ва ҳавасмандиҳои хизматӣ сарфароз гардидаанд.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба кормандону собиқадорони мақомоти корҳои дохилаи вилоят ба муносибати Рўзи милитсияи тоҷик мукофотҳои пулӣ тақдим шуд. Чанд нафар милитсионерони фаъоли вилоят бо сипосномаи мақомоти иҷроия низ сарфароз гардиданд.

Дар охир, санъаткорони Раёсати фарҳанги вилоят бо суруду тарона хотири иштирокчиёнро шод гардониданд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи Госпитали шуъбаи тиббии РВКД дар вилояти Хатлон

Ифтитоҳи Госпитали шуъбаи тиббии РВКД дар вилояти Хатлон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳомиёни тартибот

Қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳомиёни тартибот

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА