Дар як сатр
» » ДӮСТӢ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ КОМИССАРИАТИ ҲАРБӢ

ДӮСТӢ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ КОМИССАРИАТИ ҲАРБӢ

14-02-2020, 20:50

Хизмат кардан ба ватан шарафи бузург, дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бо нангу номус мебошад.

Дар воқеъ, дар ҳар давру замон фарзандони содиқи ватан нигаҳбони марзу буми ватан, рӯзгори орому осудаи мардуманд. Боиси хушнудист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ иқтидори мудофиавии ватани азизамон боз ҳам рушд намуд.

Дар арафаи ҷашни Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар ноҳияи Дӯстӣ бинои хуштарҳу замонавии комиссариати ҳарбӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар тантанаи ифтитоҳи бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Дӯстӣ муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов, раиси ноҳия Нурмуҳаммад Саидзода,масъулини Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссариати ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ширкат доштанд. Лозим ба ёдоварист, ки бинои мазкур аз ҳисоби маблағгузории Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, шароити хуби корӣ барои кормандони комиссариати ноҳия фароҳам оварда шудааст. Ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту лавозимоти корӣ имкон медиҳад, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ фаъолияти хешро боз ҳам хубтар ба роҳ монанд.

Муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов зимни суханронӣ таъкид дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксар шаҳру ноҳияҳо биноҳои маъмурии хуштарҳу замонавӣ қомат афрохтанд, ки ҳам ба ҳусни маҳал ҳусн зам менамояду ҳам шароити кории кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ беҳтару хубтар мегардад.

ВАХШОНА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Н. Хусрав: иҷрои маъракаи даъват ба аскарӣ

Хабарҳо
3125 ҷавон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуд

3125 ҷавон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуд

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Даъвати ҳарбӣ 100% иҷро шуд

Даъвати ҳарбӣ 100% иҷро шуд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Хабарҳо
Хуросон. Ифтитоҳи бинои нави комиссариати ҳарбӣ

Хуросон. Ифтитоҳи бинои нави комиссариати ҳарбӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА