Дар як сатр
» » БА ИНТИХОБОТ ОМОДААНД

БА ИНТИХОБОТ ОМОДААНД

14-02-2020, 20:50

Якуми марти соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Ба ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои кишвар омодагӣ ба ин маъракаи сиёсӣ ҷараён дорад.

Дар комиссияи ҳавзавии ҳудудии якмандатаи интихоботии Кӯлоб №37 ба интихобот омодагии ҷиддӣ гирифтаанд.

Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 58 участкаҳои интихоботӣ ташкил карда шудааст. Дар ҳамаи участкаҳо раъйдиҳандагон ба қайд гирифта, маводҳои тарғиботӣ ва дастурҳо дастрасанд. Хонаи модару кӯдак, ҳуҷраи тиббӣ, ҳуҷраи махсус барои маъюбон ва дигар шароитҳо муҳайё гардидааст.

*****

Дар ноҳияи Муъминобод низ ба ин маъракаи сиёсӣ омодагӣ мегиранд. Дар кӯчаҳои марказӣ ва назди участкаҳои интихоботӣ шиору овезаҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба интихобот гузошта шудааст. Дар участкаҳои интихоботӣ ҳуҷҷатгузорӣ ба охир расида, навбатдорӣ ба роҳ монда шудааст.

*****

Дар ноҳияи Ховалинг бошад, вохӯрии интихобкунандагон бо номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар вохӯрӣ номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои тариқи худпешбарӣ ба интихобкунандагон оид ба барномаи пеш-азинтихоботии худ иттилоъ доданд. Интихобкунандагон ба номзадҳо суолҳо дода, посух гирифтанд. Дар ноҳияи Ховалинг барои дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани интихобот тадбирҷӯӣ карда, ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ омода гардидаанд.

*****

Дар ноҳияи Темурмалик чун дар дигар шаҳру ноҳияҳо участкаҳои интихоботӣ ташкил карда, корҳои тарғиботӣ дар байни интихобкунандагон идома дорад.

Дар участкаи интихоботии Лолазор №23 рӯйхати раъйдиҳандагон тартиб дода шуда, аъзоёни комиссияи интихоботии ин участка тамоми шароитҳоро муҳайё гардонидаанд. Дар ин участкаи интихоботӣ сокинони се деҳа ба тарафдории номзадҳои худ овоз хоҳанд дод.

Аъзои комиссияи участкаи интихоботии №1 шиору овезаҳои тарғиботиро оид ба баргузории интихобот дар кӯчаю маҳаллаҳо ва назди участка овезон кардаанд. Омодагӣ ба интихобот дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Дар участка гӯшаи иттилоотӣ, рӯйхати раъйдиҳандагон овезон буда, хонаи модару кӯдак ва ҳуҷраи тиббӣ фаъол мебошад.

Сокинони ноҳияи Темурмалик аз рӯзи баргузории интихобот огаҳӣ доранд ва иштирок дар ин маъракаи сиёсиро қарзи шаҳрвандии худ медонанд.

С. Ширинҷон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЧИЛ ДАРСАДИ НОМЗАДҲО БА МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ БОНУВОНАНД

Ҳаёти иҷтимоӣ
ВАХШ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ

ВАХШ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ

ИНТИХОБОТРО ДАР САТҲИ БАЛАНДИ СИЁСИВУ ТАШКИЛӢ МЕГУЗАРОНЕМ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Кӯлоб. 1565 нафар бори аввал овоз медиҳанд

Кӯлоб. 1565 нафар бори аввал овоз медиҳанд

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Семинарҳои омӯзишӣ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа ва Вахш

Семинарҳои омӯзишӣ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа ва Вахш

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА